ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ТАМОШОИ МУСТАҚИМИ ДАРСИ СУЛҲИ ПРЕЗИДЕНТ
2017-08-31

Дирўз аҳли раёсат, устодон ва донишҷўёни ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тариқи шабакаҳои телевизионӣ суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои маъмурию таълимӣ ва иншооти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошо намуданд.
Тавре, ки роҳбари Давлат зикр намуданд «Дар охири асри бист ва оғози асри бистуяк сайёраи мо ба як қатор таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили экстремизму терроризм, ҷангҳои мазҳабӣ, амалҳои даҳшатноки террористӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, густариши ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, одамрабоӣ, инчунин, тағйирёбии иқлим ва ҳодисаҳои фавқулодаи вобаста ба он, бемориҳои сироятӣ, шиддат гирифтани раванди аз нав тақсим кардани дунё барои ба даст даровардани захираҳои табиӣ аз ҷониби абарқудратҳо ва мушкилоти дигар рӯ ба рӯ гардид. Чунин вазъ мардуми сайёра, аз ҷумла моро водор месозад, ки ба масъалаи ҳифзи сулҳ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлат ҳамчун шарти муҳимтарини пойдории амният ва суботу оромии ҷомеа аҳаммияти хосса зоҳир намоем».
Таъкид шуд, ки халқи мо ба қадри сулҳу оромӣ бештар мерасад, зеро мардуми тоҷик бо айби як идда ашхоси хоину зархарид, роҳбарони баъзе азҳоби сиёсӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо, ки мехостанд дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намуда, мазҳаб ва фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо бор кунанд, ба гирдоби ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ гирифтор шуда, хисороти зиёди моддиву маънавиро паси сар намуданд.
Чӣ хеле, ки маълум аст алҳол дар соҳаи маориф гузариш ба стандартҳои нави таълим идома дошта, зарурати ворид намудани шаклу воситаҳои нави азхудкунии илму дониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот пеш омадааст.
Вобаста ба ин аз тарафи Роҳбари Давлат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон дастур дода шуд, ки ҷиҳати омӯхтани навгониҳои илмиву таълимӣ, таҷрибаи пешқадам ва такмили маҳорату малакаи касбии худ мунтазам кӯшиш намоянд. Дар ин раванд, тарзи тақсимоти равиявӣ, ки бо супориши Ҳукумати мамлакат дар низоми таҳсилоти умумӣ, бахусус, литсею гимназияҳо ҷорӣ гардидааст, бояд такмил дода шавад. 
Воқеан ҳам мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт ҳанӯз камбудиҳо вуҷуд доранд ва ислоҳи саривақтии онҳо боиси таҳаввулоти сифатӣ дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ мегардад. Дар баробари ин, самаранок ба роҳ мондани таҳсилоти салоҳиятнок ва давра ба давра ҷорӣ намудани он дар ҳамаи зинаҳои таълим талаби замон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар ҷараёни навсозӣ бояд ба омӯзиши фанҳои дақиқ, махсусан, риёзӣ ва табиатшиносӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русиву англисӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад, зеро таълими самараноки ин фанҳо барои ояндаи Тоҷикистон ниҳоят муҳим буда, вусъат ёфтани тафаккури техникиву ҷаҳонбинии истеҳсолӣ шарти зарурии рушди соҳаҳои ҳаётан муҳимми иқтисоди миллӣ мебошад. Илова бар ин, маҳз тавассути таълими сифатноки фанҳои дақиқ қобилияти навҷӯӣ ва мафкураи наврасон қавӣ гардида, майлу рағбати онҳо ба ихтироъкорӣ ва тарроҳиву моделсозӣ бештар мешавад ва интихоби ихтисосҳои техникиву технологӣ аз ҷониби хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ огоҳона сурат мегирад. Аз рӯйи таҳлили нишондиҳандаҳои Маркази миллии тестӣ соли чорум аст, ки дар кластери якум, яъне ихтисосҳои табииву техникӣ нақшаи қабул иҷро нашуда, ҳавасмандӣ ба чунин ихтисосҳои муҳим кам ба назар мерасад. Аз ин рӯ, мо бояд дар мактабҳои миёна сифати таълими фанҳои дақиқро баланд бардорем ва таваҷҷуҳи хонандагонро ба ин фанҳо бештар ҷалб созем.
Қобили зикр аст, ки дар масъалаи сифати таълим ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб, махсусан, дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ ҳоло ҳам ба муваффақият ноил нагаштаем. Вале омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русиву англисӣ ба талаботи стандартҳои давлатӣ ҷавобгӯ набуда, аксари хатмкунандагон ба ин забонҳо муошират карда наметавонанд. Ба фанни технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва фанҳои тахассусӣ кам аҳаммият дода мешавад ва серталабӣ дар бобати аз худ кардани ин фанҳо кам ба назар мерасад.
Бо назардошти ин камбудиҳо аз ҷониби Сарвари кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва илм, Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар вазифадор карда шуданд, ки ба сифати таълими забонҳои хориҷӣ, технологияҳои коммуникатсионӣ ва фанҳои тахассусӣ эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Таъкид гардид, ки ҳанӯз ҳам сатҳи дониш ва касбияти хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҷавобгӯи талабот нест. Қисме аз онҳо бо иллати паст будани сатҳи дониш бо ихтисоси худ дар ягон муассиса ё ташкилот ҷойи кор пайдо карда наметавонанд. Илова бар ин, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳоло ҳам нарасидани китобҳои дарсӣ аз рӯи баъзе ихтисосҳо ҳамчун масъалаи ҳалталаб боқӣ мондааст. Имрӯзҳо вақти он расидааст, ки ба усули анъанавии таҳсили ғоибона хотима бахшида, таҳсилоти фосилавӣ ба роҳ монда шавад. Дар шароити имрӯза раванди таълиму тадрисро бе истифодаи васеи воситаҳои техникӣ ва технологияҳои муосир тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Вобаста ба фаъолияти сусти технопаркҳои муассисаҳои олии кишвар эроди ҷиддӣ гирифта шуд ва зикр гардид, ки ҳадаф аз таъсиси чунин сохтори таълимиву истеҳсолӣ дар ҳайати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо маоши иловагӣ таъмин намудани омӯзгор ва ҷалби донишҷӯи магистр ба корҳои баъдидарсӣ ва пайдо кардани таҷриба мебошад.Дар технопаркҳои муассисаҳои таълимӣ омӯзгорон кам фаъолият карда, ба ин коргоҳҳо шахсони дигар ба кор ҷалб шудаанд ва маҳсулоти баровардаашон низ сифатноку назаррас нест.
Дар охири суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар кадоми шумо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки сулҳу субот ва оромиву осоиш барои ҳар кишвару миллат, махсусан, барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, неъмати бузургтарин маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад.
Роҳбарияти донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки баҳри ислоҳи эроду камбудиҳои ироашуда дар Рузи дониш нақша чорабиниҳо таҳия намуда, барои тарбияи мутахасисиони баландихтисос аз тамоми имконияту захираҳо истифода хоҳад намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 
Аз назар гузарониданд:835 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар