ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ИШҚ ДАР АШЪОРИ ФАРЗОНА
2017-11-16

Дар факултети забонҳои шарқ бо устоди шинохтаи донишгоҳ дотсент Саидмурод Ҳоҷиев оид ба мавӯъоти ашъори шоираи Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзона баргузор гардид. Дар ин маҳфил донишҷӯёни курси якуми ихтисосҳои хитоӣ-англисӣ ва тоҷикӣ-узбекӣ ширкат варзиданд.

Сараввал декани факултет сухан намуда, устод Ҳоҷиев С.-ро муаррифӣ намуданд, сипас роҷеъ ба ҳаёт ва зиндагиномаи шоира Фарзона маълумоти мухтасар доданд. Пас аз он устод Ҳоҷиев С. маҳфилро роҳбарӣ намуда, дар мавзӯи «Ишқ дар ашъори Фарзона» сӯҳбат оростанд. Зимни сӯҳбат устод порчаҳо аз ашъори Фарзона қироат менамуданд, абёти қироатшударо шарҳу тавзеҳ медоданд. Аз донишҷӯён баъзан ба воситаи саволҳо доираи андешаи донишҷӯёнро  оид ба ашъори Фарзона, шеърфаҳмии онҳор фаҳмиданӣ мешуданд.  Сӯҳбат хеле гарму хотирмон гузашт.  Дар интиҳои суҳбат якчанд нафар донишҷӯён аз ашъори шоираи Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзона қироат намуданд. Суҳбатро боз ҳам декани факултет ҷамъбаст намуда, ба устод миннатдориро аз номи  аҳли маҷлис баён карданд. Ҳамин тавр сӯҳбати ҳам омӯзишӣ ва ҳам тарбиявӣ басо хотирмон ва дар сатҳи матлуб гузашт.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:645 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар