ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
“ГАНҶИ СУХАН” ДАР МЕҲМОНИИ ДОНИШГОҲ
2017-11-14

Нишасти  156 - умини маҳфили илмию адабии “Ганҷи сухан”, бахшида ба Рӯзи Президент ва 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, санаи 13-уми ноябри соли 2017 дар толори раёсати донишгоҳ баргузор гардид.

Ба маҳфил садри он номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саидумрон Саидов ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва устодону шогирдонро бо ҷашнҳои дар боло зикргардида табрик намуд.

Сипас, ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода перомуни мавзӯи “Дар остони ҷашнҳои бузург” суханронӣ намуд ва гуфт: боиси хушбахтӣ аст, ки маҳфили нишасти 156-умини илмию адабии “Ганҷи сухан” дар ин боргоҳи илму маърифат, ки зодгоҳи асосии маҳфил ба ҳисоб меравад, баргузор мегардад. Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун муқаддимаи  таърихи Истиқлолияти давлат ва саодатномаи сарнавишти миллати тоҷик  ба халқу миллати мо аҳмият ва арзиши баланд дорад.

Баъд доктори илмҳои таърих, профессор Ваҳоб Набиев  дар мазӯи “Тулӯи офтоби саодат” баромад кард. Ӯ дар баромади хеш қайд кард, ки маҳз Пешвои муззами миллати моро дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори қасри маданияти Арбоб иштирокчиёни иҷлосия бо як ҷаҳон меҳру ихлос интихоб намуданд.

Дар бахши “Минбари адибон” устоди донишгоҳ, адиби нуктасанҷ Нуралӣ Нурзод порчаҳои шеър аз эҷодиёти Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ қироат кард.

Аз тарафи донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики донишгоҳ, дар мавзӯи “Достони Ватан” шеърҳову гуфторҳо қироат карда шуд, ки он писанди  аҳли толор гардид, зеро дар ҳар байти зикршуда, оид ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва соҳибистиқлол гардидани мамлакат дар зери роҳбарии Пешвои муаззами миллати  мо, ки фарзанди фарзонаи меҳан мебошад, Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуданд.      

 

Маркази иттилоот ва таҳлил  

 

Аз назар гузарониданд:633 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар