Ҳафтаи сипарӣ гардида дар назди кафедраи забон ва адабиёти тоҷик маҳфили илмии донишҷӯён «Ҷавонони аҷам» гузаронида шуд. Роҳбари маҳфили илмӣ муаллим Раҳматов Баҳром буда, маърӯзачӣ Дадобоева Мафтуна дар мавзӯи «Шинохти Мавлоно дар ғарб» шунида шуд.
Маҳфил хеле дар сатҳи баланди илмӣ гузаронида мешавад, зеро муаллим Б. Раҳматов ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе дар кафедра маҳфили илмиро ташкил мекунанд. Ба маҳфил кули дӯстдорони илму адаб, ба хусус шеърдӯстон, донишҷӯёне, ки бо матнҳои классикӣ кор мекунанд ширкат меварзанд. Вазифаҳое, ки муаллим ба донишҷӯён роҷеъ ба шеършиносӣ, матншиносии адабӣ, нақди адабӣ супориш медиҳанд бо як шавқи беандоза ба иҷро мерасонанд. Иштирокчиёни маҳфил ҳар ҳафта миқдорашон зиёд шуда истодааст ва ин натиҷа дуруст ташкил ва гузаронидани ҳамин маҳфил аз тарафи устод Б. Раҳматов ба ҳисоб меравад.
Дар маҳфил устодони собиқадор, донишмандон низ муаррифӣ мешаванд, зеро донишҷӯён бояд дар бораи олимони бузурги ватаниву хориҷӣ маълумот доштанашон лозим аст. Ҳамин тавр маҳфилҳои илмии назди кафедра соли ҷорӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Худи роҳбари маҳфили донишҷӯён дар назди кафедра шоир, донишманд, ҷавони пуркор буда, маълумоти кофӣ оид ба адабиёту шеършиносӣ дорад.
Маркази иттилоот ва таҳлил







