ба қафо
ВОХӮРИИ МУДИРИ ШӮЪБАИ КОР БО ҶАВОНОНИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БО ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ ЯКУМИ ФАКУЛТЕТИ ПЕДАГОГӢ
2017-09-08
Дар факултети педагогӣ, вохӯри донишҷӯёни курси якум бо мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони раёсати донишгоҳ Эҳсон Наврӯзов вобаста ба пешвози иди Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шӯъбаи кор ҷавонони раёсати донишгоҳ Эҳсон Наврӯзов оид ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуда барои омӯзиш ва риояи донишгоҳ ва нишон додани маърифати инсони даъват намуд. Ҳамчун таъкид карда шуд, ки ҷавонон бо дониши хубу рафтори намунавӣ бояд шоистаи ибрат бошанд ва бо ин дар ободии кишвари азизамон саҳмгузор бошанд. Дар вохӯрӣ Э. Наврӯзов донишҷӯёнро ба ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ даъват намуда, онҳоро барои бо шукӯҳи хоса пешвоз гирифтани 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамун сохт.
Дар маърӯза инчунин ба самъи донишҷӯён мазмуну мӯҳтавои фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 01.05.2017 таҳти №1518 “Дар бораи аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бе ҳуқуқи барқароршавӣ хориҷ намудани донишҷӯёне, ки бо мошинҳои шахсӣ ба муассисаи таълимӣ меоянд” мавриди баррасӣ қарор дода шуда, таъкид гардид, ки татбиқ ва амалӣ гаштани ин фармон аз ҷониби донишҷӯён масъулияти ҷиддиро тақозо мекунад.
Дар хотима донишҷӯён фикру андешаҳои худро ҷиҳати ҷонибдорӣ ва саривақтӣ будани талаботи мазкурро баён доштанд.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
Аз назар гузарониданд:806 нафар
баён кардани ахборот