Имрўз дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишвари азиз дар арафаи боз як ҷашни таърихӣ, рўзи саиду саодатбахш – Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Бо амри Сарвари давлатамон рўзи 24 ноябр эълон шудани Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи фараҳбахш маҳсуб меёбад. Мақсад аз таҷлили бошукўҳи Рўзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром ва қадршиносӣ ба яке аз рамзҳои асосии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасоти миллӣ мебошад. Зеро баргузории ин ҷашни саид дар замири ҳар фарди Ватандўст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дўст доштан ва парастиши ин марзу бумро дучанд мегардонад.
Бо ин ифтихор ҳамаи Шумо устодону кормандон ва донишҷўёни донишгоҳро бо ҷашни зебои умумимиллӣ - Рўзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик ва муборакбод гуфта, ба Шумо тансиҳативу хотири осуда, комёбӣ ва саодати рўзгорро таманно менамоем.
Барои хурду калони Тоҷикистони соҳибистиқлол боиси ифтихору саодат аст, ки Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама Ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд. Ҳамин аст, ки имрўз ҳама дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷи он бо афрохтани Парчами давлатӣ муаррифӣ гардида, мардуми хирадманду заҳматкаши кишварамон дурнамои зиндагии худро бо нури ҳаётбахшу роҳнамоии ин муқаддасоти миллӣ эҳсос менамоянд.
Дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ Парчами давлатӣ низ барои мардуми мо муқаддас аст. Парчамро метавон сари баланди халқ номид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати барафрохтани Парчами миллӣ ин рамзи муҳими давлатиро рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои озодӣ, ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат арзёбӣ намуда, барҳақ қайд карда буданд:
«Парчами миллӣ имрўз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум, барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг – ранги сурх – озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз –ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагию асорати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад».
Аз он рўзе, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам омад. Аз ин рў Парчам ифтихор ва сарбаландии миллат аст. Парчамдорӣ барои мардуми мо суннати нав нест. Зеро миллати тоҷик дорои фарҳанги қадимаи давлатдорӣ буда, дар гузаштаи таърих борҳо давлатҳои бузурги худро бо тамоми рукнҳояш арзи ҳастӣ бахшидаст, ки Дирафши Ковиёнӣ ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ дар ин миён нақш ва мавқеи хосса дошт ва он дар ливои Президенти кишвар имрўз ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо тасвир ёфтааст.
Имрўз дар саросари ҷаҳон номи давлати Тоҷикистонро медонанд, ба забон мегиранд ба ҳурмати он аз сарони давлатҳо то хурду калон бо эҳтиром ба по мехезанд, ба Парчамаш суҷуд меоваранд. Ин бузургтарин бахт ва ифтихор аз Ватани азиз аст
Чунин ифтихору сарбаландӣ имрўз насиби мо - насли соҳибихтиёру саодатманд гардидааст. Бояд ҳар яки мо дар партави Парчами ҷумҳурии азизамон аз таҳти дил ва бо камоли садоқат фаъолият бурда, дар ободӣ ва шукуфоии кишвар саҳм гирем.
Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст ва ин мақсаду маром бо ранг ва нақшҳои хос дар он таҷассум ёфтаанд.
Парчам моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот ва мубориза баҳри зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят ва роҳнамоӣ менамояд. Маҳз истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукўҳи тамоми санаҳои таърихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти Парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти Ватанамон шароити мусоид фароҳам овард.
Бо таманнои рўзгори неку осоишта ба ҳар яки Шумо устодону донишҷўёни арҷманд истиқболи Рўзи Парчами давлатиро табрик гуфта, бароятон хуррамиву хушрўзӣ, бахту саодат ва сарбаландиву сарфарозиро таманно менамоем.
Бигзор, Парчами давлати соҳибистиқлоламон то ҷовидон ҳамчун ливои пешбаранда ва раҳнамунсози миллат ба ояндаи дурахшон гардад.
Иди Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Маркази иттилоот ва таҳлил







