ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ШӮЪБАИ ТАРБИЯ

Шӯъбаи тарбия сохтори таркибии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров буда, дар асоси Оинномаи Донишгоҳ ва Низомномаи шӯъбаи тарбия амал намуда, дар тамоми масъалаҳое, ки ба тарбия алоқамандӣ дорад, дар фаъолияти худ ба роҳбарӣ гирифта, сохтори асосии танзимкунандаи муносибатҳо дар ин самт ба ҳисоб меравад.

Шӯъбаи тарбия аз 4 воҳиди корӣ: 1 мудири шӯъба (номзади илмҳои психологӣ, дотсент Мингбоев А.Ю.), 2 мутахассиси пешбар (номзади илмҳои фалсафа, дотсент Ӯлмасов М., номзади илмҳои филологӣ, дотсент Умаралиева Ӯ.) ва 1 мутахассис (Оқилова М.Р.) иборат аст.

Кормандони шӯъба барои дар амал татбиқ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оинномаи Донишгоҳи давлатии Хучанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров», қарорҳои Шӯрои олимон, фармонҳои ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров ва супоришҳои раёсати Донишгоҳ вазифадоранд.

Бо мақсади ҷашн гирифтани санаҳои таърихӣ ва ҷалб намудани ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳ ба чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва варзишӣ нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, иҷрои онро дар тамоми зерсохторҳои қисми тарбияи Донишгоҳ зери назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида, дар дарсҳои тарбиявии гурӯҳҳои академикӣ омӯзиши пайвастаи онро ба роҳ монда, ҷараёни баргузории дарсҳои тарбиявиро мувофиқи нақшаи тасдиқшуда назорат мебарад.

Солҳои охир дар мактабҳои олии касбии мамлакат баробари корҳои таълимиву илмӣ ба ҷараёни корҳои тарбиявӣ низ диққат ва аҳамияти бештар дода мешаванд.

Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш мавқеъ ва мароми аҳли зиёро дар созандагиву бунёдкорӣ ва ташаббускории аҳли ҷомеа таҳлил намуда, таъкид карданд, ки дар донишгоҳу донишкадаҳо диққати ҷиддӣ ба ғайр аз тадрису таълим, ба корҳои тарбиявӣ низ равона карда шавад. Аз ин рӯ, Раёсати донишгоҳ ва шӯъбаи тарбия сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар фаъолияти гуногунҷабҳаи худ дастуру супориш ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, Қарорҳои Шӯрои олимонро сармашқи кори худ қарор дода, дар амалӣ гардонидани онҳо тамоми кӯшиш ва қувваю ғайрати худро равона намуда, дар пиёдагардидани сиёсати давлатро дар соҳаи маориф, оид ба болоравии сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ фаъолияти худро равона намудааст.

Қонуни ҳамешасабз

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ борҳо таъкит менамоянд, ки дар тарбияи инсон пеш аз ҳама ва беш аз ҳама оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон асосан дар оила ибтидо мегирад. Бо дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургеро, ки вобаста ба тарбияи фарзандон ба дӯши онҳо меафтад, пурра эҳсос кунанд.

Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» барои тарбияи инсон, ба хотири сармояи зеҳнии фарзандонро тақвият бахшидан ва рушди захираҳои зеҳнии инсон кӯмаки саривақтӣ мерасонад, зеро сармояи зеҳнӣ ҳамчун махзани истифодаи мақсадноки захираҳои инсонӣ, пеш аз ҳама тавассути тарбия дар оила, ба воситаи таҳсил ба даст овардани маълумоти муосир ба вуқӯъ мепайвандад ва ба пешрафти ҷомеа таъсири мусбат мерасонад.

Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ниҳоят сари вақтӣ буда, он ба манфиати ҷамъият, оила наврасон ва ҷавонон нигаронида шудааст, дар он ба таври возеҳ ҳуқуқ, ӯҳдадориҳои падару модарон, ӯҳдадориҳои мақомоти давлатӣ, чораҳои пешгирӣ ва ҷавобгарӣ барои иҷро накардани ӯҳдадориҳо дар таълиму тарбияи фарзандро нишон дода шудааст.

Ҳамасола дар кафедра ва факултетҳои донишгоҳ дар партави омӯзиш ва тарғиби паҳлӯҳои гуногуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ, фарҳангию фароғатӣ, аз қабили сӯҳбат, лексия, семинарҳои омӯзишӣ доир мегарданд, ки тавассути онҳо мӯҳтавои унсурҳои таркибии қонун ба маълумоти донишҷӯён расонида мешавад. Ҳамчунин дар ҷаласаи кафедраҳо ва Шӯроҳои олимони факултетҳо ва донишгоҳ нишондодҳои қонун ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо амалӣ гардонидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пайваста мавриди омӯзиш ва баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Корҳои тарбиявӣ тавассути маҳфилҳо

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров чун кӯҳантарин ва соҳибтаҷрибатарин мактабҳои олии мамлакат буда, дорои анъана ва суннатҳои хоси худ мебошад. Яке аз чунин падидаҳои нодир дар ҳаёти Донишгоҳи мо, ҷалби собиқадорон ва насли калонсоли Донишгоҳ ба тарбияи ҷавонон ба шумор меравад, ки бештар ин амал маҳз ба хотири пиёда намудани сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ, маърифатӣ, гуманистӣ, меҳнатӣ, сиёсӣ, ҳуқуқиву ҷисмонии ҷавонон роҳандозӣ карда мешавад. Натиҷаи ҳамин раванди таъсиргузор ба фазои маънавии Донишгоҳ буд, ки ҳанӯз солҳои сипаригашта дар Донишгоҳ маҳфили тарбиявию ахлоқии «Чароғи ҳидоят» таъсис ёфт буд. Аз сентябри соли 2012 бо ғанимат шуморидани ҳузури чунин устодони маърифатпарвар ва сӯҳбатҳои дилнавози пирони хиради Донишгоҳ маҳфили ахлоқии «Чароғи хидоят»-ро аз нав эҳё карда шуда буд ва барои бештару пештар файз гирифтани на танҳо донишҷӯён, балки тамоми ҷавонони Донишгоҳ аз ин фурсатҳои муносиб босамар истифода бурда истодаанд.

Яке аз ҳадафҳои асосии маҳфили мазкур дар раванди фаъолияти худ ташвиқу тарғиб ва амалан татбиқ намудани сиёсати бунёдкоронаи Президенти мамлакат ва қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати маориф мебошад. Аз ин рӯ, дар амалигардонидани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳфили маърифатию тарбиявии «Чароғи ҳидоят»-и Донишгоҳ нақш ва мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Маҳфили номбурда дар ҷамъомадҳои худ бахшида ба татбиқи амалии фармонҳо ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар вохӯриҳои соли ҷорӣ бо табақаҳои мухталифи ҷомеа, иҷрои Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Консепсияи миллии тарбия ва масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд, дар мавзӯъҳои «Одоб ва ҳусни муошират», «Ҳикмати зебоии инсон», «Одоби муошират: табиат –оила - фарзанд», «Тарбияи маърифати ёдгориҳои таърихӣ, осорхонаҳо ва тарзи ҳаёти солим», «Ҷавонон-нерӯи ояндасози миллат ва давлати Тоҷикистон» «Ҷавонон ва рушди илму маориф дар даврони Истиқлолият» ва ғайраҳо сӯҳбатҳои муфид аз ҷониби аъзоёни фаъоли маҳфили «Чароғи ҳидоят», профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик Ғаффоров У.Ғ. профессори кафедраи физикаи назариявӣ ва методикаи таълими физика Саидов Ҳ.Р. ва Латипов Ҷ.Л., профессори кафедраи таърихи умумӣ Ахмедов Ш.А., профессори кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ Азимова М.Н., дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ Зоҳидов А., профессори кафедраи забони тоҷикӣ Абдуқодиров А., профессори кафедраи археология ва этнографияи халқи тоҷик Марофиев С., дотсенти кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ Каримова М.А., раиси бонувони Донишгоҳ дотсент Раҷабова З.Р. ва дигарон гузаронида шуданд.

Саодати зиндагӣ

Шӯрои занону духтарони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дар асоси «Низомномаи шӯрои занону духтарони Донишгоҳ, ки дар Шӯрои олимони Донишгоҳ аз санаи 08.11.2012, қарори №3 тасдиқ гардидааст, фаъолият дорад. Имрӯз дар Донишгоҳ 7808 нафар духтарон таҳсил мекунанд, ки аз ин миқдор 4225 нафарашон дар шӯъбаи ғоибона таҳсил доранд. Шӯро, дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии «Мақоми зан дар ҷомеа», «Барномаи тарбия, интихоб ва ҷобоҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010, №269 «Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», қарори раисони ш.Хуҷанд ва вилояти Суғд «Оиди баланд бардоштани мақом ва нақши зан», қарорҳои мушовараҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия карда, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Дар раванди кори Шӯрои занон ва духтарон ба тарбияи худогоҳии миллӣ, тарбияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, меҳнатӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва тарбияи ҳаёти солим эътибори хоса дода мешавад. Дар ин замина дар Донишгоҳ ба эҳтироми муқаддасоти миллӣ, риояи одобу ахлоқи ҳамида, рафтору кирдори духтарон ва занон эътибори хоса дода шуда истодааст.

Барои донишҷӯёни тибқи Квотаи Президентӣ таҳсилкунанда дар хобгоҳҳои №2 ва №3 инчунин маҳфилҳои «Кашидадӯзӣ», «Кешбофӣ», «Мӯҳрадӯзӣ» ташкил карда шудааст.

Дар Донишгоҳ бо ташаббуси шӯрои занону духтарон ва дастгирии ректори Донишгоҳ Усмонов Ғ.Ҳ. маҳфили «Фарҳанги оиладорӣ» ташкил ва фаъолият карда истодааст.

Тарбияи ҷавонон тавассути дастурҳои ёрирасони тарбиявӣ

Дар соли 2013 барои кураторони гурӯҳҳои академикӣ ва тамоми масъулони самти корҳои тарбиявӣ оид ба иҷрои банди 2.7. Қарори ҷаласаи назоратии назди Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.06.2012 таҳти №42/1-1 «Оид ба вазъи амалишавии Консепсияи миллии тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» маводҳо ба андозаи беш аз 50 ҷузъи чопӣ бо теъдоди 2 китоб, 5 раҳнамои тарбият таҳия ва дар шакли электрониву чопӣ ба факултетҳо дастрас гардонида шудаанд:

  1. Консепсияи миллии тарбия- қутбнамои ҷавонони имрӯза. -2013с. 171 саҳ.
  2. Дар роҳи тарбияи насли солим -2013с. 175 саҳ.
  3. Меҳвари худшиносӣ. (Раҳнамои тарбият №1).- 2012с. 52 саҳ.
  4. Ҷашнҳои фархундаи миллат (Раҳнамои тарбият №2).-2012с. 52 саҳ.
  5. Созандагию бунёдкорӣ вазифаи муқаддас (Раҳнамои тарбият №3).-2013с. 52 саҳ.
  6. Тарбия аз рӯзи таваллуди фарзанд сар мешавад (Раҳнамои тарбият №4).- 2013с. 60 саҳ.
  7. Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамои зиндагии мост. (Раҳнамои тарбият №5) - 2013с. 47 саҳ.

Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар