Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.10.2017, №3.3/1-1198 ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.10.2017, фармоиши донишгоҳ аз 08.11.2017 №465 ҷиҳати дарёфти ҷавонони лаёқатманду навовар дар факултети физикаю техника озмун миёни навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ” гузаронида шуд.
Мувофиқи нақша санаи 15.11.2017 дар назди кафедраи ФУ ва ҶС, санаи 16.11.2017 - кафедраи Электроника, 17.11.2017 - кафедраи ФН ва МТФ ва дар ин рӯз озмун ҷамбаст карда шуд.
Дар озмун ҳамагӣ 12 лоиҳа пешниҳод карда шуд, ки ҳайати ҳакамон 3-то корҳои беҳтаринро барои иштрок дар озмуни “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ” донишгоҳӣ тавсия менамоянд.
- Коркарди схемаи электронии таҷҳизоти терморегулятор-иҷрокунанда донишҷӯи соли 2-юми ихтисоси электроникаи тиббӣ Абдураҳмонов С. таҳти роҳбарии профессор Ҳ.А. Тошхӯҷаев сармуаллим А. Сиддиқов
- Коркарди схемаи электронии таҷҳизоти фоторелле- иҷрокунанда донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси дастгоҳи электронӣ К. Масаидов таҳти роҳбарии профессор Ҳ.А. Тошхӯҷаев.
- Тадқиқи биоҷараён дар барг ва шохи растаниҳо, иҷрокунанда донишҷӯи соли 2-юми ихтисоси физика Шоҳидахонӣ Нодирзод таҳти роҳбарии профессор М. Шерматов.
Маркази иттилоот ва таҳлил







