Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот бо супориши ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода дар ҳамкорӣ бо муњити иттилоотии донишгоҳ (ISU) пурсиши афкори ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёнро тариқи системаи иттилоотии донишгоҳ ба роҳ мондааст. Минбаъд барои муайян намудани фикру ақидаи омӯзгорон ва донишҷӯён саволномаи назарсанҷӣ дар системаи иттилоотии донишгоҳ ҷойгир карда шуда, ба ҳар як шахс имкон медињад, ки бо воситаи интерфейси худ ба ин саволҳо ба таври пинҳонӣ ҷавоб фиристад.
Мутобиқи тартиби модули зерин ҳар кас ҳуқуқи як маротиба ҷавоб доданро дорад. Барномаи низоми мазкур саволҳои гузошташударо барои ҳама ё барои гурӯҳҳои алоҳида ба монанди донишҷӯён, омӯзгорон, сарварони факултетҳо, сардорони раёсату шӯъбаҳо ва ғайра (ҳамагӣ 15 зербанд) пешбинӣ намудааст.
Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот бо мақсади муайян намудани фикру ақидаи омӯзгорон, донишҷӯён ва деканҳои факултетҳо доир ба масъалаҳои раванди таълим, фаъолияти сохторҳои раёсати донишгоҳ ва дигар масъалҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ тариқи системаи номбаршуда чунин назарсанҷӣ баргузор намуд. Дар рафти пурсиш ҳам донишҷӯён ва ҳам омӯзгорон фаъолона иштирок намуда, фикру дархости худро баён намуданд. Хусусан, роҷеъ ба масъалаи ба роҳ мондани санҷишҳои ҷорӣ (ҳафтаина), ташкил ва натиҷаи санҷишҳои фосилавии якум, муносибати омӯзгорон доир ба ин масъала, яъне пешгирӣ намудани ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, тағйирот дар системаи холгузорӣ ва ғайра фикру ақидаи зиёд иброз гардид. Дар давраи аввали назарсанҷӣ зиёда аз 450 нафар омӯзгорон ва зиёда аз 1000 нафар донишҷӯён иштирок намуданд. Аз ин шумор ҷумла 83 фоизи омӯзгорон масъалаи ворид намудани холҳои ҷориро ҷонибдорӣ намуданд. Зиёда аз 95 фоизи донишҷӯён ибрози ақида намуданд, ки дар вақти қабули санҷишҳои ҷорӣ муносибати омӯзгорон воқеӣ ва боадолатона буда, ягон ҳодисаҳои номатлуб ба назар нарасидааст. Боқимонда 5 фоиз барои ҷавоб додан мушкилӣ кашиданд. Аз ҷониби донишҷӯён ному насаби бисёр омӯзгороне, ки машғулиятҳои худро дар сатҳи баланд мегузаранд ва баҳогузории онҳо ба донишҷӯён аз рӯи донишу малака аст, ишора карда шуданд..
Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ таҷрибаи мазкурро давом дода, роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ пурсиши афкори аҳли ҷомеаи донишгоҳро ташкил ва ба роҳ монад. Фикру ақидаи аҳли ҷомеаи донишгоҳ барои боз ҳам балан бардоштани сатҳу сифати таълим, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва корҳои табиявӣ, аз байн бурдани ҳар гуна зуҳуроти номатлуб ва пешрафти фаъолият мусоидат хоҳад кард.
Маркази иттилоот ва таҳлил







