ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
МУАРРИФИИ КИТОБИ «ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА СИЁСАТИ ЗАБОН» ДАР КИТОБХОНАИ МАРКАЗИИ ДОНИШГОҲ
2017-11-20

Дар арафаи таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили муаррифии китоби тозанашри «Пешвои миллат ва сиёсати забон» доир гардид. Дар кори маҳфил меҳмонон аз раёсати донишгоҳ, зери роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло, инчунин мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Шамсиева Манзура ва дигар устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Нахуст директори китобхонаи  марказии донишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ромиз Абдуллоев дар маҳфил доир ба нақши Пешвои миллат дар самти эҳёи арзишҳои маънавӣ ва мероси гаронбаҳои халқи тоҷик, ки шахсиятҳои барҷастаеро бап тамаддуни ҷаҳони эҳдо намудааст, ишорат намуд. Мавсуф дар мавриди китоби тозанашри «Пешвои миллат ва сиёсати забон» мулоҳизаҳои хешро баён намуда, аз ҷумла қайд қайд кард, ки роҳандозии ин иқдоми наҷиб боиси бозгў гардидани яке аз хидматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мегардад, ки ин масъала забон аст. 

Сипас, мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Манзура Шамсиева ба сухан баромада аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шахсан Раиси вилоят аҳли маҳфилро бо ин дастовард намуд. Профессори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик Абдусаттор Абдуқодиров таҳти унвони «Чанд сухан дар атрофии китоби «Пешвои миллат ва сиёсати забон», дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Нуралӣ Нуров таҳти унвони «Нақши пешвои маллат дар тарғибу таҳқиқи мероси фарҳангии ниёгон» ва инчунин дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ Мўсо Олимҷонов таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар таҳқиқи таърихи забон» маърўза карданд.

Ректори донишгоҳ профессор Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло бо ёдоварӣ аз хидматҳои арзандаи  Пешвои миллат дар эҳё намудани забони тоҷикӣ, ки дар марҳалаи навин, ки бевосита бо ибтикор ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин раванд домана пайдо кард, таъкид намуд, ки доманаи фаъолияти забони тоҷикӣ ҳарчанд дар як давраи муайяни таърихӣ андак маҳдудтар гардид, бо ташаббус ва ибтикороти созандаи Пешвои миллат ба марҳалаи нави таърихӣ қадамҳои устувор гузошт. Ректори донишгоҳ, пас аз суханронӣ ба китобхонаи марказӣ китоби «Забони миллат-ҳастии миллат»-и Эмомалӣ Раҳмонро тақдим кард. 

Сипас, дар қисмати музокира профессорон Абдуҷамол Ҳасанов ва Ваҳҳоб Набиев доир ба китоби «Пешвои миллат ва сиёсати забон» фикру муллоҳизаҳои хешро баён намуданд.

Бояд таъкид намуд, ки китоби «Пешвои миллат ва сиёсати забон» аз пешгуфтор се боб ва 32 мақолаи илмӣ иборат мебошад.      

 

Маркази иттилоот ва таҳлил        

 

 

Аз назар гузарониданд:585 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар