ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ШӮЪБАИ АСПИРАНТУРА ВА ДОКТОРАНТУРА

Шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров дар асоси қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 1993, № 2 - 12 таъсис дода шудааст. Шуъбаи аспирантура аз моҳи августи соли 1993 то имрӯз фаъолият дошта, барои тарбияи кадрҳои илмӣ ва мутахассисони соҳибунвон мусоидат менамояд. Мудирони шуъба аз оғоз то с. 2011 Г.М. Каримова, Ф. Ғаниев, Ф. Очилова ва М.Т. Каримова буданд. Аз моҳи апрели соли 2011 ин вазифаро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Г.С. Махкамова дар ӯҳда дорад.

Аспирантураи донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои математика, физика, химия, таърих, география, филология, педагогика ва иқтисодиёт кадрҳои педагогиро тайёр мекунад. Соли аввал, яъне с.1993 15 нафар аспирантон аз рӯи 8 ихтисос ва аз оғоз то солҳои 2014 525 нафар ба аспирантура қабул карда шуданд. Вобаста ба такмили барномаи таълим ва бо назардошти эҳтиёҷи кафедраҳо дар аспирантура ихтисосҳои нав матраҳ гардид. Ҳоло аз рӯи 27 ихтисос дар шуъбаи аспирантура кадрҳои илмии ҷавони соҳибунвон тайёр карда мешаванд. Ба корҳои илмии аспирантон докторони илм, профессорон роҳбарӣ мекунанд. Зиёда аз 50 нафар докторону номзадони илми донишгоҳ роҳбарони илмии аспирантон ва унвонҷӯён мебошанд. Шуъбаи аспирантура бо мақсади ба аспирантура қабул намудани кадрҳои болаёқат аз вазифаи муҳаққиқ-коромӯз истифода мекунад. Аспирантоне, ки нақшаи инфиродиро дар вақташ иҷро мекунанд ва ба дастовардҳои назаррас ноил мешаванд, соҳиби идрорҳои номии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд мешаванд. То соли 2014 12 нафар аспирантон ба гирифтани стипендияи Президентӣ ва 46 нафар ба стипендияи номии Раиси вилояти Суғд мушарраф гаштаанд.

Тибқи фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳ аз 13 июни соли 2008 докторантура аз рӯи се номгӯи ихтисос 10.01.03 - Адабиёти халқҳои кишварҳои хориҷӣ (адабиёти тоҷик), 10.02.22- Забонҳои давлатҳои хориҷаи Аврупо, Осиё, Африқо ва мардуми бумии Амрико ва Австралия (забони тоҷикӣ) ва 07.00.02 -Таърихи Ватан таъсис ёфтааст.

Мувофиқи солҳо теъдоди ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ба таври зайл аст:

1993 - 2 рисолаи докторӣ, 10 номзадӣ
1994 - 1 рисолаи докторӣ, 10 номзадӣ
1995 - 1 рисолаи докторӣ, 5 номзадӣ
1996 - 3 рисолаи докторӣ,12 номзадӣ,
1997 - 17 рисолаи номзадӣ
1998 - 1 рисолаи докторӣ, 7 номзадӣ
1999 - 2 рисолаи докторӣ, 10 номзадӣ
2000 - 1 рисолаи докторӣ, 16 номзадӣ
2001 - 3 рисолаи номзадӣ
2002 - 3 рисолаи докторӣ, 24 номзадӣ
2003 - 4 рисолаи докторӣ, 4 номзадӣ
2004 - 4 рисолаи докторӣ, 25 номзадӣ
2005 - 2 рисолаи докторӣ, 5 номзадӣ
2006 - 4 рисолаи докторӣ, 26 номзадӣ
2007 - 4 рисолаи докторӣ, 20 номзадӣ
2008 – 7 рисолаи номзадӣ
2009 - 1 рисолаи докторӣ, 17 номзадӣ
2010 – 2 рисолаи докторӣ, 16 номзадӣ
2011- 1 рисолаи докторӣ, 22 номзадӣ
2012 – 2 рисолаи докторӣ, 27 рисолаи номзадӣ
2013 – 2 рисолаи докторӣ, 22 рисолаи номзадӣ


Шуъбаи аспирантура бо Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, пажӯҳишгоҳҳои АУ ҶТ, Пажӯҳишгоҳи химияи ба номи В.И. Никитини ш.Душанбе, Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Вазорати иқтисод ва савдои ҶТ, Донишгоҳи давлатии ҷустуҷӯи геологии ба номи Серго Орҷоникидзеи Маскав, Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии АУ ФР, Донишгоҳи давлатии иқтисодии ш.Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Новосибирск, Донишгоҳи технологии Стокголми Шветсия, Донишгоҳи муттаҳидаи тадқиқоти ядроии ш. Дубнаи ФР ва бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкорӣ дорад.

Фаъолияти докторантура ва аспирантура

Аспирантура ва докторантура яке аз шаклҳои асосии тайёр намудани мутахассисони илмӣ ва илмию педагогӣ ба шумор рафта, василаи асосии афзоиши сафи мутахассисон аст, зеро қисми бештари олимон маҳз дар ин ҷо ба камол мерасанд.

Таҳсил дар докторантура рӯзона буда, муҳлати он 3 сол муқаррар карда шудааст.

Ба докторантура шаҳрвандони зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд:

  • дараҷаи илмии номзади илм дошта, ки синнашон аз 45-сола боло набошад;
  • ба комёбиҳои илмӣ соҳиб бошанд;
  • қобилияти баланди гузаронидани тадқиқоти бунёдӣ, ҷустуҷӯ кардан ва амалигардонии натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотиро дошта бошанд.

Алҳол дар докторантураи донишгоҳ 5 нафар докторантон аз рӯи ихтисоси 10.01.03- Адабиёти халқҳои кишварҳои хориҷӣ фаъолият доранд:

  1. Дадобоев Қобилҷон
  2. Мавлонова Мутриба
  3. Мирзоев Садриддин
  4. Раҷабова Марҳабо
  5. Мирсаидов Баҳром

Санаи 31 декабри соли 2013 муҳлати фаъолияти 2 нафар докторантони донишгоҳ дотсентон Бобоев Юсуф аз рӯи ихтисоси 07.00.02 – Таърихи Ватан ва Муродӣ Низомиддин аз рӯи ихтисоси 10.01.03 - Адабиёти халқҳои кишварҳои хориҷӣ (адабиёти тоҷик) ба охир расид.

Аспирантура дар шакли берун аз истеҳсолот ба тарзи таҳсили рӯзона 3 сол ва дар пайвастагӣ бо истеҳсолот ба тарзи таҳсили ғоибона 4 солро дарбар мегирад. Ба аспирантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касби таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар асоси озмун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маълумоти олии пурра (мутахассис) ё магистратураро бо баҳои хубу аъло хатм намудаанд, қабул карда мешаванд.

Ба аспирантураи аз истеҳсолот ҷудо шахсони синнашон на бештар аз 35 -сола ва ба аспирантураи бо истеҳсолот якҷоя шахсони синнашон на бештар аз 45-сола аз ҳисоби хатмкунандагони мактабҳои олӣ ва дорои қобилияти илмиву эҷодӣ қабул карда мешаванд. Мутахассисони ҷавон баробари хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бо дипломи аъло ва пешниҳоди шӯроҳои илмӣ дар имтиҳони озмунӣ иштирок карда метавонанд.

Хатмкардаҳои мактабҳои олии ғоибона, ки таҷрибаи кории 2 соларо аз рӯи ихтисос доранд, баъди хатми мактабҳои олӣ бо тавсияи шӯроҳои илмии мактабҳои олӣ қабул карда мешаванд.

Шаҳрвандони давлатҳои хориҷа ба аспирантура дар асоси шартнома қабул карда мешаванд.

Дар шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 86 нафар аспирантон, аз ҷумла 56 нафар дар бахши рӯзона ва 30 нафар дар бахши ғоибона таҳсил доранд. Аз ин теъдод 10 нафар аспирантон аз рӯи ихтисосҳои дақиқ (Бекназаров Ҷӯрабек 01.01.01 – Таҳлили математикӣ, Бобоев Элмурод 01.01.02 – Муодилаҳои дифференсиалӣ, Абдураҳмонов Зафар, Ҳамидов Камил, 01.04.07- Физикаи моддаҳои конденсатсияшуда, Суюнқулов Ҳикматулло, Деҳқонова Мавзуна, 03.00.05 – Ботаника, Тоҷибоева Дилбар, Шарипов Абдуаҳад 03.00.08 – Зоология, Масаидова Мадина, 03.00.12- Физиологияи растаниҳо, Хоҷаева Азиза 11.00.02 – Географияи иқтисодӣ) ва 76 нафар аз рӯи ихтисосҳои гуманитарӣ тадқиқоти илмӣ мебаранд.

Тибқи фармони Ректори Донишгоҳ (Ф № 394 аз 05.12.2013) соли 2014 23 нафар довталабон аз ҷумла 17 нафар ба шуъбаи рӯзона ва 6 нафар ба шуъбаи ғоибона дохил шуданд.

Ҷомеаи олимону устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров барои дар сатҳи баланд ба анҷом расонидани пажӯҳишҳои илмӣ аз тамоми имконият ва сарчашмаҳо истифода мебаранд. Дар ҳамаи кафедраҳои донишгоҳ тарбияи кадрҳои унвондор ба яке аз масъалаҳои муҳим табдил ёфтааст. Ҳамаи аъзои кафедраҳо пайваста ба корҳои илмиву тадқиқотӣ машғуланд.


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар