Бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти донишгоҳ баҳри ҳарчи бештар ҷалб намуданӣ омўзгорони соҳибунвон ва донишҷўёни лаёқатманд дар барномаҳои байналмилалӣ ва дар роҳандози намуданӣ лоиҳаҳои илмӣ, мавзўҳои буҷавӣ ва грантҳои дохиливу байналмилаӣ дар назди шуъба «Курсҳои омўзиши забонҳои хориҷӣ- англисӣ» ташкил намудааст ва тайи 2 сол аст, ки омўзгорону донишҷўён дар ин курсҳо ширкат варзида, соҳиби дониш ва шаҳодатномаҳо гардидаанд.
Дарсҳоро омўзгорони пуртаҷрибаи факултети забонҳои хориҷӣ бо методҳои нави таълимӣ дар ҳаҷми 50 соат мегузаронанд. Дар соли хониши 2018-2019 низ бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ин иқдоми наҷиб идома меёбад.
Аз ин лиҳоз, ба иттилои Шумо мерасонем, ки давраи навбатии омўзиши забони англисӣ аз санаи 15-уми моҳи октябри соли ҷорӣ оғоз мегардад. Хоҳишмандон метавонад ба садорати факултет муроҷиат карда, пешниҳоди иштирочиёнро ба шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ то 5-уми октябри соли ҷорӣ пешниҳод намоянд.
Курси мазкур ҳам барои идомаи зинаҳои минбаъдаи омўзишии забони англисӣ ва ҳам барои хоҳишмандон аз зинаи ибтидоӣ пешбини шудааст.
Барои маълумоти бештар метавонед ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ утоқи 217 ё тавассуи телефони +992928314267 муорҷиат намоед.
Ҷамшед ИСТАМҚУЛОВ
сарнозири шуъбаи робитаҳои байналмилалии МДТ«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафруов»