Дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохўрии Сарвари маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қамар Нурулҳақов бо донишҷўёни панҷ донишгоҳи ҳудуди вилояти Суғд баргузор карда шуд.
Нахуст ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода вохӯриро оғоз бахшида, ҳозиринро бо иди Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Мавсуф қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз дар арсаи байналхалқӣ мавқеи хосаи худро дошта, ба қатори давлатҳои рў ба инкишоф ворид гардидааст. Ҳамаи ин дастовардҳо ва пешрафти давлат аз сиёсати маънавибунёду хирадмандона ва дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.
Бинобар ин мо ворисон ҳамчун қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандӣ бояд ба қадри ин ҳама созандагиҳо расида, нагузорем, ки ҳар гуна зуҳуроти номатлуб ба ин низом халал ворид созад.
Сипас, Сарвари маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Қамар Нурулҳақов маърўза намуда, ба ҳозирин - донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят таъкид намуд, ки имрӯз ҳамчун зодаи замони истиқлолият бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба гурӯҳҳои мамнўъи экстримистиву терористӣ, ки онҳо аз номи ислом истифода намуда, барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки хеш ҷавононро бо ҳар роҳ ба сӯи худ ҷалб мекунанд мубориза бурд. Имрӯз бояд ҷавонон бо дарки масъулияти баланд дар муқобили амали онҳо дониш ва маърифати баланди худро истифод карда, барои амалкардаи онҳо вокунишҳои далелнок ва қатъи нишон диҳанд.
Қамар Нурулҳақов ишора кард, ки яке аз ҳизбҳои хурофотпараст ва тундгаро, ки бо нақша ва ҳадафҳои нопоки худ барои амали намудани чандин ҷиноятҳои махсусан вазнин, вайрон кардани сохти конститутсионӣ, барҳам додани ҳокимияти давлатӣ ва сарнагун намудани ҳукумати қонунӣ бо пуштибони ва сарпарастии хоҷагони хориҷиаш мехост сохти конститутсионии давлати моро таъғир дода, ҳокимиятро ба дасти худ гирад ин ҲНИТ буд, ки бо ҳамин ҷурм бо қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 он ҳамчун ҳизби экстремистиву терористӣ эълон шуда, фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъ гардид.
Аз ҷумла бо далелҳои қатъӣ исбот карда шуд, ки ҳамаи бесарусомониҳои солҳои 90-уми Тоҷикистон ва талафоти халқи тоҷик аз ҲНИТ буда, пуштибони ғоявӣ ва маблағгузорони ин ҷанги таҳмилӣ ҳукумати Ҷумҳурии исломии Эрон мебошад.
Ҳарчанд ниятҳои бадхоҳонаи онҳо хок хўрда бошад ҳам, вале то ҳанўз ин нерўҳои бадхоҳи сиёсӣ даст аз нияту амали худ бозпаст нагирифта, хиёнаткорони миллати тоҷикро пуштибонӣ ва барои пиёдасозии амалҳои нопокашон роҳбаладӣ намуда истодаанд.
Мавсуф зимни суханронии худ ҳамчунин аз ҷавонон даъват ба амал оварднд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бо дониш ва маърифати баланди сиёсии худ бо ҳама гуна амалҳои ғайриқонунӣ ва кирдорҳои ҳурофотӣ мубориза намуда, барои ҳифз ва ҳимояи сулҳу суботи комили кишвар камари ҳиммат баста, бо нерӯ ва қуввати тавоно дар рушти соҳаҳои гуногуни кишвар саҳмгузор бошанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







