ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
НАВОАФРЎЗИ АҶАМ
2017-11-24

Дар толори Маркази фарҳанги шаҳр бахшида ба ҷашни 75-солагии мавлуд ва 55-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шўравӣ, профессор Ҷўрабек Муродов чорабинии бошукўҳ – конфронси илмӣ-фарҳангии ҷумҳуриявӣ бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед Ҷўразода, меҳмонон, намояндагони илму адаб аз шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, олимону устодон таҳти унвони «Навоафрўзи Аҷам» доир гардид. 

Чорабинии мазкур бо дастури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (№20664 (26) ва нақшаи чорабиниҳои сатҳи вилоятӣ оид ба таҷлили рўзҳои таърихӣ, зодрўзи ходимони давлатию ҷамъиятӣ, адибон ва собиқадорони ҷангу меҳнат дар соли 2017 (11 январи 2017) ҷараён гирифт.

Нахуст, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба сухан баромада,  доир  ба фаъолияти ҳунарии устод Ҷўрабек Муродов фикру мулоҳизаҳои хешро баён кард.

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки сароғози мусиқии класикӣ ва касбии тоҷику шарқ Борбади Марвазӣ ба ҳисоб рафта, минбаъд чун ў ҳунармандони зиёд ин масъулият ва рисолати созандагиро бар душ гирифта, навою оҳангҳои замонаро чун дурдона суфта намуда, дар рушду нумўъ ва интиқоли он саҳм гирифтаанд. Таърих имрўз номи садҳо ҳунармандону овозхононро ҳамчун чеҳраҳои мондагор дар сафҳаҳои тиллоии худ сабт намудааст, ки мо бо ному кору пайкори онҳо ифтихор дорем.

Санъати мусиқӣ таҷриба, мероси ақлонӣ, адабию зебопарастии наслҳоро тавассути савту наво интиқол дода, беҳтарин анъанахои он дар хазинаи маънавии миллат посдорӣ мешаванд. Ҳунармандони варзида чун меросбар ва идомадиҳандагони ин анъанаҳо ба ҳамзамонони худ пайғоми наслҳоро, ки дар оҳангу сухан нуҳуфта аст гўшрас намуда, бо ҳамин умри миллату фарҳанги онро дароз менамоянд, ки яке аз ин рисолатбарон Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шўравӣ, профессор Ҷўрабек Муродов мебошанд.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷўразода зимни суханрониҳои худ қайд намуд, ки фаъолияти эҷодии устод Ҷўрабек Муродовро дар доираи рушди фарҳанги мусиқии тоҷик дар нимаи дуюми асри ХХ назари таҳқиқ андўхта, метавон ба хулосае омад, ки дар рушди санъати сурудхонии нимаи дуюми асри ХХ ва аввали асри ХХI эҷодиёту фаъолияти ҳунарии устод Ҷўрабек Муродов мавқеи хосаро дорад. 

Давраи ба арсаи санъат воридшавии устод Ҷўрабек Муродов ба солҳое рост меояд, ки дар он давра пойдевори санъати мусиқии муосири тоҷик дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе мақоми арзандаеро гирифта, намояндагони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бо даъвати ҳукумати кишварамон барои таҳкимбахшии минбаъдаи санъати мусиқӣ сарҷамъ омада, муҳити нави фарҳанги мусиқиро фароҳам оварда буданд. Дар ҳамин давра таҳаввулоти эҷодию ҳунарӣ дар рушди санъати мусиқии касбӣ дар ҳама самт назаррас буд.

Устоди ҳунар, овозхони нотакрор, инсони шариф Ҷӯрабек Муродов ҳамчун дорандаи ҷоиза ва унвонҳои Артисти Халқии Иттиҳоди Шуравӣ, Артисти Халқии Тоҷикистон, Артисти Хизматнишондодаи Тоҷикистон, дорандаи Ордени "Нишони Фахрӣ", Медал барои «Меҳнати шуҷоатнок», Медали «20-солагии Истиқлолият», Ҷоизаи Комсомоли Ленинии Тоҷикистон, Ҷоизаи Давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, Ҷоизаи медали тиллоии Асосиасияи консертии Япония «Минон», якчанд грамотаҳои фахрии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва ҷоизаи байналхалқии «Достони зинда» (Живая легенда - Штатҳои Муттаҳидаи Амрико декабри соли 2011) дар рушди санъати овозхонӣ ва ҳунари сарояндагӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

Дар бораи фазилатҳои инсонию маҳорати ҳунарии устод Ҷўрабек Муродов шахсиятҳои бузурги миллат ва ҷаҳон хеле суханҳои арзандаю шоиста гуфтаанд.

Эҷодиёт ва зиндагиномаи устод Ҷӯрабек Муродов дар китобҳои «Сад суруди Ҷӯрабек Муродов» (1982), «Олимақом» (1996), «Маҳбуби Худо» (1993), «Ҷӯрабек Муродов», «Ихлос ва Сипос» (2002) навишта шуда, тавассути кинофилми «Ҳофизи мо» (1979), филмҳои телевизионии «Торҳои дил» (1980), «Аз Кӯруд ба суруд» (2002), «Гуфтори нек», «Пайванди қарнҳо» намоиш дода шудааст.

Устод Ҷўрабек Муродов дастпарвари Донишгохи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, имрўз дар қатори дигар устодони санъат ба монанди Ҷўрабек Набиев, Ўрунбек Хамдамов, Муродбек Насриддиннов, Тўлқин Тоҷибоев, Абдурахим Шерматов, Саидқодир Ёқубов, Каромат Хоҷиева, Тошбой ва Шоҳсалим Муҳаббатовҳо ва дигарон, ки ин донишгоҳро дар солҳои гуногун хатм намуда, соҳаи санъатро фаъолияти минбаъдаи худ қарор дода, дар ин самт ба қуллаҳои баланди эҷодӣ расидаанд, муаррифгар ва боиси ифтихори донишгоҳ маҳсуб меёбанд.

Сипас, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомов дар мавриди шахсияти ҳунарии устод Ҷўрабев Муродов ва инчунин пайванди фалсафии сурудҳои ин чеҳраи ҳунарӣ бо ашъори Мирзо Турсунзода изҳори назар кард. Тавре таъкид шуд, устод Ҷўрабек Муродов ба ашъори Мирзо Турсунзода ба сифати як оинаи пурҷилои  ҳунар иртибот пайдо карда, бо ин роҳ санъати волои халқи хешро ба саҳнаи ҷаҳон баровард.

Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона камолоти эҷодии устод Ҷўрабек Муродовро камолити ҳунарии санъати тоҷик унвон карда, ҳастии устод Ҷўрабек Муродовро дар шеъру мусиқӣ ҳастии ҳунар ва устувориву пойдории санъат номид.

Дар қисмати фарҳангӣ аз ҷониби шогирдон ва донишҷўёни факултети санъат суруду оҳангҳои устод Ҷўрабек Муродов сароида шуда, ба кори конфронс ҳусни анҷом бахшид.   

 

 

Маркази иттилоот ва таҳлил           

 

 

Аз назар гузарониданд:571 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар