ба қафо
ТУҲФА ДАР РЎЗИ ДОНИШ
2017-09-13
Дар оғози соли хониш дар маросими таҷлили рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки муовини раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода ва муттахассиси пешбари Шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Мирзотоҳир Набиев ду майдончаи варзишии хурд дар микроноҳияи 17-уми шаҳри Хуҷанд дар шафати биноҳои таълимии №1 ва №2 ба истифода дода шуданд. Дар маросими ифтитоҳ донишҷўёни варзишгар ва собиқадорони соҳа иштирок намуда, барои ин ибтикор ва дастгирӣ ба раёсати донишгоҳ изҳори сипос ва миннатдории худро баён намуданд.
Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷўразода қайд намуд, ки ин иқдом бо мақсади татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва Барномаи “Соли 2017-Соли ҷавонон” роҳандозӣ гардида, метавонад ба ҳифзи солимии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси зебопарастии онҳо мусоидат намояд.
Қобили зикр аст, ки сохтмони ин ду майдончаи мазкур бо сарпарастии ҶДММ «Садаф Чан Юй» ба анҷом расида, дар маҷмўъ 1,439 м2 –ро ташкил медиҳанд, ки аз он 989 м2 майдони футболбозӣ ва 450 м2 майдончаи баскетболбозӣ мебошад.
Маркази иттилоот ва таҳлил
Аз назар гузарониданд:530 нафар
баён кардани ахборот