ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
АСОСҲОИ ПЕДАГОГӢ – ПСИХОЛОГИИ РАВАНДИ ТАҶРИБАОМЎЗӢ
2017-11-15

Дар факултети педагогӣ  конфронси ифтитоҳии  таҷрибаомўзони  шўъбаи рўзона баргузор гардид. Конфронсро  декани факултет  дотсент С. Рабиев ҳусни оғоз бахшида, оид ба вазифа, мақсад ва аҳамияти  тарҷрибаомўзӣ  ва мавқеи он  дар баланд шудани сатҳи касбии донишҷўёну  азхудкунии таҷрибаву малакаи педагогӣ  сухан  ронда, аз рўӣ  мавзўи  «Асосҳои  педагогӣ – психологии раванди таҷрибаомўзӣ » риштаи суханро ба дотсенти кафедраи назария ва методикаи  таълими забони модарӣ Э. Шарипов  супорид.

Дотсент Э. Шарипов бо  овардани далелҳои мушаххасу  илман  асоснок оид ба тартибу низоми таҷрибаомўзӣ, муносибат, тарзи ҳуҷҷатнигорӣ, риояи интизоми меҳнат, усули ба роҳ мондани мушоҳидаи психоливу кор бо кўдакони  синни хурди мактабӣ маълумоти мушаххасро  пешниҳоди донишчўён  намуд.

 Сипас,  дотсенти кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ доир ба мавзўи  «Роҳу усулҳои  гузаронидани соат  ва чорабиниҳои  тарбиявӣ» маърўза намуда, зикр дошт, ки тарбияро аз таълим муқаддам мешуморанд, яъне муқаддимаи таълим аз тарбия аст. Бинобар ин дар ҷараёни  таҷрибаомўзӣ гузаронидани чорабиниву соатҳои тарбиявӣ яке аз масъалаҳои калидӣ  маҳсуб меёбад  ва ҳамарўзаву   ҳамасоата бояд дар мадди назари ҳам  мушовирон ва ҳам донишҷўён  қарор дошта бошад.

Дар охир  роҳбари  умумии  таҷрибаомўзӣ  дотсент Ў. Сатторов  донишҷўёнро бо фармони ректори донишгоҳ Ҷўразода  Ҷ. Ҳ. оид ба  таҷрибаомўзӣ  шинос  намуда, матни онро қироат кард.  Мушовирону  донишҷўён  баъди шунидани матни фармон  ва амиқ  намудани мактабу  роҳбарон  ба мактабҳои  таъиншуда  раҳсипор  гаштанд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:650 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар