Бо мақсади дарёфти донишҷӯёни боистеъдод дар кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети география маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони “Эколог” баргузор гардид. Дар маҳфил донишҷӯёни факултети мазкур Ш. Маҳмудов, Ш. Нозимхон ва С. Раҷабов бо маърӯзаҳои пурмӯҳтавоу таҳлилиии худ бобати тозагии муҳит ва ҳифзи он, ҳифзи захираҳои оби нӯшоки дар ҷаҳон, тағирёбии сифати муҳити зистҳангоми истифодаи моддаҳои химиявӣ, баромад намуданд.
Маҳфил бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён баҳсу мунозира ҷараён гирифта барои муҳассилини факултет заминаи муҳими илмомӯзӣ гардид.
Дар ҷамбасти маҳфил мудири кафедра дотсент М.С. Собиров ба сухан баромада донишҷӯёни дигарро барои шомил шудан ба ин маҳфил ва ҳисси худро баҳри тозагии атроф ва муҳити зист даъват намуд. Маҳфил хуб ва хотирмон гузашт.
Маркази иттилоот ва таҳлил







