ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОРИ ДДХ БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ БА МУНОСИБАТИ 25-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШЎРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
2017-11-16

Устодони арҷманд, ҳамкорон ва шогирдони гиромӣ!

Таҷлили бисту панҷумин солгарди Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иқдоми сарнавиштсоз, заминаи барқарорсозандаи сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон, аз ҷумла мо устодону донишҷӯён рӯйдоди воқеан таърихӣ ва арзишманд мебошад.

Таърихи 25-солаи баргузории ин рўйдод собит сохт, ки кишвари фалаҷгашта ва ба хоку ҷангу хун яксон ба як мамлакати мустақили воҳид, демокративу ҳуқуқбунёд, ободу зебо, аз ҷиҳати иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт такомулёфта мубаддал гардид. Ваҳдату ягонагӣ ва ҳамдилии тамоми мардуми кишвар таъмин гардида, пеши роҳи нооромиҳо, парокандагии миллат, хатари пошхўрии ягонагии давлат, маҳалгароӣ, хунрезиҳо, гуруснагӣ ва ҷинояткориву ҳуқуқвайронкуниҳои беасос гирифта шуда, соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар инкишоф ёфта, шароити зиндагии сокинони мамлакат рў ба беҳбудӣ ниҳод.

Воқеан, Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ нуктаи гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсии мамлакат, сароғози таърихи навини даврони истиқлолият ба ҳисоб рафта, бо шарофати худ ба арсаи сиёсат ва марҳилаи давлатсозиву давлатдории Тоҷикистон шахсиятеро муаррифӣ ва ворид намуд, ки имрўз ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат ва муаллифи лоиҳаи нодири сулҳофаринӣ дар саросари ҷаҳон эътироф гардидааст. Ба таъбири дигар, ба майдони сиёсати аз минбари Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадам гузоштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ собит намуд, ки Тоҷикистон дар марҳилаи нави давлатдориву давлатсозии хеш бори дигар соҳиби раҳбар ё лидери сиёсие гардиданд, ки миллат ва давлатро аз вартаи нобудӣ ва ҳалокат наҷот бахшида, давлатдории миллии тоҷиконро дар марҳилаи нави таърихӣ асос гузошт. Корнамоиву қаҳрамониҳо, ташаббускориҳо, далериву шуҷоатмандӣ, сулҳпарварӣ, роҳнамоӣ сохтани ҷомеа ба бунёди кишвари ободу зебо, солиму созанда ва дигар корномаҳои ин қаҳрамони миллат имрўзу оянда намунаи ибрат ва дарси ҳаёти пурмазмуну маънавиёти баланд барои ҳар як сокини Тоҷикистон, хоса, ҷавонони кишвар мебошад. 

Қаҳрамониву диловарӣ ва номуси ватандории ин шахсияти барҷаста мардуми тоҷикро аз зери хатар ва ҷангҳои хонумонсўз наҷот бахшид, гурезаҳоро аз кишвари ҷангзадаи Афғонистони ҳамсоя баргардонида, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид. Ба одамони гумроҳ ва хусусан ба сардорони дастаҳои мухолиф ғояи ягонагии миллӣ ва худшиносии миллиро талқин намуда, тавонист онҳоро гирди худ муттаҳид созад.  

Пешвои миллат дар ҳама ҳолат, ҳатто дар рўзҳои вазнинтарини ҷанги шаҳрвандӣ ба дурахшонии ояндаи миллати хеш умеди калон доштанд ва ҳамин ғояҳои наҷиб барои ташаккул додани ваҳдати миллӣ дар тафаккури сокинони кишвар нақши муҳим бозид. Чунончӣ, дар яке аз муроҷиатномаҳои худ соли 1992 ба мардуми шарифи Тоҷикистон иброз намуда буданд: «...Барои ноил шудан ба нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Ҳамин ният, иродаи қавӣ ва нигоҳи умедбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ба мардум пайки наҷот ва рузгори босаодатро мужда расонад.

Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ҳамчун фоли нек тақдири халқу миллатро ҳал намуда, на танҳо тифли дар гаҳворабудаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи дурахшони ўро низ муайян сохт.

Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин санаи таърихӣ дар пешрафти ҳаёти ҷомеа ва давлат дар назди ҳар як фарди солимфикру худогоҳи кишвар, аз ҷумла мо устодон ва донишҷӯён вазифаҳои басо муҳим ва масъулиятнок қарор доранд, ки яке аз муҳимтарини онҳо ин омӯзиш, тарғибу ташвиқи аҳамияти таърихии Иҷлосияи тақдирсози миллат мебошад. Бо ин восита мо метавонем дар тафаккур ва хислати мардум, бахусус ҷавонон ҳисси баланди ватандўстиву худогоҳӣ, шуҷоату диловарӣ ва умед ба ояндаи дурахшони кишварро тақвият бахшида, масъулияти онҳоро дар ободиву шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон баланд бардорем.

Бори дигар ҳамаи Шумо устодону ҳамкорон, шогирдони азизро ба муносибати 25-умин солгарди Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, рўзгори орому осоишта, зиндагии шоиста ва сарфарозиву иқболи баландро орзу менамоям.  

Саломату сарбаланд бошед!

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

 

 

 Устодони арҷманд, ҳамкорон ва шогирдони гиромӣ!

Аз назар гузарониданд:586 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар