ба қафо
ДИҚҚАТ - ОЗМУН САВОЛҲОИ ОЗМУНӢ БАХШИДА БА 85 – СОЛАГИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ
2017-11-22
Ба таваҷҷӯҳи устодон, донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯёну аспирантони донишгоҳ расонида мешавад, ки бахшида ба ҷашни 85-солагии донишгоҳ озмуни саволу ҷавоб баргузор мегардад. Бинобар ин, ҳамаи хоҳишмандон новобаста аз кору фаъолияти худ метавонанд дар озмуни саволу ҷавоб ширкат варзанд. Ғолибони озмун аз ҷониби раёсати Донишгоҳ қадрдонӣ карда мешаванд.
Саволҳо:
- Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кай ва бо кадом ном таъсис ёфтааст?
- Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кай аз донишкада ба донишгоҳ мубаддал гаштааст?
- Кадом сол Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гузошта шуд?
- Айни замон дар донишгоҳ чанд факултет амал мекунад?
- Оё теъдоди кафедраҳои донишгоҳро медонед?
- Дар донишгоҳ чанд нафар докторони илм фаъолият мебаранд?
- Дар донишгоҳ чанд нафар номзадони илм фаъолият мебаранд?
- То имрӯз дар ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров чанд нафар ректорон сарварӣ кардаанд?
- Кадом маҷалла ва рӯзномаҳои донишгоҳиро медонед?
- Фикру дархостҳои Шумо ҷиҳати рушду инкишофи таълим, илм ва тарбия дар Донишгоҳ (бо ду ҷумла).
Маркази иттилоот ва таҳлил
Аз назар гузарониданд:675 нафар
баён кардани ахборот







