Маҳфили илмию амалии навбатии кафедраи умумидонишгоҳии «Информатика» таҳти унвони «Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли ҷавонон ва 85-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров дар синфхонаи №301-и бинои таълимии №3 доир гардид, ки дар он устодони кафедра ва донишҷўён иштирок намуданд.
Ба маҳфили илмӣ-амалӣ мудири кафедра, дотсент Ҳусейнбой Аҳмедов ҳусни оғоз бахшида, аз мақсади ташкил кардани ин маҳфил ва ҳадафҳои асосии он ҳарф зад. Номбурда дар баромади хеш зикр кард, ки иштирокчиёни навбатии маҳфили илмию амалии “Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” донишҷўёни соли аввали факултети забонҳои шарқ мебошанд.
Озмуни мазкур аз рўи 3 шарт «Саволу ҷавоб тариқи шифоҳӣ», «Кор бо тахтаи электронӣ» ва «Ворид намудани матн ба компютер» ба роҳ монда шуд, ки донишҷўён бо лаёқати баланд иҷро намуданд.
Дар ин маҳфили илмию амалӣ барои шаффоф гузаштани он аз тарафи устодони кафедра ҳайати ҳакамон иборат аз чор нафар вобаста карда шуданд, ки онҳо баъди иҷрои ҳар бахш баҳогузорӣ менамуданд.
Сазовори ҷойи якум донишҷўйи соли аввали факултети забонҳои шарқ Абдумаликзода Мухлиса, ҷойи дуюм Абдусамиев Дилшод ва ниҳоят зинаи сеюм насиби Каримова Шоҳсанам гардид.
Устод Ҳусейнбой Аҳмедов барои ғолибони маҳфил аз номи ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷўразода ифтихорнома ва дигар тўҳфаҳои хотиравиро супорида, ва аз ҷумла қайд кард, ки ин гуна маҳфилҳо бо донишҷўёни соли аввали дигар факултетҳо низ гузаронида мешаванд. Ҳадаф аз баргузории маҳфилро устод ҳамчун бедор намудани шавқу рағбати донишҷўён нисбат ба омўзиши фанни информатика баҳо дод.
Маркази иттилоот ва таҳлил







