Имрўз мувофиқи мониторинги ҳафтаинаи садорати китобхонаи марказии донишгоҳ вазъи ташрифи донишҷўён, магистрантон, аспирантон ва устодон рўз ба рўз беҳтар гардидааст. Дар ин бора Мубинҷон Муҳаммадҷонов китобдори дараҷаи якуми китобхона иттилоъ дод. Тавре манбаъ таъкид мекунам, ин муваффақият бо роҳандозии чорабиниҳои сатҳи баланд дар арафаи таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии васеи асарҳои Пешвои миллат ба даст омад. Тибқи омор дар давоми ҳафта 36 нафар аъзо, ташрифоварӣ 1062 нафар, 1131 дастраснамоии китоб ва 6 нафар омўзгор ба китобхонаи марказӣ ташриф оварданд.
Садорати китобхонаи марказии донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки барои ҳарчи бештари ҷалби донишҷўён ба китобхона намоиши муаррифии махзани китобхонаро дар зершуъбаҳо ў ба роҳ монад.
Маркази иттилоот ва таҳлилv







