Нияту андешаи бунёди шаҳраки варзишиву фароғатӣ дар қафои бинои таълимии донишгоҳ дар маҳаллаи 20 дар рӯзҳои таҷлили 70-солагии ДДХ ба номи академик Б.Fафуров ба миён омада буд. Ҳадаф аз бунёди ин шаҳрак фароҳам овардани шароити мувофиқ ва муҳити мусоид барои тарбия ва такомули ҷисмониву маънавии ҷавонони донишҷӯ ба шумор мерафт.
Бо назардошти мавзеъи ноҳамвор ва беобу гиёҳ будани макони бунёди шаҳрак дар марҳилаи нахуст иҷрои ду кори заҳматталаб ба мадди назар гузошта шуд. Якум - кандани чоҳи зеризаминӣ бо ҳадафи таъмини об барои ободонии мавзеъ; дувум, ҳамвор кардани пастиву баландиҳои зиёд ва бардоштани харсангҳои бузург аз майдончаҳои сохтмонӣ.
Дар тӯли се моҳ бо кӯшиши мутахассисони соҳаи об кандани чоҳи зеризаминӣ бо умқи 150 метр ба анҷом расид. Бо мақсади омода намудани майдонҳои варзишии шаҳрак 140 ҳазор м3 хоку шағал ҳамвор карда шуд.
Тарҳи умумии бунёди шаҳрак таҳия гардид, ки он сохтмони майдони асосии варзишгоҳ, майдончаҳои теннис, волейбол, гандбол, баскетбол, сохтмони фаввораҳо ва гулгаштҳоро дар масоҳати 7 га пешбинӣ мекард. Дар вусъати корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ дар радифи бинокорон нақши дастони устодону донишҷӯёни донишгоҳ хеле муассир буд.
Иқдоми сохтмони шаҳраки варзишӣ ва ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шахсан Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, Э.Раҳмон дастгирии ҳамаҷониба пайдо кард. Бо ташаббуси бевоситаи сарвари давлат, бо мақсади саривақт анҷом додани корҳои сохтмонӣ сад ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Ин тадбир суръати корҳоро тезонид, ба бинокорон ва ҷомеаи донишгоҳ нерӯву тавони тоза бахшид ва дар пешрафту анҷоми ин маҷмааи бошукӯҳ нақши босазо гузошт. {укумати вилояти Суғд низ ҷомеаи донишгоҳро дар бунёди ин шаҳраки варзишӣ пайваста дастгирӣ менамуд.
Дар заминаи бунёди шаҳраки варзишӣ дар масоҳати 8000 м2 гулу сабза ва дарахтон парвариш карда шуда, дар дарозои 120 м силсилаи фаввораҳо бунёд ёфтанд. Дар майдони асосии варзишгоҳ барои 2500 нафар ва дар майдони теннисбозӣ барои 400 нафар нишастгоҳҳо сохта шуда, ҳудуди 5000 м2 роҳҳои дохили шаҳрак мумфарш гардиданд.
Маросими ифтитоҳи шаҳраки варзишии Хуррамшаҳр 30 марти соли 2004 сурат гирифт.
Бо номгузории шаҳраки варзишӣ ба «Хуррамшаҳр» яке аз номҳои таърихии ганҷинаи безаволи адабиёти классикии форсу тоҷик «Шоҳнома»-и ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ эҳё гардид.