ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
КЎШИШҲОИ БЕБАРОРИ ҲНИТ ДАР СИЁСИКУНИИ ИСЛОМ ДАР ТОҶИКИСТОН
2017-11-27

Муносибати байниҳамдигарии сиёсат ва дин ба ҷумлаи масъалаҳои рӯзмарраи муосир дохил мешавад. Равандҳо ва муносибатҳои нави ҷомеа ин гурӯҳи муносибатҳоро, ки ба таври махсус манфиатҳои одамонро инъикос менамоянд, низ тағйироти куллӣ бахшидаанд. Солиёни зиёде ба сабаби аз ҳам ҷудо будани давлат ва калисо, мактаб ва дин, инчунин идеологӣ робитаҳои мутақобилаи сиёсат ва дин канда буданд. Дин ба фаъолияти ҳаёти ҷомеа таъсири зарурӣ расонида наметавонист. Ташкилотҳои динӣ ба фаъолияти маҳдуди худ маxбуран қаноат менамуданд.

Шароити ҳозира бисёр ҳодисаҳоро тобиши нав дод. Аз ҷумла, имконияти беҳтари муносибатҳои байни сиёсат ва дин пайдо гашт. Дин фақат аз эътиқод ба Худо, ҳаёти ондунёӣ ва баҷоории урфу одатҳо таркиб наёфтааст. Бисёр ҳолатҳое мешаванд, ки таълимоти иҷтимоии дин ақлу хуши одамонро ба худ мекашад ва ба одамон ва муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо таъсир мерасонад.

Дар шароити ҳозира аксар вақт масъалаҳои динӣ ба манфиатҳои умумиятҳои алоҳидаи иҷтимоӣ ва шахсони муайян истифода мегарданд. Ташкилотҳои динӣ ва сарварони он кӯшиш менамоянд, ки масъалаҳоро ба фоидаи худ ҳал намоянд. Аз мақом ва ҳаёти иҷтимоӣ истифода бурда, ба фаъолияти ғайридинӣ бештар шуuл меварзанд.

Сиёсигардонии дин, ки дар шаклҳои иштироки ходимони дин ва ташкилотҳои динӣ дар фаъолияти сиёсӣ: ташаккулёбӣ ва инкишофи ҳаракатҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ дар асосҳои динӣ воқеъӣ мегардад. Ҳодисаю равандҳои ҳаёти ҷомеа, махсусан ҳаёти сиёсиро ходимони дин ба фоидаи худ истифода менамоянд. Ба оилаи мардум бештар ҳангоми маъракаҳои сиёсӣ таъсир мерасонад. Талабҳои гуногун пешниҳод менамоянд. Кӯшиш мекунанд, ки масъалаҳои диниро бештар ва хубтар ҳал намуда таъсири динро дар ҷомеа афзун намоянд. Дар марҳалаи муосири инкишофи ҷомеа дар аксарияти мамлакатҳо, бахусус собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ созмонҳо ва ҷараёнҳои гуногуни динӣ пурқувват гаштанд ва рӯ ба ҳокимият оварданд. Дар Тоҷикистон низ ташкилотҳо ва ҷараёнҳои динӣ нумeъ ёфтанд ва ба фаъолияти пуравҷи сиёсӣ машғул гаштанд.

Баъди пош хӯрдани давлати Шӯравӣ, солҳои 90-уми асри XX дин ҳамчун қисмати таркибии фарҳанги миллии мардуми мусулмон аз нав эътироф ва эҳё гардид. Дар ин раванд тадриҷан дин хусусияти сиёсӣ- идеологӣ касб карда, ба тамоми қишрҳои ҷомеа таъсири он эҳсос мегардад. Эҳё гардидани дин баъди карахтии чандинсола  ҳодисаи фавқулода набуда, балки як падидаи табиист, зеро инсон ба дин ҳамчун як арзиши маънавӣ ҳамеша эҳтиёҷ дошт. Вале эҳёи фарҳанги миллию динӣ дар кишвар бо роҳи ҳамвор сурат нагирифт ва барои бунёди давлати миллӣ душвориҳо эҷод намуд. Зеро муборизаҳои сиёсиву идеологӣ барои интихоби роҳи минбаъдаи шакли давлатдорӣ ва тараққиёти ҷомеа ба мавзӯи баҳси созмону ташкилотҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони гурӯҳҳои динию дунявӣ табдил ёфта, оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ овард.

Барои барқарор намудани сулҳ ва таъмини зиндагии осуда корҳои зиёде анҷом дода шуданд ва натиҷаи он имрӯз назаррасанд. Дар ин муддат аз лиҳози қонунгузорӣ мақоми дин, фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ муайян гардида, муносибати давлат ба дин дар як равиши мӯътадил қарор гирифт. Гузаронидани силсила чорабиниҳо дар сатҳҳои гуногун аз ҳифзи арзишҳои динию миллӣ ба эҳёшавии худшиносии миллӣ ва динии мардум мусоидат карданд. Вале таъсири омилҳои дохилӣ ва берунӣ ҷиҳати тезу тунд  гардонидани ин муносибатҳо дар ҷомеа эҳсос мешаванд.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ,  аз ҷумла дар Тоҷикистон  бархӯрди ақидаҳои   динии бегона бо исломи суннатӣ дар солҳои охир бараъло эҳсос мешавад. Аслан дар Мовароуннаҳр ба ҷуз исломи суннатӣ таълимоти мактабҳои тасаввуф нисбат ба дигар мактабҳои ақидавӣ бештар ташаккул ёфта буд ва исломи суннатӣ дар ҷомеа мақоми хос дошт. Вале пайдоиши ҳаракату ҷараёнҳои нави ғайрирасмӣ ба мисли "Ҳизбуттаҳрир", "Салафия", "Байъат" ва ғайра  метавонанд таҷрибаи чандинасраи ҳамзистии дину мазоҳибро, ки асоси суботи минтақа буданд, халалдор созанд. Ҳаракатҳои тозазуҳури динӣ  мусулмононро аз рӯи мансубияташон ба дину мазҳаб тақсим карда, ба тафриқаандозӣ дар байни онҳо метавонанд замина гузоранд. Бинобар он ин масъала зарурати аз ҷониби давлат зери назорат қарор додани вазъи динии кишварро ба миён овардааст.

Таъкид бояд кард, ки давлат барои мусулмонон ва рушди фарҳанги исломӣ, ки қисми таркибии фарҳанги миллии мост, ягон маҳдудият эҷод накардааст ва баръакс қонунгузорӣ дар бораи озодӣ, ҳуқуқи инсон ва аз ҷумла озодии виҷдонро ба ҳар кас таъмин ва ҳифз менамояд. Вале озодии виҷдон маънои тарғиб кардани ҳар гуна ақидаҳои ифротгароиро, ки барои суботи ҷомеа ва амнияти давлат хатарзо аст, надорад. Пешгирӣ кардани паҳншавии чунин ҳаракатҳои ифротгароёна, аввалан агар вазифаи давлат бошад, худи вазифаи  мусулмонҳо низ мебошад.

Принсипҳои асосии муносибати давлат ба чунин ҳаракатҳои динии ифротгаро дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" ифода ёфтаанд, ки заминаҳои қонунии рушди исломи суннатиро муҳайё сохта, роҳҳои пешгирӣ намудан аз равандҳои бегонаи номатлубро барои ислом муайян менамоянд.

Исломи сиёсӣ бо ҳадафи ҳарчи бештар дахолат кардан ба корҳои давлатдорӣ ва дар раванди онҳо ҷорӣ намудани қонунҳои шариат ва ба вуҷуд овардани бархўрди мусалмону ғайримусалмон роҳандозӣ шудааст. Табиати исломи сиёсӣ тафриқаандозӣ байни афроди ҷомеаҳост. Зеро бовару эътиқоди инсонҳо дар ҷаҳон гуногун аст ва бовару эътиқоди ҳамаи афроди он наметавонад, якхела бошад.

Ислом моҳиятан ба ҳизби сиёсӣ ниёз надорад. Зеро ки ташкили ҳизби сиёсӣ исломро ба гурeҳҳо ҷудо мекунад. Воқеаҳои Шарқи наздик ва Шимоли Африқо албатта ба табъи эътиқодмандони дин дар кишвари мо, таъсири ҷиддӣ расонд. Чунки онҳо бо чашми худ диданд, ки чӣ гуна зери шиори ислом террори рӯирости аҳолӣ ва куштори даҳшатбори асримиёнагӣ сурат мегирад.

Лозим ба ёдоварист, ки тайи даҳсолаҳои охир кишварҳои мусулмонӣ ба як бeҳрони бузург гирифтор шудааст, ки низоъу ҷангҳои нав ба нав ва дар майдони муборизаҳои сиёсӣ пайдо шудани ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-мазҳабӣ нишонаи рӯшани он мебошад.  Таҷрибаи ҳизбсозӣ дар динҳо як амали носозгор буда, хусусан дар ислом он аз ҷониби аксари мусулмонон хуб пазируфта нашудаааст. Вале сиёсисозии дини мубини ислом аз ҷониби баъзе ашхос, ҳизбу гурӯҳҳо ва давлатҳои манфиатҷӯ бо истифода аз сатҳи пасти вазъи иҷтимоӣ ва бемаърифатии сиёсию динии мардум барои пиёда кардани ҳадафҳои сиёсӣ равона шудааст.

Таҷрибаи таъсиси ҳизбҳои динӣ-мазҳабӣ дар кишвари мо ҳам маҳз дар заминаи ба майдони сиёсӣ кашидани ҷавонон пас аз пошхӯрдани Шӯравӣ рӯйи кор омад. Чуноне ки маълум аст, дар ин даврон фазои идеологӣ куллан холӣ монда буд ва ҳаракатҳои динӣ аз ин истифода бурда, худро дӯстдору ҳомии мардуми бечора муаррифӣ карданӣ мешуданд. Вале мардум ҳам ба гапҳои бофтаи ин дасисакорон бовар карда, аз пушти онҳо вориди майдони сиёсӣ гардиданд. Дар натиҷа, кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Он даҳшате, ки ҲНИТ дар давраи аввали истиқлолият ба сари мардуми тоҷик овард, хеле гарон афтод.

Мардуми бофарҳанги тоҷик дар ниҳоят ба ваҳдату сулҳ омада, аз баҳри ҳамаи гуноҳҳои ҳамдигар ба хотири оромию ободии кишвар ва боқи мондани ин сарзамин ба наслҳои оянда гузаштанд ва як давраи ободию созандагиро оғоз карданд. Барои оромию осудагии кишвар, барои фаъолияти сиёсии ҳизби исломӣ низ дар асоси қонунгузории кишвар иҷозат дода шуд. Умед буд, ки онҳо аз хатои кардаи худ пушаймон шуда, дигар ба давлату миллати тоҷик хиёнат намекунанд. Вале аз он хулосаи зарурӣ набаровард. ҲНИТ баъд аз он гӯё сиёсати «сабр ва таҳаммулро»-ро асоси барномаи сиёсии худ қарор дод. Аммо маълум шуд, ки ин «таҳаммул» як ҳиллаи навбатӣ буда, бо даст додани шароити мусоид пайравони он ба тахрибкорӣ мепардозанд. Баъд аз ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 маълум гардид, ки ҲНИТ ҳанӯз дар андешаи ба даст овардани қудрати сиёсӣ будааст ва аз ин андеша то ҳол ҳам ҷудо нашудааст. Омӯзиши фаъолияти чандсолаи ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба натиҷаҳои баръакс оварда расонд. Дар фаъолияти сиёсии ҲНИТ дини ислом танҳо воситаи пиёдасозии ҳадафҳои сиёсии эшон истифода бурда мешуд. Мутаассифона, кишварҳое, ки дар минтақа ҳадафҳои сиёсӣ низ доштанд, минбаъд сарпараст ва пуштибони  ҲНИТ шуданд.

Маҳз бо ташкил ва дастгирии чунин ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-мазҳабӣ кишварҳои абарқудрат низоми сиёсии мамолики орому осударо фалаҷ карда, ба ҷойи низомҳои давлатӣ як бесуботии сиёсиро рӯйи кор меоранд ва дар он чандин ҳизбу ҳаракатҳоро барои ба даст гирифтани қудрати сиёсӣ роҳандозӣ мекунанд. Хусусан дар замони муосир ибораи давлатдории дунявӣ аз доираи сиёсии кишварҳои мусулмонӣ бо таъсис ва дастгирии ҳаракату ҳизбҳои исломӣ низоми хилофати исломиро овардаанд. Таъсису фаъолияти аҳзобу ҳаракатҳои  сиёсӣ-динӣ барои нерӯҳои беруна омили дахолат намудан ба умури давлатдории мамолики ғайр, ба ҳаёти сиёсию фарҳангии халқҳои мухталиф мегардид.

Аз ин нуқтаи назар низ, фаъолияти ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зери назорат ва сармоягузории давлатҳои низоми исломӣ барои минтақаи Осиёи Марказӣ аз омил[ои асосии та[рибкорона ба ҳисоб меравад.  

ҲНИТ ва пайравонаш дар замони фаъолияти расмияшон чунин вонамуд мекарданд, ки гӯё онҳо ба мушкилоти сиёсию иқтисодии кишвар ягон дахл надоранд ва ҳамаи ҷурмро бар сари ҳокимияти сиёсӣ ҳавола менамуданд ва худро пуштибони озодиву адолат ва демократия ба намоиш мегузоштанд. Айни ҳол низ сарони дар пайгарди қонун қарордоштаи ин ҳизби мамнуъи террористӣ дар хориҷи кишвар ба фазилатфурӯшиву демагогия ва бадномсозии роҳбарият ва ҳукумати кишвар машғул шуда, бо роҳи бечоранолӣ дар назди созмонҳои байналмилалӣ аз адолату демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳарф мезананд.

Хулоса, ҲНИТ тӯли замони мавҷудияти хеш чи аз назари ақидавӣ ва чи аз назари амалӣ аз усулҳои «Ихвон-ул-муслимин» ба тарзи густурда истифода менамояд. Терроризми ақидавии ҲНИТ аз рӯи усули «қадам ба қадам» аст: ором-ором ба мағзҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ сироят ва кӯшиш намудан, ки то андозае гурeҳҳои муайяни коршиносону рӯзноманигорон ва адибону олимонро ба самти худ моил намуда, онҳоро мадюни худ гардонанд. Дар бахши амалӣ бошад ҲНИТ мисли «Ихвон-ул-муслимин» аз сиёсатҳои зӯроварӣ ё терроризми амалӣ кор гирифта, сабаби фоҷиаи солҳо 90-ум ё террори ақидатӣ дар солҳои 1991-1997 ва бо роҳи зӯроварӣ иваз кардани ҳокимият дар соли 2015 гардид.

Айни ҳол дар хориҷ аз Тоҷикистон  ҲНИТ ҳизби мамнӯъи террористӣ эълон шуда, аз ҳисоби ячейкаҳои дигари ихвонӣ таблиғоти густурдаро алайҳи Ҳукумати Тоҷикистон ба роҳ мондааст ва  тавассути интернет ва дигар расонаҳои иттилоотӣ кӯшиш менамояд зеҳнҳоро мағшуш намояд…

Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзоёни ҲНИТ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, 17-тои онҳо бошанд барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар онҳо, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ, ки барои нооромии авзои сиёсӣ мусоидат менамоянд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Аъзоёни ин ҳизб чандин ҷиноятҳои зиёди вазнини зиддихалқию зиддидавлатӣ содир намуданд.

Ҳамин тариқ, пешвоён ва аъзоёни ҲНИТ аз номи дини Ислом, вале хилофи муқаррароти он баромад намуда, кўшиш ба харҷ додаанд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ халалдор созанд.

Оиди аз ҷониби ҲНИТ бартараф намудани қонуншиканиҳои дар фаъолияташон ҷойдошта дар давоми солҳои 2014 ва 2015 аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба огоҳномаҳо ирсол карда шудаанд, вале роҳбарияти ҲНИТ ба ин нигоҳ накарда, амалҳои ҷинояткоронаи худро ҷиҳати ғасби ҳокимияти конститутсионӣ тарҳрезӣ намуданд.

Ҳамин тариқ муайян карда шуд, ки мақсади асосии ҲНИТ аз сарнагун намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, тамомияти марзӣ ва халалдор намудани амнияти давлат иборат мебошад.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикргардида Суди Олӣ аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъ намуда, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгаро (экстремистӣ) - террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода, нашри рўзномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ба ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва паҳн кардани аудио ва видеосабтҳо, истеҳсол, чопу нашри рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб  манъ карда шуд .

Имрӯз мо дида истодаем, ки дар тамоми дунё зуҳуроти исломбадбинӣ доман паҳн карда истодааст. Бинобар ин шакли беҳтарини давлатдорӣ давлати дунявӣ мебошад. Дар чунин давлат дин ба кори хусусӣ табдил меёбад. Ислом ҳамчун таълимоти ахлоқӣ, ки талқинкунандаи принсипҳои волои ахлоқӣ мебошад, ба мардум таъсири бузург мерасонад.

Аз  таҳлилҳои дар боло овардашуда бармеояд, ки исломи сиёсӣ  ҳамчун василаи дар зери нуфузи худ қарор додани мусалмонон аз тарафи абарқудратҳо тарроҳӣ шудааст ва он ҳеҷ гоҳ наметавонад ба манфиатҳои миллии кишварҳои мазкур хидмат намояд. Аз тарафи дигар, ҳадафи асосии он аз байн бурдани давлатҳои миллӣ, истиқлолияти ин кишварҳо, сохтори дунявият ва дар маҷмӯъ монеи пешрафт ва бенизомии сиёсӣ мегардад.  Аз ин рӯ, шаҳрвандони кишвари моро мебояд ба ин раванд огоҳона муносибат намуда, хатару паёмадҳои онро дарк намоянд, фирефтаи суханбозиҳои исломиёни сиёсӣ нагарданд ва манфиатҳои давлату миллатро барбод надиҳанд.    

Аз назар гузарониданд:656 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар