Мутобиқи қарорҳои Шӯрои олимон, Раёсати донишгоҳ ва дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ силсила семинарҳои амалӣ омӯзиширо барои иштирок дар барномаҳои гуногуни гранти таҳсилоти оғоз намуд. Семинари аввалин санаи 7 сентябри соли 2018 дар факултети забонҳои хориҷӣ барои донишҷӯёни курси 4-ум ба хотири идомаи таҳсил дар магистратураи донишгоҳҳои хориҷӣ баргузор гардид. Дар он грантҳои таҳсилотии донишгоҳҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ мисли: Идрори Сhtvning барои таҳсилот дар магистратура ва аспирантураи донишгоҳҳои Британияи Кабир, барномаи идрории Донишгоҳи Сурихи Шветсария, Идрори Билл ва Мелинда Гейтс барои таҳсил дар магистратураи донишгоҳи Кембридж баррасӣ гардид.
Инчунин лоиҳаи гранти ташкилоти байналмилалии ЮНЕСКО барои тадқиқотчиёни ҷавон бахшида ба омӯзишу тадқиқӣ масъалаҳои муколамаи байнифарҳангӣ, информатика ва технологияи информасионӣ, пешгирии низоҳои эҳтимолӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳими замон барои омӯзгорони ҷавон, пешниҳод карда шуд.
Дар ин семинар зиёда аз 50 нафар данишҷӯён ва омӯзгорон иштирок намуда, дар муҳокимаҳо фаъолнокии худро зоҳир намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил