Аз дирузу имрузи рузномаи "Нури маърифат"
Солҳои аввали қарни ХХ Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Fафуров) ташкил гардида, пас аз чанд сол минбари озоди худ- рӯзномаи «Маҳорати педагогӣ»-ро ба табъ расонид, ки 50 сол инҷониб интишор мешавад.Нахустин шумораи ин рӯзнома 25-уми октябри соли 1965 ба дасти чоп расида буд.Дар кори табъу нашри аввалин шумора хизмати собиқ профессори ДДХ, марҳум профессор Александр Зиновевич Дун басо калон буд. Мавсуф бо ҳамкории корманди ҳизбӣ А.Раҳматуллоев ва корманди рӯзнома Ҳ.Наимова кӯшидааст,ки рӯзнома ҷолиби қабули оммаи васеи Донишкада гардад.Инчунин дар барориши шумораҳои аввалини рӯзнома устод Аҳмадҷон Усмонов фаъолона ширкат варзидааст.
Беҳтарин хабарнигорону фаъолтарин кормандони рӯзнома дар он давра, ки бо мақолаҳои илмӣ, тақризу китобиёт баромад мекарданд- У.Fаффоров, F.Ҳайдаров, Ҳ.Очилов, С.Абдуллоев, С.Марофиев, А.Абдуқодиров, У.Ҷаҳонов, А.Давронов, А.Михайлов, С.Олов, ӯ.Аҳмадова, Ҳ.Тоатов ва дг.буданд.
Мавзӯву мӯҳтавои мақолаҳои рӯзнома асосан ба масоили илмиву таълимӣ бахшида шуда, фаъолияти илмиву адабӣ ва эҷодии устодону донишҷӯён холисона мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст.Донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо оид ба рафти кори маҳфилҳои илмӣ,адабӣ умуман ҳаёти донишкада ахборотҳо навишта таклифу дархостҳои худро пешниҳод мекарданд.
Баъдтар аз 15-уми январи соли 1966 вазифаи муҳаррирро Шавкат Охунович Охунов ба дӯш дошт. Мақолаҳо ба се забон дарҷ мегардиданд: тоҷикӣ,русӣ ва ӯзбекӣ.
Дар тӯли ин солҳо якчанд нафар аз устодон ва кормандони варзида ба сифати муҳаррири рӯзнома фаъолият бурдаанд.Аз ҷумла солҳои 1965-66 А.Раҳматуллоев,соли 1966-67 Ш.О.Охунов,солҳои 1968-69 Алиҷон Солиев,солҳои 1970-72 Саъдулло Асадуллоев ва кормандони техникӣ Ҳафиза Наимова ва Сипарка Бобоева,аз соли 1973 то 1975 Абдуқодир Зоҳидов,аз шумораи 4-уми соли 1975 то 37-уми ҳамин сол Абдуманнон Насриддинов,аз шумораи 37-уми соли 1975 то шумораи 28-уми соли 1976 Абдусаттор Абдуқодиров,аз шумораи 32-уми ҳамин сол то 2-ум шумораи соли 1978 Мавлудахон Шарипова ба сифати муҳаррири рӯзнома фаъолият доштанд.Аз шумораи 21-уми соли 1978 то ба имрӯз Зебо Ашӯровна Абдуллоева ба ҳайси сармуҳаррири рӯзномаи мазкур ифои вазифа мекунад.Зебо Абдуллоев-соли 1973 шӯъбаи журналистикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро (ҳоло ДДМТ) хатм намуда,то соли 1976 дар рӯзномаи «Машъали коммунизм»-и шаҳри Конибодом кор карда,баъдтар бо сабаби оилавӣ с.1976 ба китобхонаи ДДОЛ ба номи С.М.Кирови шаҳри Хуxанд ба кор дохил мешавад.Сипас,соли 1978 ба вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Маҳорати педагогӣ» таъин мегардад ва то имрӯз дар ин вазифа кор мекунад.
Мақолаву хабарҳоро бо забони русӣ профессор А.З.Дун, сармуаллима Э.Г.Цой ва Д.Ротенштейн омода менамуданд.Онҳо ҳамчун кормандони идораи рӯзнома фаъолият мебурданд. Суратгирҳо дар ин солҳо С. Ҳакимов, О.Яҳёев, Игор Мазур, М.Бобоҷонов,Самад Fанӣ буданд.
Рӯзномаи «Маҳорати педагогӣ»(«Педагогическое мастерство») таҳти рақами 64 аз 12.03.1991 дар Вазорати фарҳанги ҶТ ба қайд гирифта шуда буд.Баъдтар баъди Донишкада ба Донишгоҳ табдил ёфтан рӯзнома бо унвони нав «Нури маърифат» 28.05.1992 сол таҳти рақами 200 аз нав аз қайд гузашт.
Аз октябри соли 2002 замимаи рӯзнома бо номи «Паёми донишҷӯ» бо ташаббуси шӯъбаи журналистика то ба имрӯз чоп мешавад.Дар нашри «Паёми донишҷӯ» устодони шӯъба М.Ҳабибуллоева, А.Шехов, М.Зикриёева, донишҷӯён А.Очилов,Каюмарси Ато,М.Атомуллоева, Меҳрангези Акрамалӣ, И.Эшонзода, З.Қурбонова,Шоҳини Зарафшонӣ ҳаматарафа саҳм гирифтаанд.
Аз солҳои 2000-ум то ба имрӯз рӯзнома дар давоми фаъолияташ ҳамчун мактаби рӯзноманигорӣ барои бисёр мутахассисони матбуот ва адабиёт роҳ кушод.Хабарнигорон имрӯзҳо дар ҳудуди шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ соҳиби обрӯву эътибор гардида,аз устодони соҳибмактаб ҳастанд.
Мухбирони фаъоли рӯзнома; Ҷ.Латифов, С.Эркаев, Н.Нуров, С.Саидов, Ш.Тоҷибоев, аз донишҷӯён Мамнури МЭЛС, Маҳбуб Нуров, Фарзонаи Собирҷон, Шоҳини Зарафшонӣ ва чанде дигарон буданд.
Солҳои 2000-ум якчанд ҷавонони соҳибқалам ба рӯзнома ҳамчун кормандони штатӣ ба кор ҷалб шуданд.Аз ҷумла Нуралӣ Нуров, Баҳром Мирсаидов,Бахтиёр Файзуллоев, Сурайё Ҳакимова, Фирӯз Ҷумъаев, ӯғулой Қоситова буданд.
Ҳамин тавр рӯзномаи «Нури маърифат» то ба имрӯз зиёда аз 2150 шумора ба чоп расида,дар роҳи боло бардоштани илму маърифат,пешбурди таълиму тарбия дар Донишгоҳ,талқини ғояҳои олии инсонӣ, дастгирии низоми сиёсии ҷомеа дастёри раёсат ва ташкилотҳои ҷамъиятии Донишгоҳ мебошад. Рӯзнома ҳоло дар сохтори Муассисаи давлатии маҷаллаи илмии «Номаи донишгоҳ» фаъолият бурда, моҳе 2 маротиба бо теъдоди беш аз 10 ҳазор нусха, дар ҳаҷми 4 саҳифа нашр мешавад.