ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ТАҶРИБАИ ОМӮЗГОРӢ – ОМИЛИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҲОРАТИ КАСБИИ ДОНИШҶӮЁН
2017-11-15

Дар толори маҷлисгоҳи факултети физикаю техника  бахшида ба оғози таҷрибаомӯзии омӯзгории донишҷӯёни  курси 4 ихтисоси физика ва курси 5 ихтисоси физика – математика конфронс баргузор гардид. Дар конфронс  декани факултет Р. Назаров, муовини декан оид ба таълим   А. Ҳоҷибоев, мудири кафедра Л. Тошхоҷаева ва мушовирон аз ихтисос ва кафедраҳои педагогикаю психология иштирок намуданд.

Дар оғози конфронс декани факултет Р. Назаров баромад намуда, донишҷӯёнро барои бо муваффақият пеш бурдани корҳои таълиму тарбия, истифодаи усули фаъоли таълим дар амал, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, омӯхтани таҷрибаи пешқадами омӯзгорон, такмили маҳорати касбӣ ва истифода бурдани навгониҳои илму техникаро  дар раванди машғулиятҳо хоҳиш намуданд.

Инчунин, устоди гиромиқадру ахтаршиноси маъруф, профессори кафедраи физикаи назариявӣ ва методикаи таълими физика Ҷ. Латипов баромад намуда, аз донишҷӯён, ки нерӯи тавонои ҷомеаанд даъват ба амал оварданд, ки бояд давраи таҷрибаомӯзиро дар муассисаҳои таълимӣ зери назорати мушовирон босамар гузаронида, бештар ба омӯзиши илму дониш ва нозукиҳои касби омӯзгорӣ машғул гарданд.

Сипас тибқи фармоиши ректори донишгоҳ донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳия сафарбар гардиданд.

Ҳамзамон донишҷӯён изҳор намуданд, ки   “Соли 2017- Соли ҷавонон”-ро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст менамоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

 

 

 

 

Аз назар гузарониданд:665 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар