ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
АНҶУМАНИ САОДАТОФАРИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
2017-11-13

Имрўзҳо тамоми мардуми Тоҷикистонро рўҳияи идонаву ҳисси ифтихор фаро гирифтааст, зеро мо дар остонаи ҷашни таърихӣ қарор  дорем.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар факултети педагогӣ чорабинии тарбиявӣ  таҳти унвони «Анҷумани саодатофари миллати тоҷик» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур иштирокчии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакили халк (аз ҳавзаи № 100) Мирзоев Мансур  Ҳакимович, устоди факултети таърих Р.Р. Юлдошев устодони факултет ва 136 нафар донишҷўён иштирок доштанд.

Чорабиниро декани факултет  С. Рабиев  ҳусни оғоз  бахшида, суханро  ба  устод  Р.Р. Юлдошев супорид. Мавсуф дар баромади худ  «Аҳамияти таърихии Иҷлосияи тақдирсози миллат» маълумоти  таърихан  дақиқ, илман асосноку мазмунан   таъсирнокро  пешниҳоди донишҷўён  гардонид.

Сипас,  суханро  иштирокчии Иҷлосияи  XVI  Шўрои  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  вакили халк Мирзоев Мансур  идома  дода, хотираҳои  он рўзҳои  барои миллати тоҷикро вазнинро  ёдовар шуда,  зикр  кард, ки ҳар як рўйдоди  таърихӣ  бо гузашти айём аҳамият, зарурат ва натиҷаҳои   худро дар тақдири   халқу  миллат  исбот менамояд.  Мегўянд:  «вақт  довари  ҳақ  аст»  ва шояд  25 сол дар назди таърих  муддати тўлонӣ набошад, лекин дастоварду  комёбиҳои тоҷиконро  дар ин муддат нодида  гирифтан  хатои махз  аст.

Дар  чорабинӣ  гурўҳи донишҷўён  дар васфи  Ватан, Пешвои миллат, ҷавониву дастовардҳои даврони Истиқлолият шеърҳо қироат  карда, ба он ҳусни маънӣ зам намуданд.

Дар хотима байни меҳмонону донишҷўён лаҳзаи саволу ҷавоб  баргузор карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

 

 vv

Аз назар гузарониданд:601 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар