ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



БАХШИ ТАҲИЯ ВА ТАТБИҚИ БАРНОМАҲО

Шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо масъалаҳои ба роҳ мондан ва густариш додани шаклҳои гуногуни ҳамкории Донишгоҳ бо марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои олии  кишварҳои мухталифи ҷаҳон, сафоратхонаҳо ва  муассисаҳои байналмилалӣ, ҳамчунин мусоидат намудан барои таҳсил ва бақайдгирии донишҷӯёне, ки аз хориҷаи дуру наздик дар Донишгоҳ таҳсил менамоянд, машғул аст. Дар Донишгоҳ аз ҷумҳуриҳои ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳурии Кореяи ҷанубӣ, Афғонистон, Туркия донишҷӯёну магистрон ва унвонҷӯён таҳсил менамоянд.
      Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Fафуров бо  донишгоҳҳои хориҷи дуру наздик шартнома бастааст, аз ҷумла бо Донишгоҳи аграрии Пекин (Хитой), Донишгоҳи педагогии Синтзян (Хитой), Донишгоҳи давлатии иқтисодиёт, омор ва информатикаи Москва (Русия), Донишгоҳи давлатии миллии радиоэлектронии Харков (Украина), Донишгоҳи давлатии Ош (ҷумҳурии  Қирғизистон), Донишгоҳи давлатии Боткент (ҷумҳурии  Қирғизистон), Донишгоҳи ба номи Неру (Ҳиндустон), Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал-Форобӣ, Донишгоҳи Гумболд (Олмон), Донишгоҳи Салоников (Юнон), Маркази илмӣ-таҳқиқотии Юлих (Олмон), Донишгоҳи давлатии Қазон (Русия), Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон ба номи Исоқ Раззоқов (Қирғизистон), Донишгоҳи Даугавпилси Латвия (Латвия), Донишгоҳи Русӣ-Тоҷикӣ (Славиянӣ) (Тоҷикистон), Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон (Тоҷикистон).
  Ҳамчунин Донишгоҳ бо Шӯъбаи робитаҳои ҷамъиятии  Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон,  фонди Оғохон, Сафоратхона ва ройзании фарҳангии ҷумҳурии Исломии Эрон, Сафорати ҷумҳурии Федеративии Олмон, Сафорати Федератсияи Русия, Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи М.Горкий ва Институти шарқшиносии АИ Федератсияи Русия, ташкилотҳои байналхалқии сершумор, аз ҷумла хазинаҳои «Оғохон», ташкилотҳои байналхалқии ACCELS, IREX, DAAD, GIZ, ACTED, UNESCO, EUROASIA ва ғайраҳо робитаҳо барқарор намудааст.
      Дар  солҳои охир (2008-2015) Донишгоҳ зимни иштирок ва татбиқи 15 лоиҳа аз рӯи барномаи байналхалмилалӣ TEMPUS, зери унвонҳои «CANQA «Шабакаи осиёимиёнагии таъминоти сифат», «PROTRAINING-Такмили ихтисоси омӯзгорони низоми кредитӣ», «EPASAT – Ҳифзи муҳити зист  ба воситаи тараққиёт ва истифодабарии агротехнология дар он»,  «EDUCA – Таҷаддуд ва инкишофи барномаҳои таълимӣ аз фанни педагогика ва менеҷмент дар низоми таҳсилоти Осиёи Марказӣ», «MEDIATE - Магистратура аз информатика ва телекоммуникатсия», «TEMPUS-QUADRIGA-Чаҳорчӯбаи тахасусмандӣ дар Осиёи Марказӣ дар асоси принсипҳои Болониявии ҳамоҳангсозии минтақавӣ»,  ҳамчунин аз рӯи чанд лоиҳаи барномаи байналмилалии ERASMUS MUNDUS зери унвонҳои «MANECA» ва «TOSCA 1-2»,   Erasmus Mundus Silkroute ва Erasmus Mundus Canem гузашта аз ин, дар давраи нави озмун бо се лоиҳои TEMPUS, TEMPUS –FLEPP, TEMPUS – UNIVIA ва TEMPUS – PROMIS ва дар доираи ин барномаҳо бо як қатор донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ ва  Қазоқистон, аз ҷумла бо 60 мактабҳои олӣ ва ташкилотҳои кишварҳои хориҷии Аврупо  ҳамкорӣ  менамояд.  Дар чаҳорчӯбаи шартномаҳои ҳайъати консортсиумҳо Донишгоҳ бо мактабҳои олии Аврупо, аз қабили Донишгоҳи техникии Берлин, Донишкадаи олии педагогии Людвисбург ва  Донишгоҳи техникии Дрездени  Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Донишгоҳи педагогии Вилнюси Литва, Донишгоҳи фалсафа ва педагогикаи Нитраи Словакия,  Донишкадаи техникии олии ДеНайер-Мехелен ва Донишгоҳи Брюссели Белгия, Донишгоҳи Сантяго де Кампастелаи Испания, Донишгоҳи фанҳои табиии Варшава ва Донишгоҳи Адам Митскевич Полша, Донишгоҳи Пйер Мендеси Фаронса, Донишгоҳи технологии Салоникови Юнон, Донишгоҳи Л.Акюлаи Италия, Донишгоҳи фанҳо ва захираҳои табиии Австрия, Донишгоҳи Бораси Сербия, Донишгоҳи Фарои Португалия ва ғ. ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати татбиқи раванди Болония, ислоҳоти маориф ва ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот кӯшиш менамояд. Тибқи ин барномаҳо беш аз 200 нафар омӯзгорон, аспирантону унвонҷӯён, магистрантон ва донишҷӯёни Донишгоҳ аз рӯи натиҷаҳои озмун ҷиҳати такмили ихтисос, таҳқиқоти илмӣ ва ё таҳсил дар давоми 1-3 ё 10 моҳ ба бархе аз донишгоҳҳои мазкури Аврупо сафар намуданд.
Шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ба воситаи ҳамкорӣ бо сафоратҳову ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати дастрас намудани иттилооти зарурӣ оид ба барномаҳову озмунҳо ба устодону донишҷӯён ёрии амалии худро мерасонад. Дар солҳои охир сафи профессорону омӯзгорон, аспирантон, коромӯз-муҳаққиқони ҷавон, донишҷӯёни  факултаҳое, ки аз рӯи озмунҳои мухталиф барои таҷрибаомӯзӣ, идомаи таҳсил, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ё иштирок  дар ягон чорабинии байналхалқӣ, аз ҷумла конфронсу симпозиум ва  фестивалҳо ба кишварҳои хориҷии дуру наздик  сафар менамоянд, торафт меафзояд ва фаъолиятнокии академӣ ривоӣ меёбад.

ЛОИҲАҲО ва БАРНОМАҲО

№   
Номи лоиҳа   
Мӯлати  иҷроиш    
Унвони лоиҳа   
Ҳамоҳангсоз
1.    TEMPUS-QANQA    2009-2012    Шабакаи осиёи миёнагии кафолати сифат    Ғаффорова У.
2.    ERASMUS MUNDUS-MANECA    2010-2012    Оид ба зудҳаракатии омӯзгорон ва донишҷӯён    Ғаффорова У.
3.    ERASMUS MUNDUS-TOSCA-1    2010-2012    Барномаи ивази донишҷӯён барои идомаи таҳсил    Муртазоев Ҳ.
4,    TEMPUS-PROTRENING    2010-2013    Такмили ихтисоси омӯзгорони низоми кредитӣ    Ғаффорова У.
5.    TEMPUS-MEDIATE    2011-2013    Магистратура ва информатика    Ғаффорова У.
6.    TEMPUS-EPASAT    2011-2013    Ҳифзи муҳити атроф бо роҳи инкишоф ва технологияи устуворӣ    Қодиров А.
7.    TEMPUS-EDUCA    2011-2013    Таҷаддуд ва инкишофи барномаҳои таълимӣ аз фанни педагогика ва менаҷмент дар низоми таҳсилоти Осиёи Марказӣ    Азизов А.А. Ғаффорова У.
8.    TEMPUS -ЕВРОПЕЙСКАЯ КОМИССИЯ   
2012-2014    Шабакаи Осиёи Марказии оид ба таҳсилот,тадқиқот ва иноватсия дар соҳаи тозагии (гигиена) муҳити атроф    Щаффорова У.
9.    TEMPUS –QUADRIGA    2012-2014    Сохтори квалификатсионии Осиёи Марказӣ дар асоси присипҳои Болония    Ғаффорова У.
10.    ERASMUS MUNDUS САNEM    2012-2015    Шабакаи осиёи марказии иктисодиёт ва менеҷмент    Ғаффорова У
11.    ERASMUS MUNDUS-TOSCA-2    2013-2014    Барномаи ивази донишҷӯён барои идомаи таҳсил    Муртазоев Ҳ.
12.    ERASMUS MUNDUS SILKROUT    2013-2015
    Эрасмус Мундус Роҳи абрешим    Ғаффорова У.
13.    TEMPUS-PROMIS    2013-2016    Магистратура аз рӯи ихтисоси информатика    Ғаффоров У.
14.    TEMPUS-FLEPP    2013-2016    Такмили забонҳои хориҷӣ    Азизов А.А.
15.    TEMPUS-UNIVIA    2013-2016    Инкишоф ва ташаккули маъмурияти донишгоҳ дар миқёси байналмилалӣ    Каримов Т.Д.


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар