ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



КИТОБХОНА


                                                    МАЪЛУМОТИ УМУМӢ
ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ КИТОБХОНАИ МАРКАЗИИ ДДХ БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН Ғ АФУРОВ ДАР СОЛИ 2014 ВА МОҲИ ЯНВАРИ СОЛИ 2015

Дар соли 2014 ва моҳи январи соли 2015 китобхонаи марказии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тибқи нақшаи корӣ ва нақшаи шӯрои таълимию методии худ ва аз рӯи нишондоду фармоиш ва қарорҳои Раёсат ва Шӯрои олимони донишгоҳ фаъолият намуд.
Мақсади китобхонаи марказӣ. Мақсади китобхонаи марказӣ, пеш аз ҳама, бо китобҳои дарсӣ, манобеи илмӣ ва бадеӣ таъмин намудани устодон ва шогирдони донишгоҳ аст. Аз ин нигоҳ, садорати китобхона ва кулли кормандон пайваста ҷиҳати адои ин вазифаву мақсад ва амалӣ сохтани сиёсати пешанамудаи сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва адои фармоишу супоришоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати донишгоҳ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Ҷиҳати адои мақсади мазкур айни ҳол дар китобхонаи марказӣ 5 шӯъба ва 6 зершӯъбаи зер фаъолият мекунанд:
1.Шӯъбаи обуна, дастраснамоӣ ва махзани китобҳо;
2.Шӯъбаи толори хониш. Хазинаи матбуоти даврӣ, китобҳои «Сорос», «Када», китобҳои нодир ва ҳадявӣ ва асарҳои хазинавии бойгонӣ низ бар ин шӯъба  дахл доранд. Ин шӯъба дорои 6 зершӯъба аст, ки инҳоянд:
2.1    Зершӯъбаи воқеъ дар факултети филологияи тоҷик;
2.2    Зершӯъбаи воқеъ дар факултети таърих;
2.3    Зершӯъбаи воқеъ дар факултети забонҳои хориҷӣ;
2.4    Зершӯъбаи воқеъ дар хобгоҳи №2(хобгоҳи духтароне, ки аз навоҳии дурдаст омадаанд ё дорои имтиёз мебошанд);
2.5    Зершӯъбаи воқеъ дар хобгоҳи №3 (хобгоҳи духтароне, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд);
2.6    Зершӯъбаи воқеъ дар хобгоҳи №9
4.Шӯъбаи китобшиносӣ (библиография) ва хидмати иттилоотӣ;
5.Шӯъбаи коркард ва таъмини китобҳо;
6. Шӯъбаи китобхонаи электронӣ ва синфхонаи компутерӣ.

Тозагиҳо дар сохтор
1.Тақсими шӯъба ба бахшҳо. Садорати китобхонаи марказӣ дар соли 2014 ҷиҳати беҳтар ва босифат ба роҳ мондани сатҳи хизматрасонӣ ба хонандагон- устодону олимон, докторантону аспирантон, магистрантон ва донишҷӯён ҳар як бахши махзани асарҳоро ба ҳар як корманди шӯъбаи обуна, дастраснамоӣ ва махзани китобҳо вобаста намуд. Афзун бар ин соли 2014 китобҳои мавҷудаи шӯъбаи обуна, дастраснамоӣ ва махзани китобҳо, ки фонди асосии китобхона дар ин ҷо маҳфуз аст, пурра аз нав коркард ва ба қайд гирифта шуд. Дар адои ин амали сангин ва савоб, ки аз оғози солҳои 70-уми асри гузашта то ин замон фонди китобхона пурра ба қайд гирифта нашуда буд, саҳми кормандони шӯъбаи мазкур шоисати қайд ва тақдир аст. Афзун бар ин, кормандони шӯъбаи китобхонаи электронӣ ва синфхонаи компутерӣ кулли он маълумотро ба хотираи компутар дароварданд ва ниҳоят феҳристи китобҳои ин шӯъба омода шуд. Аз феҳристи китобҳои мавҷуда маълум гашт, ки айни ҳол дар ин шӯъба 347 756 адад китоб мавҷуд мебошад.
Ин усули кор боис шуд, ки ҳар як нафар корманди шӯъбаи мазкур китобҳои мавҷудаи бахши хешро ба танзим дарорад ва онро тибқи талабот аз рӯи ҳуруфи алифбоӣ ва мавзӯъот дар рафҳо гузорад ва дар сурати дархости хонандагон дар фурсати кӯтоҳтарин дастрас намояд ва ҷиҳати ҷалби хонандагон дар хусуси ҳар як китоби бахши худ маълумоти кӯтоҳ дода тавонад. Афзун бар ин, ҳар як хонанда худ метавонад тавассути феҳристи электронӣ китобҳои лозимаи худро интихоб намояд ва дар фурсати кӯтоҳтарин онро аз хазина бигирад. Ҷиҳати адои ин амал дар вурудгоҳи китобхонаи марказӣ як компутер гузошта шудааст, ки кори хонандагонро осон месозад. Ин амал кори хонандагонро ба маротиб осон кард ва дигар хонандагон вақти зиёди худро ба ҷустуҷӯи баргаҳо(картотека) сарф намекунанд.

2. Утоқи алоҳида барои рисолоти илмӣ. Ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба унвонҷӯён рисолаҳои илмии устодон(дисертатсияҳо) ва фишурдаи рисолаҳо(авторефератҳо) ба утоқи алоҳида ҷойгир карда шуда, хидматрасонии он бар дӯши муовини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ Худойбердиева О. ва коргардони шӯъбаи китобхонаи электронӣ ва синфхонаи компутерӣ Очилова Ш. вогузор карда шуд.
Тибқи пешниҳоди садорати китобхонаи марказӣ(08.01.2015) ва фармоиши ректори донишгоҳ(№18, аз 27.01.2015) садорати китобхона минбаъд ният дорад, ки толори муҳаққиқон ташкил намояд. Барои ташкили ин толор устодон ва олимони донишгоҳро зарур аст, ки ҳарчи зудтар рисолаҳо, фишурдаи рисолаҳо ва монографияҳои илмии хешро ба китобхона супоранд. Дар соли 2015 то 10.02.2015 ин миқдор рисола ва фишурдаи рисолаҳо ба китобхонаи марказӣ ворид шудааст:
Аз садорати факултаҳои дигар хоҳиш карда мешавад, ки ҷиҳати иҷро намудани фармоиши ректор (№18, аз 27.01.2015) ва дастрас намудани рисолаҳои илмӣ ва фишурдаи рисолаҳои устодони факултетҳои худ мусоидат намоянд.
Дар соли 2014 сатҳи хизматрасонӣ дар шӯъбаи толори хониш нисбат ба солиёни қаблӣ беҳтар ба роҳ монда шуд. Давоми сол теъдоди зиёди китобҳои воридшуда, нахуст ба шӯъбаи хизматрасонии толори хониш ва 6 зершӯъбаҳои он, ки дар факултетҳои филологияи тоҷик, забонҳои хориҷӣ, таърих ва ҳуқуқ ва хобгоҳҳои №№ 2, 3, 9 мавҷуданд, тақсим карда шуда, сипас миқдори боқимонда ба шӯъбаи обуна, дастраснамоӣ ва махзани китобҳо супорида шуд. Ба ин сабаб, сафи хонандагони ин шӯъба ва зершӯъбаҳои он ба маротиб афзун гардид. Афзун бар ин, соли 2014 кормандони шӯъба ва зершӯъбаҳои толори хониш ному насаб, китоби гирифта ва замони истифоданамудаи хонандаи хешро дар дафтари махсус қайд намуданд, ки солҳои пеш ба қайд гирифта намешуданд. Аз вазъи хизматрасонӣ ва ташрифоварии хонандагон маълум мешавад, ки теъдоди хонандагони толори хониш пайваста зиёд мегарданд.
Дар моҳи ноябри соли 2014 бо дастгирии Раёсати донишгоҳ ба зали хониш 70 адад курсии нав тақдим карда шуд, ки ин ғамхорӣ на танҳо ба китобхонаи марказӣ, балки ба ҳар як хонанда ва қироаткунандагони он мебошад.
Дар соли ҳисоботӣ сатҳи фаъолият ва хизматрасонӣ дар шӯъбаи китобхонаи электронӣ ва синфхонаи компутерӣ низ беҳтар ба роҳ монда шуд. Бо дастгирии раёсати донишгоҳ 10 адад компутер, 1 адад принтери «3 дар 1» гирифта шуд, ки сифати кори ин шӯъбаро ба маротиб беҳтар намуд.
Хариди китоб. Дар оғози моҳи декабри соли 2014 садорати китобхона тибқи фармоиши ректори донишгоҳ Мақсудов А.Т. саъй намуд, ки ҳарчи бештар китобҳои таълимӣ оид ба фанҳои дақиқро харидорӣ намояд ва ба ин васила сафи хонандагони хешро аз ҳисоби устодону олимон ва донишҷӯёни факултетҳои фанни дақиқ афзун созад. Ҷиҳати адои ин супориш садорати китобхона ҳанӯз  05.12.2014 ба Раёсати донишгоҳ пешниҳоде навишт ва дар он дархост намуд, ки барои харидорӣ намудани 25 номгӯи китоби дарсӣ ба маблағи 35930 сомонӣ аз Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва 6 номгӯи китобҳо ба маблағи 6061 сомониву 94 дирам аз Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ мусоидат намояд.
Кормандони китобхонаи марказӣ соли 2014 ба хонандагони хеш ба сифати баланд хидмат расониданд. Маҳз хизматрасонии хуби онҳо боис гардид, ки то моҳи ноябри соли 2014 миқдори умумии хонандагони шӯъбаи обуна, дастраснамоӣ ва хазинаи китоб ба 8527 нафар расид, ки аз онҳо 6145 нафар донишҷӯёни бахши рӯзона, 1396 нафар муҳассилини шӯъбаи ғоибона ва 986 нафар омӯзгорон мебошанд.

Ташкили дарҳои кушод
Дар оғози соли таҳсили 2014-2015 низ китобхонаи марказӣ «Даҳ рӯзи дарҳои кушод» эълон намуд. Ин амал бо мақсади ҷалби бештари донишҷуён, магистрантон, унвонҷӯён, аспирантон, докторантон, устодон ва кормандони донишгоҳ ба роҳ монда шуд ва аз санаи 10.09.2014 то 20. 09.2014 давом намуд. Дар ин айём шогирдону устодони донишгоҳ метавонистанд ба китобхона аъзо шаванд ва бевосита бо вазъи фаъолияти китобхонаи марказӣ, шӯъбаҳо, зершӯъбаҳо ва манобеи мавҷудаи он ошно шуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани кори китобхона фикру андешаҳои худро баён доранд. Ҷиҳати дар замони хос ҳузур пайдо намудани шогирдон (махсусан донишҷӯёни курси якум) ва устодони факултаҳо ба 16 декани факултетҳои донишгоҳ дархостнома фиристода шуда, дар он рӯзҳо ва соатҳои ҳозиршавии шогирдону устодони он факултетҳо ба таври мушаххас нишон дода шуд.

Ташкили маҳфили илмию адабӣ ва намоиши китобҳо
Соли 2014 дар китобхонаи марказӣ панҷ нишасти маҳфили илмӣ ва адабии «Меҳрафрӯз» ташкил ва баргузор карда шуд. Дар оғози ҳар як нишасти ин маҳфил намоиши китобҳои тозанашр ва тозаворид ташкил карда шуда, пиромуни қисмати зиёди ин китобҳо дар бахши навгониҳои илмӣ ва фарҳангии маҳфил ба хонандагон ва иштирокдорони маҳфил маълумот дода шуд.Садорати китобхона соли 2014 шаш намоиши китоб ташкил намуд, ки аз онҳо 5 намоиши китоб дар маҳфили «Меҳрафрӯз» ва 1 намоиши китоб бахшида ба «Рӯзи китоб» (04.09.2014) доир гардид. Тибқи супориши раёсати донишгоҳ ва Ҳукумати вилояти Суғд садорати китобхонаи марказӣ боз 2 намоиши китобро берун аз толори китобхона ташкил намуд, ки яке дар «Кохи Рӯдакӣ» ба ифтихори «Рӯзи Забон» ва дигаре дар толори театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ба ифтихори 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ буд. Дар ин намоишҳои китоб, ки намояндагони китобхонаҳои шаҳрию вилоятӣ ва китобхонаҳои макотиби олии вилоят ширкат доштанд, намоиши китоби донишгоҳи мо мақоми шоистаро касб кард.
Соли 2015 аз тарафи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ соли рушди фарҳанг эълон гардид. Садорати китобхонаи марказӣ ҷиҳати дастгирии ин иқдоми шоистаи Раиси вилоят се рӯз- аз 03.02.2015 то 05.02.2015 намоиши китобҳои таълимии фонди китобхонаи марказиро тибқи ихтисосҳо доир намуд. Ба ин чорабинии пуршукӯҳ Раёсати донишгоҳ, садорати факултаҳо, кулли хонандагони китобхона ва ҳамчунин масъулини шӯъбаи идеология ва Раёсати фарҳанги Ҳукумати вилояти Суғд даъват шуда буданд. Давоми се рӯз теъдоди зиёди шогирдону устодон аз факултетҳои донишгоҳ ба намоиши китобҳо омаданд. Тибқи қайди садорати китобхонаи марказӣ дар се рӯзи намоиши китоб ҳамагӣ 59 нафар устодон ва 1211 нафар донишҷӯён иштирок доштанд. Эҳтимол шояд чанде аз донишҷӯён аз қайд нагузаштаанд. Агарчи ин миқдор дар баробари теъдоди умумии устодону шогирдон хеле кам аст, давоми се рӯз ин миқдор омадани устодону шогирдон шояд дар давоми 20 соли охир маротибаи аввал бошад ва бори аввал китобҳои фонди китобхона тибқи ихтисосҳо ба намоиш гузошта шуда, феҳристи электронии номгӯи кулли китобҳо бо зикри теъдоди мавҷуда тавассути навор(экран ва проэктор) пахш гардид.
Садорати китобхона арзи сипоси худро ба Раёсати донишгоҳ ва садорати факултетҳо, ба хусус, ректори донишгоҳ дотсент Мақсудов А.Т., ки ин иқдоми моро ҷонибдорӣ намуданд, муовини қисми илми донишгоҳ, профессор Хоҷаева М.Ю., ки бевосита ташриф оварда, бо китобҳои мавҷуда ва фонди китобҳо ошно шуданд ва қаноатмандии худро аз баргузории ин чорабинӣ изҳор доштанд, котиби матбуоти донишгоҳ Юсуфов М., ки аз оғоз моро дастгирӣ намуданд ва эълону даъватнома ва рафти намоиши китобҳоро дар сайти донишгоҳ инъикос намуданд, корманди рӯзномаи «Нури маърифат» Шоҳини Зарафшонӣ, ки бо ҳузур ва ахбори худ маълумоте дар ин хусус омода намуданд, декани факултетҳои физика ва техника, математика, таърих ва ҳуқуқ, забонҳои хориҷӣ, санъати тасвирӣ ва технология(рассомӣ-графикӣ), педагогӣ, филология, ки омадани шогирдону устодони зиёдро сабаб шуданд ва чанде аз онҳо худ бевосита бо устодону шогирдони факултет ташриф оварданд, мерасонад.
Китобҳои ҳадявӣ. Дар соли равон ба китобхонаи марказӣ аз тарафи устодони донишгоҳ ва ашхоси алоҳида низ китобҳо ҳадя шудааст, ки дар маҷмуъ 57 номгӯ ва 187 адад мебошанд.
Ғайр аз ин, дар поёни моҳи июни соли 2014 аз тарафи Муртазоев Ҳ. 300 адад брошюраҳои кӯчаки илмӣ ҳадя карда шуд. Ҳамчунин шаҳрванди шаҳри Чкалов Налгранянов Г.П. ва оилаи ӯ, ки нияти сафари кӯч ба Федератсияи Русия доштанд, 84 адад китобҳои бадеӣ, илмию таълимии китобхонаи шахсии худро, ки ҳамагӣ ба забони русӣ мебошанд, ҳадя намуданд.
Китобҳои воридгардидае, ки нархашон таъйин карда шудааст ва ё аз тарафи муаллифон ҳадя шудаанд, аз ҷониби кормандони шӯъбаи коркард ва таъмини китобҳо коркард шуда, тибқи талабот ба шӯъбаҳо тақсим карда шуданд. Аммо қисме аз китобҳои воридшуда ба сабаби маълум набудани нархашон то ҳол ба шӯъбаю зершӯъбаҳои китобхонаи марказӣ ва мавзӯъҳои дигари аз ҷониби раёсати илм тақсимшуда дастрас карда нашудаанд. Дар ин хусус мо пешниҳоде ба сармуҳосиби донишгоҳ Раҳимов А. навиштаем(№850, аз 27.01.2015) ва умед аст, ки рӯзҳои наздик ин масъала ҳалли худро меёбад.

Вазъи таҳияи феҳристи электронӣ дар Китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
 то моҳи феврали соли 2015

Чунонки зикраш гузашт, то имрӯз кулли китобҳои мавҷудаи фонди китобхонаи марказӣ (шӯъбаҳо ва зершӯъбаҳои он) ба хотираи компутер дароварда шуд, ки дар адои ин амал кормандони китобхонаи марказӣ аз моҳи декабри соли 2012 то нимаи аввали моҳи январи соли 2015 заҳмат кашиданд. Чун миқдоре аз китобҳо дар дасти устодону кормандон (баъзе то 60 китоб дар даст доранд) ва шогирдон қарор дорад ва гирифтани ҳамаи онҳо мушкилиҳои зиёдро дар пеш дорад, ҳанӯз ба феҳрист даровардани китобҳо идома дорад. То моҳи феврали соли 2015 347756 адад ва ҳудуди 97472 номгӯи китобҳои ин шӯъба ба хотираи компютер дароварда шудааст.
 Афзун бар ин, дар шӯъбаи толори хониш ва зершӯъбаҳои он якҷоя бо китобҳои ҳадявӣ 22481 номгӯ китоб мавҷуд аст, ки дар маҷмӯъ 28816 ададро ташкил мекунанд ва ҳамаи ин китобҳо ба феҳристи электронӣ дароварда шудаанд.
Дар маҷмӯъ то ҳол 376 572 адад китобҳои мавҷуда ба феҳристи электронӣ ворид карда шудааст.
Хулоса, дар соли 2014 ва моҳи аввали соли 2015 кулли кормандони китобхонаи марказӣ ҷиҳати беҳтар намудани вазъи хизматрасонӣ ва ғанӣ сохтани фонди китобҳои коғази ва китобҳои электронӣ кӯшиш ба харҷ дода, дар ин ҷода ба муваффақиятҳои зиёд соҳиб гаштанд, ки ба таври алоҳида ва мухтасар баён намудани онҳоро савоб медонем.

Шӯъбаи обуна, дастраснамоӣ ва махзани китобҳо

Ин шӯъбаи калонтарини китобхонаи марказӣ буда, мудирии онро мутахассиси соҳаи китобшиносӣ ва китобдорӣ Собирова Фирӯза бар ӯҳда дорад. Айни ҳол дар ин шӯъба 347756 адад ва 97472 номгӯ китобҳо нигоҳдорӣ шуда, тибқи дархост пешкаши хонандагон карда мешавад. Аммо ин миқдори китобҳо нисбат ба солҳои қаблӣ кам аст. Сабаб дар он аст, ки:
- солҳои қабли теъдоди китобҳо дақиқ муайян набуд ва ба таври мушаххас касе наметавонист теъдоди онҳоро изҳор кунад(ҳатто фонди умумии китобҳои китобхона беҳисоб қабул карда мешуд);
- теъдоди китобҳои нав воридшуда ба миқдори умумии мавҷуда зам карда мешуд;
- эҳтимол теъдоди китобҳои гумшуда, актгардида ва ба макони дигар интиқолшуда(китобхонаи милли ва ғайра) аз ҳисоби фонд берун карда нашудаанд;
- аз солҳои 70-80-ум боз аксари китобҳои дар дасти хонандагон буда то ҳол баргардонида нашудаанд, вале ҳанӯз дар ҳисоби фонд қарор доранд;
- чадин китоб дар дасти хонандагоне ҳаст, ки имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд(мо то қадри имкон рӯйхати онҳоро барқарор кардаем);
- чандин китоб дар дасти устодоне боқӣ монда, ки имрӯз дар донишгоҳи мо фаъолият намекунанд ва ба донишгоҳҳо ё вазифаҳои дигар рафтаанд;
- чандин нафар шогирдону устодон ва ё хонандагони беруна китобҳоро ба ивази ҳуҷҷатҳо(шиноснома, диплом, шаҳодатнома ва ғайра) гирифта, то ҳол барнагардонидаанд(ҳоло назди мо даҳҳо ҳуҷҷат ҳаст, ки солиёни зиёд пеш гузоштаанд ва то ҳол китобро оварда, ҳуҷҷати худ ро бозгашт намегиранд);
- даҳҳо ва шояд садҳо китобҳо ва раҳамои таълимӣ ба кафедраҳои донишгоҳ супорида шуда ва айни ҳол тақдири аксари онҳо маълум нест ва амсоли инҳо.
Аммо шурӯъ аз моҳи декабри соли 2012 то нимаи аввали 2014, яъне беш аз як солу шаш моҳ кормандони ин шӯъба китобҳои мавҷудаи хазинаи китобро ба қайд гирифтанд.
Теъдоди умумии хонандагон. Миқдори умумии хонандагони шӯъбаи мазкур дар соли 2014 8527 нафарро ташкил намуд. Аз онҳо 6145 нафар донишҷӯёни бахши рӯзона, 1396 нафар муҳассилини шӯъбаи ғоибона ва 986 нафар омӯзгорон мебошанд. Аз нақшаи зер иттилои муфассал гирифтан мумкин аст.
Аъзошавӣ. Соли 2014 ба китобхона 1043 нафар хонандагон аъзо шуданд, ки аз онҳо 1012 нафарро донишҷӯёни бахши рӯзона ва 31 нафарашонро донишҷӯёни шуъбаи ғоибона ташкил медиҳанд.
Буруншавӣ. Соли 2014 дар маҷмуъ 1850 нафар хонандагон аз қайд берун карда шуданд, ки аз онҳо 1167 нафар донишҷӯёни бахши рӯзона ва 683 нафар донишҷӯёни шуъбаи ғоибона мебошанд. Соли 2014 тибқи дархости садорати китобхонаи марказӣ хатмкунандагони факултети ғоибонаи воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ варақаи рафти худро пешниҳод намуданд, ки ба ин сабаб 81 нафар донишҷӯёни ғоибона ташриф оварданд.
Лозим ба зикр аст, ки бори аввал дар китобхона кормандони ин шӯъба – Собирова Ф.(мудири шӯъба) ва Қаҳҳорова С. ному насаб ва теъдоди хонандагони аз қайд берункардаро ба дафтари махсус қайд намуданд.
Интиқоли китобҳо. Тибқи дархости садорати факултети ғоибонаи воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ризояти раёсати донишгоҳ аз шуъбаи обуна, дастраснамоӣ ва махзани китобҳо 63 номгӯи китобҳо, ки дар маҷмӯъ 63 ададро ташкил медиҳанд, ба китобхонаи факултети мазкур интиқол карда шуд.
Чанд сол қабл аз шӯъбаи обуна, дастраснамоӣ ва махзани китобҳо 2770 адад (зоҳиран бештар аз ин буда) китоб ба хобгоҳи №4 фиристода шуда буд, аммо ба сабаби фаъолият накардани ин хобгоҳ соли 2014 он китобҳо бозпас ба ин шӯъба баргардонида шуданд.
Қарздорони китоб. Коркунони шӯъба соли 2014 рӯйхати ҳамаи қарздорони китобро, ки солҳои зиёд ба китобхона барнагардонида буданд, тартиб доданд. Маълум шуд, ки ба ҷуз донишҷӯён олимон ва омӯзгорони зиёд низ аз китобхона қарздор мебошанд. Садорати китобхона мақсад дорад, ки дар соли 2015 рӯйхати устодони қарздорро ба деканҳои ҳамаи факултетҳо пешниҳод намояд ва баҳри бозпас гирифтани китобҳои дар дасти устодон буда, чораҳои лозима андешад.
Шӯъбаи толори хониш
Кормандони толори хониш мунтазам аз рӯи нақшаи кории тасдиқшудаи худ фаъолият мебаранд. Вазифаи аввали кормандони ин шӯъба хизмат расонидан ба хонандагони китобхонаи марказӣ аст. Дар хазинаи ин шӯъба бештар китобҳое нигоҳдорӣ мешаванд, ки бисёр нодир, ҳадявӣ ва теъдодашон кам аст. Аз ин рӯ, хонандагон метавонанд китобҳои ин шӯъбаро танҳо дар зали хониш қироат намоянд. Афзун бар ин, дар ин шӯъба рӯзномаю маҷаллаҳои донишгоҳӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ нигоҳдорӣ мешавад ва хонандагон метавонанд дар зали хониш бо ахбори тозаи матбуоти даврӣ ошно гарданд.
Соли 2014 кормандони ин шӯъба ба ҷуз хидматрасонӣ ба хонандагони худ боз чанд кори дигарро анҷом доданд. Аз ҷумла, ҳамаи китобҳои мавҷуд дар хобгоҳи № 4-ро, ки тайи чанд сол онҷо маҳфуз буданд, ба хазинаи китобхонаи марказӣ бозпас оварданд. Дар давоми ду моҳ - моҳҳои апрел ва май 2802 адад адабиёти мухталифи мавҷуд дар хобгоҳи мазкур аз нав номнавис карда шуда, сипас ба шӯъбаи коркард ва таъмини китобҳо супорида шуд. Ба ғайр аз адабиёти мухталифи мазкур боз 614 адад китобе, ки ҳанӯз коркард нашуда буданд, аз байнашон ҷудо гардида, барои коркард пешниҳод карда шуданд.
Кормандони шӯъба ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи хизматрасонӣ осори мавҷуди ҳадявӣ ва китобҳои нодирро ба ҳам мутаҳҳид сохта, кулли осори хазинави(архив)-ро ба бинои алоҳида кӯчониданд.
Шӯъбаи толори хониш дар се факултет– филологияи тоҷик, таърих ва ҳуқуқ, забони хориҷӣ ва се хобгоҳ– хобгоҳҳои № 2, № 3, № 9 зершӯъбаи худро дорад. Кормандони ин шӯъба ва зершӯъбаҳо пайваста барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва қонеъ гардонидани талаботи донишҷӯён ва устодон адабиёти нав воридшударо ба зершӯъбаҳо сари вақт дастрас менамоянд.

Вуруди китобҳо. Дар соли 2014 ба шӯъбаи толори хониш 470 адад асарҳои тозанашр ворид гардид, ки ҳамаи онҳоро ба чунин навъу миқдор ҷудо кардан мумкин аст:
1)Китобҳои илмӣ-80 адад
2)Китобҳои дарсӣ-249 адад
3)Оммавию сиёсӣ -45 адад
4)Бадеӣ-96 адад

Аз 470 адад китоби нав воридшуда, қисмате ба зершӯъбаҳо тақсим карда шуданд. Маълумоти бештарро дар ин хусус аз нақшаи зер метавон гирифт, ки дар қиёс бо соли 2013 оварда шудааст:  
Шӯъбаи коркард ва таъмини китобҳо
Шӯъбаи мазкур яке аз шӯъбаҳои муҳими китобхонаи марказӣ ба ҳисоб меравад. Зеро номгӯю миқдори умумии китобҳо ва фонди асосии китобхонаи марказиро аз маълумоти ин шӯъба метавон шинохт. Китобҳои мавҷуда ва нав воридшуда нахуст дар дафтари махсуси ин шӯъба қайд карда шуда, пас аз коркарди пурра ба шӯъбаҳои дахлдор тақсим карда мешаванд.
Воридшавии китобҳо. Соли 2014 аз рӯи ҳисоби ин шуъба ба китобхонаи марказӣ 142 номгӯ китоб ворид гардид, ки дар маҷмӯъ 2156 ададро ташкил медиҳанд.
Ивази китобҳо. Поёни соли таҳсили 2013-2014 аз тарафи хонандагон 243 адад китоб гум карда шуда, бар ивазашон 402 адад китоб гирифта шуд.
Теъдоди китобҳо тибқи дафтари инвентарӣ. Тибқи дафтари инвентарӣ ва қайди ин шӯъба теъдоди умумии китобҳои китобхонаи марказӣ зоҳиран ба 495349 адад расидааст. Аммо чунонки зикраш гузашт, солиёни зиёд теъдоди умумии китобҳо аз рӯи ҳамин журналҳои инвентарӣ шуморида мешуд, на аз рӯи китобҳои мавҷудаи хазинаи китобҳо. Айни ҳол чӣ тавре, ки зикр шуд, 376572 адад китоб ба феҳристи электронӣ ворид карда шудааст. Маълумоти мушаххасро дар ин хусус аз нақшаи зер гирифтан мумкин аст:
Китобҳои ба китобхона воридшуда, ки соли 2014 142 номгӯ ва 2156 ададро ташкил медиҳанд, ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Гурӯҳи якум китобҳое, ки аз тарафи муҳосиботи донишгоҳ маблағи онҳо пардохт шудааст, миқдори онҳо 813 ададро ташкил медиҳад. Гурӯҳи дуюм, ин китобҳои туҳфавӣ буда, дар дафтари ғайриинвентарӣ қайд карда мешаванд. Аз маҷмуи китобҳои воридгашта, ки 2156 адад мебошанд, 1075 ададашон ба сабаби маълум набудани нархашон то ҳол дар ин шӯъба нигоҳ дошта шудаанд.
Чунонки зикр шуд, ба китобхона муаллифон ва шахсони алоҳида низ китобҳои хешро ҳадя месозанд. Соли 2014 хонаводаи шаҳрванди шаҳри Чкалов Налгранянов Г.П. 84 адад китобҳои илмӣ ва бадеии русӣ ва профессор Муртазоев Х. 300 адад китобча ва брошураҳои илмиро ба китобхонаи марказӣ ҳадя намуданд. Афзун бар ин, муаллифони дигар низ китобҳои хешро ба китобҳо ҳадя намуданд, ки миқдори умумии онҳоро аз бахши китобҳои ҳадявӣ метавон маълум кард.
Баробари ин кормандони шӯъба ба ҳамаи китобҳои воридгашта ва китобҳои ивазшуда се донагӣ варақа таҳия намуда, ба ҳар яке тибқи таснифоти УДК рақами махсус ва мӯҳр мегузоранд ва баробари ин ба феҳристи корӣ, феҳристи системавӣ ва феҳристи хонандагон (тоҷикӣ, русӣ, ӯзбеки, англисӣ, немисӣ) онро ворид месозанд.
Бидуни корҳои мазкур кормандони ин шӯъба бо шӯъбаи обуна, дастраснамоӣ ва махзани китобҳо якҷоя кор мебаранд. Дар поёни соли хониши 2013-1014 ба шӯъбаи коркард ва таъмини китобҳо аз шӯъбаи обуна, дастраснамоӣ ва махзани китобҳо китобҳои нав ивазшуда ба миқдори 402 адад (бар ивази 243 адад китобҳои гумшуда) ворид карда шуд ва кормандони шӯъба аз рӯи акти №6/2014 адабиёти воридшударо ба қайд гирифта, аз рӯи қоидаи китобшиносӣ коркард карданд ва китобҳои гумшударо аз қайд берун намуданд. Ҳоло ин китобҳо дар ҳоли коркард буда, баъди коркарди комил ба шӯъбаҳо супорида хоҳанд шуд.

Шӯъбаи китобшиносӣ (библиография)
ва хидмати иттилоотӣ

Шӯъбаи китобшиносӣ ва хидмати иттилоотӣ давоми соли 2014 аз рӯи нақшаи тасдиқгардида фаъолият намуда, корҳои назаррасро анҷом дод. Ба шӯъбаи китобшиносӣ дар соли 2014 26 адад китоб ворид шуд. Ҳамагӣ дар хазинаи шӯъба 3768 адад китоб мавҷуд аст. Ҳамаи китобҳои мавҷуда ба феҳристи электронӣ ворид карда шудаанд. Кормандони шӯъба ҳамаи китобҳоро аз рӯи феҳристи системавӣ ва алифбоӣ ба рафҳо гузоштаанд. Коркунони шӯъба пайваста дар чорабиниҳои китобхонаи марказӣ ва донишгоҳ фаъолона иштирок менамоянд. Чунончи:
20-уми феврали 2014 аъзоёни шӯъбаи китобшиносӣ якҷоя бо кормандони китобхона ба ифтихори иди Артиши Миллӣ як чорабинии бошукуҳ ва намоиши китобҳо ташкил намуданд. Дар ин маҳфил мудири шӯъба Мамадқулова З. дар хусуси китобҳои мавҷудае, ки оид ба Артиши Миллӣ баҳс мекунанд, гузориш намуд.
Санаи 3-юми марти соли 2014 як чорабинии илмию адабӣ оид ба иди баҳор ва иди Модар гузаронида шуд, ки дар ин ҷашн собиқ кормандон ва меҳмонони фахрии китобхона Раҳмонова З. ва Хӯҷаева Т. иштирок ва баромад карданд.
Санаи 4- уми март дар хобгоҳи № 3 (хобгоҳи духтароне, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд) вохӯрии донишҷӯён бо Шоири Халқии Тоҷикистон Фарзона баргузор гардид, ки қабл аз оғози он бо саъю кӯшиши мудири китобхонаи ин хобгоҳ– Мавлонова М. ва ҷонишини директори китобхонаи марказӣ оид ба корҳои илмӣ– Худойбердиева О. намоиши китобҳои шоира Фарзона ташкил ва гузаронида шуд.
14-уми марти соли 2014 бахшида ба ҷашни Наврӯз дар даромадгоҳи китобхонаи марказӣ намоиши китобҳои тозанашр гузаронида шуд, ки дар он беш аз 100 нафар устодон, донишҷӯён, меҳмонон ҳузур доштанд.
Санаи 23-юми март дар китобхона бахшида ба омади Наврӯзи Аҷам чорабинии хотирмон доир шуд, ки саҳми кормандони ин шӯъба дар ташкил ва баргузории он шоистаи зикр аст.
Аз рӯи нақшаи шӯъба санаи 26-уми апрели соли 2014 намоиши китобҳои сайёр дар факултети филологияи тоҷик гузаронида шуд.
5-уми майи соли 2014 дар толори хониши КМ бахшида ба Иди Ғалаба чорабинӣ гузаронида шуд, ки дар он мудири шӯъба Худойбердиева О. пиромуни сарчашмаҳое, ки дар бораи ҶБВ ҳикоят мекунанд, гузориш намуд.
Санаи 26-уми июн як чорабинии дигар дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ» гузаронида шуд, ки ба ин муносибат кормандони шӯъба бо кормандони дигари китобхона намоиши китобҳои устодони донишгоҳро ташкил намуданд. Дар ин чорабинӣ мудири шӯъба Мамадқулова З. дар хусуси осори тозанашри устодон маълумоти муфассал дод.
Санаи 2-юми сентябр дар КМ «Рӯзи дониш» ва «Рӯзи китоб» бо тантана ҷашн гирифта шуд. Дар ин ҷашн ҷонишини директор Худойбердиева О. баромад карда, кормандони китобхонаро бо Рӯзи Дониш табрик намуд ва инчунин пиромуни китобҳои тозанашре, ки нав ба КМ ворид шудаанд, иттилоъ дод.
Санаи 6-уми сентябр дар толори хониши КМ бахшида ба иди Истиқлолияти Тоҷикистон ҷамъомад гузаронида шуд, ки дар қатори дигарон чонишини директор Худойбердиева О. низ дар хусуси дастовардҳои даврони истиқлол маърӯза намуд.
Аз 11.09.14 то 21.09.14 барои ҷалби бештари хонандагон дар КМ дарҳои кушод эълон шуд. Ба ин муносибат тибқи ҷадвали махсус устодону донишҷӯёни ҳар факултет ба КМ ташриф оварданд ва кормандони ин шуъба ба тафсил дар бораи асарҳои мавҷудаи КМ, шӯъбаҳо ва тариқи аъзошавӣ ба китобхонаи марказӣ ба 42 гурӯҳи факултаҳои донишгоҳ маълумот доданд. Ин чорабинӣ боис шуд, ки сафи хонандагони КМ ба маротиб афзун шавад.
Кормандони шӯъба пайваста дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятии КМ, умумидонишгоҳӣ ва шаҳрию вилоятӣ фаъолона иштирок меварзанд. Чунончи, дар рӯзҳои сафари кории Президенти кишвар- Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд, ба хусус дар шаҳри Хуҷанд, дар қатори фаъолони дигари шаҳру вилоят чонишини директор Худойбердиева О. ба кушодашавии чандин иншоотҳои нав даъват шуд ва ширкат варзид.
Санаи 3-юми октябри соли 2014 дар қасри фарҳанги «Кохи Рӯдакӣ» бахшида ба «Рӯзи забон» чорабинии бошукӯҳе баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 150 номгӯй китобҳои нодир ва тозанашр ба намоиш гузошта шуд.
Санаи 3-юми ноябри соли 2014 дар театри Камоли Хучандӣ бахшида ба 600-солагии бузургдошти Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он ба ҷуз сарвари китобхонаи марказӣ боз 4 нафар кормандони китобхона Абдуллоева С., Худойбердиева О., Шамсиева М. ва Атохӯчаева Ш. ширкат варзиданд. Кормандони китобхона дар ташкили намоиши китоб, ки дар даромадгоҳи ин макон ташкил карда шуд, саҳми беназир гузоштанд.
Дар давоми 11 моҳи соли равон ба шӯъба 84 нафар хонандагон бо мақсадҳои гуногун ташриф оварданд. Аз тарафи аъзоёни шӯъба ба онҳо 278 маълумот дода шуда, 105 адад асарҳои хазинавӣ дастрас карда шуданд. Чунончи:
1.Тариқи хаттӣ- 82 маълумот;
2.Суроғавию библиографӣ-123 маълумот;
3.Амиқи библиографӣ- 25 маълумот;
4.Мавзӯӣ- 48 маълумот;
Ҳамагӣ: 278 маълумот.

Шӯъбаи китобхонаи электронӣ ва синфхонаи компутерӣ
Соли 2014 вазъи кори шӯъбаи китобхонаи электронӣ ва синфхонаи компутерӣ низ рӯ ба беҳӣ ниҳодааст. Дар моҳи сентябри 2014 (19.09.2014) боз 10 адад компутерҳои нав ба китобхонаи марказӣ дода шуд, ки дар маҷмӯъ теъдоди компутерҳо ба 33 адад расид. Аз ин миқдор 30 ададашон Пентиум 4 ва танҳо 3 ададашон Пентиум 3 мебошанд.
Давоми соли 2014 кулли хонандагони ин шӯъба баробари истифода аз компутерҳо маводҳои лозимаи хешро аз Интернет ба таври ройгон дастрас менамуданд. Аз поёни соли таҳсили гузашта-моҳи июн то моҳи октябр пайвасти компутерҳо ба шабакаи ИНТЕРНЕТ қатъ шуд. Аз оғози моҳи ноябр компутерҳои шӯъба дигарбора боз ба шабакаи ИНТЕРНЕТ пайваст карда шуд ва боиси то андозае афзун гаштани хонандагон гардид.
Лозим ба зикр аст, ки тибқи дархости раёсати таълим қисме аз донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқ имтиҳони ниҳоии худро дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2013-2014 дар ҳамин шӯъба тариқи компутерҳо супориданд. Дар ин ҳангом кулли кормандони шӯъба ҷиҳати дар сатҳи лозима ва шаффоф гузаштани имтиҳонот ёрии амалии худро расониданд.
Шурӯъ аз оғози соли таҳсили 2014-2015 дар баробари кори шӯъба дар синфхонаи компутерӣ дарсҳои фанни информатикаи факултетҳои география ва экология ва биология ва химия баргузор мешуд, ки дар ин ҳангом мудири шӯъба Муҳаммадҷонов М. ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаштани дарсҳо ёрии амалии худро мерасонд ва ҳамзамон ҳамчун муаллими фанни информатика ба донишҷӯён дарс мегуфт.
Давоми сол кормандони ин шӯъба ба ворид намудани баргаҳо ва таҳияи феҳристи кутуби мавҷудаи китобхонаи марказӣ машғул буданд.
Шоистаи зикр аст, ки соли 2014 як адад принтер(Зх1) ба китобхонаи марказӣ дода шуд, ки мавҷудияти он кори китобхона ва ҳам хонандагони онро хеле сабук кард. Дар адои ин амр низ хидмати кормандони шӯъбаи китобхонаи электронӣ ва синфхонаи компутерӣ шоистаи зикр аст.
Бино ба фармоиши ректори донишгоҳ мебоист варианти электронии силлабус ва КТМ-ҳои омӯзгорони донишгоҳ ба ин шӯъба супорида шавад ва донишҷӯён ба таври ройгон аз онҳо истифода намоянд. Ҷиҳати адои ин амр кормандони шӯъба пайваста кор мебаранд ва қисмати маводҳои таълимии овардаи устодонро дар ҷузвдонҳои махсус ва ҳофизаи компутер ҷойгир карда истодаанд.
Замоне, ки компутерҳои шӯъба ба шабакаи ИНТЕРНЕТ пайваст буд, аз шабакаи Интернет якчанд китобҳои лозима гирифта шуд. Аммо аз сабаби бисёр суст будани суръати Интернет, дар моҳҳои июн-октябр ва нимаи дувуми моҳи декабр, аз даҳаи охири моҳи январ то ҳол қатъ гаштани фаъолияти он шумораи китобҳои гирифта бисёр кам аст.
Кормандони шӯъба пайваста ба донишҷӯён барои додани китобҳои электронӣ, истифода аз феҳристи электронӣ ва дарёфти маводҳо аз Интернет(замоне, ки пайваст аст) кӯмаки амалии худро мерасонанд.
Хулоса, вазъи таъмини китобхонаи марказӣ бо китобҳои тозанашр, аъзошавӣ, ташрифоварӣ ва буруншавии хонандагон нисбат ба солҳои гузашта беҳтар гашта, вазъи хидматрасонӣ баъди таҳияи феҳристи электронӣ хеле беҳтар шудааст. Садорати китобхонаи марказӣ ният дорад, ки дар соли 2015 боз чанд корҳои судмандро анҷом дода, тавассути доир намудани чанд чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва беҳтар намудани вазъи хидматрасонӣ теъдоди хонандагони худро афзун намояд. Зеро ба андешаи мо обрӯ ва мақоми китобхона на танҳо ба теъдоди китобҳо, балки ба миқдори хонандагони он низ вобастагӣ дорад.
Директори китобхонаи марказӣ:                                        Зоиров Ҳ.



Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар