ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ШЎЪБАИ ИДОРАКУНИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

Шўъбаи идоракунии сифати таҳсилот фаъолияти худро дар соли таҳсили 2014-2015 бо омўзиши муттасил ва пайвастаи амру фармон ва Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалї Раҳмон, ќарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ќарорҳои Шўрои олимон ва Раёсати Донишгоҳ, наќшаи кори шўъба ощоз намуда, баҳри амалї гардонидани он ќарору фармонҳо наќшаҳои чорабинї матраҳ намуда, баҳри татбиќи амалии он кўшиш ба харж дод. Дар ҶТ низоми миллии таъмини сифат Ҷорї гардидааст. Барои такмили ин низом ворид гардидан ба фазои минтаќавї ва байналмиллалии таъмини сифат ба маќсад мувофиќ аст. Аз ин рў дар ДДХ ба номи академик Б.Ѓафуров солҳои охир шўъбаи идоракунии сифати таҳсилот фаъолият дорад. Алҳол дар шўъба 4 нафар фаъолият доранд.

  1. Раҳмонов З.П. –номзади илмҳои педагогї, дотсент- мудири шўъба.
  2. Султонов Р.- муовини мудири шўъба.
  3. Ҳабибуллоева М.- номзади илмҳои филологї, дотсент-сармутахассиси шўъба.
  4. Аҳмадҷонова М. нозири шўъба.


Аъзоёни шўъба тибќи низомномаи шўъбаии идоракунии сифати таҳсилот аз рўи вазифаҳояшон фаъолият доранд. Шўъбаи идоракунии сифати таҳсилот соли 2007 ҳамчун бахши назорати сифати таълим таъсис дода шуда, баъдан аз соли 2011 то инҶониб чун шўъбаи идоракунии сифати таҳсилот дар ДДХ ба номи академик Б. Щафуров фаъолият бурда истодааст. Аввалин кормандони шўъбаи мазкур дотсентон Назаров Р.Р, Саидов Ҳ.Р., Раҳмонов З.П., Ўлмасов М., Сабуров М. ва дигарон буданд. Шўъба бо маќсади иҶрои стандартҳои давлатии таҳсилот ихти-сосҳои дар Донишгоҳ амалкунандаро назорат карда, ба Ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши донишҶўён, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб ва ба талаботи замон Ҷавобгў ва дигар дигар самтҳои раванди таълимии фаъолияти Донишгоҳ баҳо медиҳад. Идоракунии сифати таҳсилот дар Донишгоҳ аз рўи 2 самт сурат мегирад: таъмини сифат ва рушди сифати таълим. Фаъолияти шўъба пеш аз ҳама ба таҳлилу натиҶабардорї ва такмил додани сифати таълим равона карда шудааст, ки самти асосии сифати таҳсилотиро инҳо ташкил медиҳанд

Фаъолияти имрўзаи шўъба

Яке аз вазифаҳои аввалин дараҶаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ба таври воќеї баҳо додан ба сатҳи сифати дониш, маҳорат ва малакаи донишҶўён ва нишон додани дастовардҳои онҳо дар азхуд намудани илму дониш мебошад. Ҳамчунин бобати ташкил ва гузаронидани бомаќсади мониторинги сифати таҳсилот ин вазифаи раванди таълим ва талаботи Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои олии касбии ҶТ аст. Мониторинг рукну ќоидаҳои муҳими роҳбарию идоракунї, омўзиш, санҶиш ва баррасии анҶому натиҶаи кор, Ҷараёни таълиму тарбия ва ѓайраро баррасї менамояд. Шўъбаи идоракунии сифати таҳсилот бо маќсади беҳдошти сифати таълим ва сари ваќт гузаронидани мониторинг ва зинаҳои он дастури методии «Тавсиянома оид ба гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот» таҳия намуда, ба ҳамаи факултетҳои дахлдор намунаи онро дастрас гардонид.
СанҶишҳо нишон дод, ки факултетҳо ба ташкил ва ќабули мониторинги сифати таҳсилот диќќати махсус зоҳир намуда, дар сатҳи кафедра, деканат ва раёсат тибќи тавсияномаи мониторинги сифати таҳсилот гузаронида шуданд. НатиҶаҳои он ба ШИСТ дар шакли электронї пешниҳод карда мешавад.
Шўъбаи идоракунии сифати таҳсилот дар ҳамкорї бо Раёсати таълим тасмим гирифт, ки бо маќсади баланд бардоштани сифати таҳсилот ва таҳкими фаъолияти устодони пешќадаму навжў дар соли таҳсили 2014-2015 озмунҳои «Рушди сифати таълим» ва «Муаллими сол»ташкил намояд.
Маќсад аз роҳандозии озмунҳои мазкур пеш аз ҳама баланд бардоштани сифати таҳсилот, санҶиш, малака ва маҳорати устодон дар Ҷодаи гузаронидани дарсҳои босифат тавассути усулҳои муосири таълим, истифода аз тарзу усулҳои фаъолу навгаро (инноватсионї), корбасти шаклҳои нави дарс, ба монанди дарсҳои эҶодї, ҳисоботї, дарс-панорама ва ба ин васила фаъол гардонидани раванди таълиму тадрис, таҳким бахшидани Ҷанбаъҳои илмию назарї, таълимию методии дарс, ба таҳрик андохтани фаъолияти самараноки донишҶўён барои мутахассиси соҳибкасб ва дар бозори меҳнат раќобатпазир шудан, ҳамчунин ҳамгиро шудан бо низоми Ҷаҳонии таҳсилот ва дар он маќоми шоистаи худро пайдо намудан мебошад.
Бо маќсади боз ҳам такмил додани раванди таълим ШИСТ тибќи наќшааи кори шўъба, байни устодон ва донишҶўён пурсиши афкор мегузаронад.
Бо маќсади такмил ва пурра ворид шудан ба тарзи муаррифии фанҳои таълимї дар Донишгоҳ санаҳои 14.01.- 16.01.2015 ва 20.01.2015 семинар –машварат бо иштироки мутахассисони соҳибтаҶриба, доктори фанҳои иќтисод Авезова М.М., дотсентон Солиев О. ва Ѓуломнабиев С. аз ДПДТТ ба номи М.С. Осимї, дотсент Абдуллоев А. аз ДДХ ба номи академик БобоҶон Ѓафуров гузаронида шуд. Дар ќисмати ифтитоҳии семинар-машварат ректори ДДХ ба номи академик БобоҶон Ѓафуров дотсент Маќсудов А.Т. ќайд намуд, ки дар Ҷомеаи имрўза маќоми макотиби олї дар тайёр намудани мутахассисони ба талаботи замон Ҷавобгў хеле назаррас аст. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро лозим аст, ки истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро дар Ҷараёни таълим ба роҳ монанд, таҶрибаи байналмилалиро омўзанд, наќшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи бозори дохиливу Ҷаҳонии меҳнат ва таҳсилот мутобиќ гардонанд. Дар охири семинар-машварат байни устодон мубодилаи афкор доир гардида, рожеъ ба масоили сифати дарсҳои назарї ва амалї дар низоми кредитии таҳсилот фикру андешаҳои муҳим иброз гардиданд.
Алҳол, шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот дар фаъолияти худ баҳри таъмин ва рушди сифати таълим дар Донишгоҳ чораҳои заруриро андешида истодааст.


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар