Дар факултети филологияи точик бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи сиёсӣ- адабӣ бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид. Декани факултет Мухаббат Тиллохучаева хозиринро бо Рӯзи Президент ва Ичлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Баъдан мудир кафедраи адабиёти муосири точик дотсент Субхони Аъзамзод дар мавзуи «Рӯзи Президент –рӯзи ҳифзи арзишҳои муқаддас» маъруза намуда, кайд кард, ки бо заҳматҳои пайвастаи хеш Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кишвари тоҷиконро аз нобасомониву парокандагиву нигоҳ дошта ҳамчун роҳбари тозаинтихоби кишвар барои ба ҳам овардани зиёда аз як милион шаҳрвандони гуреза ҷонбозиҳои бемисл намудааст. Ҳамзамон номбурда дар идомаи суханрониша зикр намуд, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон насли мухталифи ҷомеаро ба қадрдонӣ ва қадршиносии фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат водор месозад, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва ояндабинонаи Пешвои миллат равона шудааст. Таҷлили ин рӯзи муҳим, ки ба хизматҳои тақдирсоз ва бузирги ин чеҳраи мондагори таърих бахшида шудааст барои насли баъдии миллат бояд талқин кард».
Дар охири чорабини аз чониби донишчуёни компазитсияи сиёсӣ-адабӣ таҳти унвони «Достони Ватан» гузаронида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







