ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



Азизов Абдуҳафиз Абдуҳалимович

Азизов Абдуҳафиз Абдуҳалимович 29.07.1955 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1972 баъд аз хатми МТҲ №6 ба Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С.М.Киров ба факултаи забон ва адабиёти рус дохил шуда, онро соли 1977 хатм намуд. Баъди хатми донишкада фаъолияти худро ҳамчун коромӯз-тадқиқотчӣ дар пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии омӯзиши забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллии АУ педагогии Иттифоқи Шӯравӣ дар шаҳри Москва оғоз намуда, солҳои 1978-1981 ҳамчун муаллими забон ва адабиёти рус дар МТҲ №24 н. Б. Ғафуров кор кард. Солҳои 1984-1985 дар Аспирантураи пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии омӯзиши забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллии АУ педагогии Иттифоқи Шӯравӣ дар шаҳри Москва таҳсил намуда, соли 1985 рисолаи номзадиро дифоъ намуд. Аз соли 1986 то соли 1988 ба сифати дотсенти кафедраи усули таълимии забон ва адабиёти рус фаъолият намуд. Солҳои 1988-1991 вазифаи ноиб-декани факултаи забон ва адабиёти рус оид ба тарбияро бар ӯҳда дошт. Солҳои 1991-1994 ҳамчун мудири кафедраи усули таълими забон ва адабиёти рус адои вазифа кард. Аз соли 1994 то моҳи майи 2007 дар ҳайси декани забон ва адабиёти рус фаъолият намуд. Солҳои 2008-2012 мудири шӯъбаи таълим шуда кор кард. Аз соли 2012 ин ҷониб дар ҳайси муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ адои вазифа мекунад. Барои фаъолияти илмию педагогӣ борҳо бо раҳматномаву ифтихорномаҳои Вазорати маориф, Ҳукумати вилоят, Донишгоҳ сазовор гаштааст. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Оиладор, соҳиби се фарзанд.



Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар