ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 85-СОЛАГИИ ПРОФЕССОР ШОДИЕВ ЭРГАШАЛӢ
2017-11-16

Дар бинои факултети забонҳои шарқ конференсияи илмӣ-амалии  бахшида ба 85-солагии профессор Шодиев Эргашалӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намоянда аз раёсати донишгоҳ мудири шӯъбаи табъу нашри донишгоҳ дотсент Н. Ҳамробоев, кулли устодони факулта, дӯстону пайвандони устод Э. Шодиев, шоирони узбекзабони вилоят, рӯзноманигорони рӯзномаҳои вилоятиву ҷумҳуриявии ба забони узбекӣ нашршаванда ширкат варзиданд.

Конференсияро декани факултет дотсен Ф. Ғиёсова ҳусни ифтитоҳ бахшида ҳамаи меҳмонон ва иштирокчиёни конфронсро хайра мақдам намуда, суханро ба намояндаи раёсати донишгоҳ дотсент Н. Ҳамробоев доданд. Н. Ҳамробоев сараввал барои даъват намудан ба чунин як ҷамъомади бошукӯҳ миннадорӣ баён карда, сипас табрикот ва таҳнияти раиси донишгоҳ бахшида ба 85-солагии устод профессор Э. Шодиев–ро барои ҳозирин расониданд. Сипас оид ба ҳаёт ва фаъолияти ин донишманди бузург сухан ронда ба таъкид қайд намуданд, ки зиндагии устод барои ҳамаи мо ва ба хусус  насли ҷавон боиси омӯхтан ва пайравӣ кардан мебошад.

Маърӯзачии дигар тибқи барнома устоди кафедраи забону адабиёти узбек ва методикаи таълими он, профессор А. Абдуқодиров баромад намуда, роҷеъ ба фаъолияти илмии устод як маърӯзаи басо пурмӯҳтаво ва ҷолиб карданд. Зимни маърӯза устод оид ба китобҳое, ки замони зиндагӣ ва фаъолияти илмиашон таҳия карда буданд муаррифӣ карданд. Оид ба таҳқиқоте, ки дар бораи шоирони зуллисонайни қарни ХХ ҳавзаи адабии Хуҷанд ба анҷом расонидаи профессор Шодиев Э.-ро матраҳ намуданд.

Маърӯзачии дигар устоди кафедраи забону адабиёти узбек ва методикаи таълими он, дотсент Мавлонбердиев баромад намуда роҷеъ ба фаъолияти педагогии устод Э. Шодиев барои аҳли нишаст маърӯза намуданд.

Маърӯзачии дигар дотсенти ҳамин кафедра Суюнов оид ба тарзи гирдоварии маводҳо, китобҳои нодир ва дигар сарчашмаҳои аввалияро барои шунавандагон муаррифӣ карданд.

Дар хотимаи конфронс пайвандони устод, ки аз роҳи дурру наздик барои иштирок дар кори конфронс тай намудавнд омада буданд сухан дода шуд. Духтари он кас Шодиева М., ки устоди фанни география-биология дар МТМУ №22 шаҳри Хуҷанд ва набераи он кас устоди фанни забону адабиёти рус дар техникуми нефту гази шаҳраки Нефтободи ноҳияи Исфара баромад намуда, барои ташкилкунандагони чунин як конфронси сатҳи баланд  миннатдории худашонро аз номи оилаи калони Шодиевҳо байн намуданд.

Сипас ҳусни хотимаро низ декани факултет бо суханони миннатдорӣ барои дастгирӣ ба раёсати донишгоҳ, махсусан ректор профессор Ҷӯразода Ҷ.Ҳ., бахши илми донишгоҳ Х. Сабуров ва барои пайвандон, ки дар сатҳи баланд гузаштани чорабинӣ кӯмак расониданд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:684 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар