Бахшида ба Рўзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар толори факултети филологияи тоҷик бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмию адабӣ таҳти унвони «Мавлоно ва фарҳанги инсонӣ» доир гардид. Муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсияи донишгоҳ профессор Сабуров Х.М. ба конфронс оғоз бахшида, дар бораи ин орифи сухан, омӯзгори асили ахлоқ, донандаи илми тасаввуф, шоири беҳамто андешаҳои худро баён намуда, қиммати ашъори адибро муаррифӣ кард.
Аз назар гузарониданд: 948 нафар
|