ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
МАШВАРАТИ ОМЎЗИШӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ПЕДАГОГӢ
2017-09-15

Дар факултети педагогӣ бо иштироки кули омўзгорон ва кормандону коргузорон семинар – машварати омӯзишӣ роҷеъ баҷорӣ сохтани низоми нави холгузорӣ ва гузариш ба тарзи таҳсилоти фосилавӣ баргузор гардид.  Машваратро  декани факултет С. Рабиев ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо дастуру  супоришҳои раёсати донишгоҳ шинос намуд. Мавсуф таъкид бар он дошт, ки риояи қатъии низоми меҳнат аз ҷониби устодон ба роҳ монда шуда, ҷадвали навбатдорӣ ба таври қатъӣ риоя карда шавад. Декани факултет кураторон ва омўзгорони фанниро вазифадор намуд, ки минбаъд дар оғози ҳар як дарс 5 дақиқаи онро ба масъалаҳои сиёсӣ ва навидҳои рўзмарра бахшида, сатҳи донишҳои сиёсии донишҷўёнро баланд бардоранд. 
Сипас, муовини декан оид ба корҳои таълим Султонов Р. муҳтавои “Раҳнамо оид ба тартиби  санҷиш ва баҳогузорӣ ба  дониш, малака ва салоҳияти донишҷӯён”–ро ҷиҳати фаҳмонидани моҳият ва меъёри баҳогузории санҷишҳои ҷорӣ, риояи каратнокии баҳо (0,25), тарзи сабти баҳоҳои ҳафтаинаи донишҷӯён, қайди иштироки донишҷӯён дар дафтари гурӯҳи академӣ баён намуд. Мавсуф роҷеъ ба дафтари қайди иҷрои корҳои мустақилонаи донишҷўён бо роҳбарии омўзгор низ ба ҳамагон маълумот дод. Устодони факултет вазифадор карда шуданд, ки минбаъд баъди гузориши ҳар як машғулият холҳои донишҷўёнро ба системаи иттилоотии донишгоҳ (ИСУ) ҷой дода, журналҳоро дар вақташ бе хатогӣ қайд намоянд. 
Сипас декани факултет С.Рабиев роҷеъ ба масъалаи гузариш ба таҳсилоти фосилавӣ сухан ронда, таъкид дошт, ки соли ҷорӣ садорати факултет тасмим гирифтааст, иқтидоми раёсати Донишгоҳро роҷеъ ба гузариш ба низоми фосилавии таҳсил дастгирӣ намояд. Ҳамаи чор гурӯҳи академии курси якуми таҳсили ғоибона ба тарзи пилотӣ ба таҳсили фосилавӣ фаро гирифта шуда, дар ин самт корҳои ташкилӣ ба роҳ монда шудаанд. С.Рабиев ҳозиринро музавваф намуд, ки аз сомонаи Донишгоҳ ва дигар веб-сайтҳои интернетӣ роҷеъ ба моҳияти ин навъи таҳсил маълумоти комилу саҳеҳ пайдову аз бар намоянд ва донишҷӯёнро бо муҳтавои он ошно созанд. Инчунин, дастур дода шуд, ки шакли электронии маводҳои таълимиро барои семестрҳои якум ва дуюми соли таҳсил омода ва дастраси мутахассиси бахши фосилавии таҳсил А.Абдуллоев созанд.
  
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:913 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар