Санаи 20-уми ноябри соли равон дар толори факултети филологияи тоҷик бахшида ба ёдбуди доктори илмҳои филологӣ, профессор, дорандаи Ифтихорномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шодравон Абдуманнони Насриддин зери унвони “Ёди устоди азиз”маҳфили адабӣ баргузор гардид. Дар маҳфили мазкур устодони факултети филологияи тоҷик ва донишҷуён иштирок доштанд.
Маҳфилро декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент М.Тиллохоҷаева ҳусни оғоз бахшида, оид ба фаъолият ва шахсияти устод андешаҳояшро баён дошт. Номбурда таъкид кард, ки устод Абдуманнони Насриддин шахси соҳибмактаб ба ҳисоб рафта, бо раҳнамоӣ ва ҳидоятҳои пайвастаи ў 20 нафар аз шогирдонаш рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд.
Баъд аз он мудири кафедраи адабиёти классикӣ, дотсент М.Ўрунова доир ба зиндагӣ ва фаъолияти устод Абдуманнони Насриддин дар мавзўи “Абдуманнони Насриддин – зиндагиномаи пурсаодат” маърўза намуд. Ў гуфт, ки бо ибтикори устод Абдуманнони Насриддин дар вилояти Суғд маҳфили адабии “Ганҷи сухан” роҳандозӣ шудааст, ки дар ҳар нишасти он аз дастовардҳои адабиётшиносӣ бохабар шудан мумкин аст.
Барои ҳозирин наворе аз нишасти 66-уми маҳфили “Ганҷи сухан”, ки дар мактаби президентӣ баргузор гардидааст, ба намоиш гузошта шуд, ки дар он Абдуманнони Насриддин сухан ронда, хонандагонро ба донишандўзӣ даъват менамоянд. Ҳамзамон Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона хонандагонро ба илмомўзӣ ва омўзиш даъват менамояд.
Сипас, “Куллиёти осор”-и Абдуманнони Насриддинро номзадони илмҳои филологӣ, дотсентон С.Саидов ва Ш.Тоҷибоев муаррифӣ намуданд. Зимни муаррифӣ маълум гардид, ки “Куллиёти осор”-и Абдуманнони Насриддин аз ҳафт ҷилд иборат буда, он фарогири масъалаҳои адабиётшиносӣ ва мақолаҳои илмӣ, илмию оммавӣ ва илмию методии ў мебошад.
Номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ш.Тоҷибоев зимни суханронӣ таъкид дошт, ки эҷодиёти устод Абдуманнони Насриддин мондагор ва бунёдӣ буда, он танҳо барои имрўз нест, балки барои фардо ва фардоҳои дигар мебошад.
Дар поёни маҳфил декани факултет М.Тиллохоҷаева барои баргузоркунандагони маҳфил изҳори миннатдорӣ намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







