Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар факултети молия ва иқтисодиёти бозор чорабинии таълимию тарбиявӣ таҳти унвони “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – поягузори давлати навини тоҷикон” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур иштирокчии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.и., профессор Абдулло Орипов, устодон ва 140 нафар донишҷўёни факултет иштирок доштанд.
Чорабиниро декани факултет д.и.и., профессор А.Қодиров ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо меҳмонони арҷманд шинос намуданд ва оид ба ҷашни Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуданд. Дар меҳмони ҳузур доштанд профессор Абдулло Орипов ва мудири шӯъбаи ғоибонаи донишгоҳ М. Маҳмадшоев маррифи доштанд.
Сипас, сухан ба иштирокчии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Орипов дода шуд, ки доир ба рӯзҳои баргузории ҷаласаи таърихӣ, муҳити иҷтимоию сиёсии кишвар, мушкилиҳои иқтисодӣ ва онвақтаи миллати тоҷикро ва вазъи нооромии ҷумҳуриро ёдовар шуда ҳаллу фасл ёфтани масъалаҳои муҳими тадирсозро пешкаши ҳозирин намуданд.
Пас аз сухани А. Орипов декани факултет А.Қодиров доир ба аҳамияти Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти имрӯзаи мо ибрози андеша дошта меҳмонони таклифшударо сидқан минатдорӣ намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ байни меҳмонону донишҷўён саволу ҷавоб баргузор гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлилv







