Вақтҳои охир шоҳиди он ҳастем, ки падидаҳои манфии иҷтимоӣ ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро халалдор намуда, ба сулҳу субот ва амнияти мамлакат халал ворид менамояд. Ин тамоюл, бешак мардуми ватандўст, бахусус қишрҳои солимфикру пешоҳанги ҷомеаро, ки осудагиву Ваҳдати миллӣ ва суботу амният барояшон азиз аст, бетараф гузошта наметавонанд. Зеро ин мушкилиест, ки хусусан дар миёни ҷавонон то андозае маълум буда, ҳалли дурусту оқилона ва саривақтиро тақозо дорад.
Бояд ёдрас шуд, ки мо дар асри 21 зиндагӣ мекунем, аммо гурўҳи ифротгароии Давлати Исломии Ироқу Шом амалҳое анҷом медиҳанд, ки бетараҳҳумии онҳоро таърих кам дар хотир дорад.
Мисоли равшани он ба таври ваҳшиёна сар буридан ва дар дохили қафаси оҳанин зинда ба зинда сўзонидани одамон мебошад.
Дар таҷриба ба мушоҳида расид, ки он шахсоне, ки бештар тарафдори ин гурўҳ ва ё ба он давлатҳо рафтаанд, гумроҳ ва фирефтаи зархаридони хоҷагони хориҷӣ, душманони миллат гаштаанд.
Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки дар амалҳои зишт даст задани ваҳҳобиёнро мо аз маълумотҳои таърихӣ огаҳ ҳастем, ки таълимоти Ваҳҳобия аз замони ба вуҷуд омаданаш харобгару ифротгаро будааст. Таълимоти ваҳобия дақиқан ҳамин матлабро талаб мекунад, ба ҳамин хотир ҷавононе, ки дар Давлати Ироқу Шом ширкат доранд, аксарияти фикри ваҳҳобгарӣ мепарварад.
Ваҳҳобия – фирқаи динӣ ва ҳаракати иҷтимоӣ, ки дар охири асри 18 дар мамлакатҳои Араб пайдо шудааст. Асосгузораш Муҳаммад ибни Абдуваҳҳоб (1703-1787). Таълимоти асосии Ваҳҳобияро тарғибу ташвиқи ягонагии Оллоҳ – тавҳид ташкил медиҳад. Мувофиқи ақидаи Ваҳҳобиён танҳо Худо холиқи олам буда, чизе ва касе ба ў баробар шуда наметавонад. Ба тоъату ибодат танҳо Худо сазовор аст. Аз ин ҷост, ки Ваҳҳобия ба дигар одатҳои ислом: авлиёпарастӣ, ҳаҷ, қурбонӣ (ғайр аз худоӣ баҳри Худо), дар назди марқади ашхоси муқаддас сохтани масҷидҳо ҳамчунин бо пўшидани либосҳои шоҳӣ, нўшидани машрубот, мусиқӣ, рақс ва ғайра зид баромада, онҳоро навъе аз бутпарастӣ меҳисобид. Тамоми ашхоси ба ин унсурҳо пайравро кофир ва сазовори қатл медонист ва ба муқобили онҳо ҷиҳодро раво дониста, пайравони мазҳаби худро на ба номи қабила, балки ба номи ихвон (бародар) хитоб мекард.
Аз байни тамоми навиштаҷоти динӣ танҳо Қуръон ва суннатро сарчашмаи асосии дини ислом меҳисобид. Ваҳҳобия баъди дини давлати Арабистони Саудӣ (1920) эълон шудан, ба идеологияи феодалҳои араб табдил ёфт. Ваҳҳобиён ҳоло ғайри давлатҳои Араб дар Афғонистон, Ҳиндустон ва баъзе давлатҳои Африка таъсир дорад.
Ин тамоюли бегонапарстӣ, бешак мардуми ватандўст, бахусус қишри солимфикру пешоҳанги ҷомеаро, ки осудагиву Ваҳдати миллӣ ва субботу амният барояшон азиз аст, бетараф гузошта наметавонад, зеро ин мушкилиест, ки миёни ҷавонон то андозае маъмул буда, ҳалли дурусту оқилона ва саривақтиро тақозо дорад.
Аз бесаводӣ ва ё камсаводӣ бошад, ҳамеша сабаби пайвастани мардум, махсусан ҷавонон ба чунин гурўҳҳо мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки Созмони ҳамкории Шанхай аз 29 январи соли 2016 хабар медиҳад, солҳои охир дар фазои сиёсии сайёра гурӯҳҳои ифротие рӯи саҳна омада истодааст, ки бо амалҳои зишт ва террору куштори худ ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардаанд. Махсусан дар Тоҷикистон, Афғонистон, Ироқу Сурия, Яману Сомалӣ онҳо фазои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро боз ҳам вазнинтар намуда истодаанд.
Ҳамагон огаҳӣ доранд, ки дар назди Худованди бузург ин амалҳои зишт мутобиқ ба оятҳои муқаддаси китоби “Қуръон” гуноҳ ва нобахшиданӣ мебошад.
Қобили таваҷҷӯҳ аст ва аз сомонаҳои хабарӣ бармеояд дар мувофиқат ба Низомнома оид ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстреместӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон, таҳти №79, ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шудааст. Қаблан, ба ин рӯйхат чунин созмони террористӣ монанди “Ал – Қоида” ДИИШ, Ҳаракати Толибон, “Салафия”, “Бародарони мусалмон” ва ғайра номнавис шуда буданд, ки ин ташкилотҳои душмани дини ислом маҳсуб меёбад.
Давоми чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон 75 узви ТЭТ ҲНИТ барои иштирок дар фаъолияти ҷинояткоронаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии ДИИШ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, “Ансоруллоҳ”, “Ҳизб – ут – Таҳрир”, “Ҷамоати таблиғ”, “Гурӯҳи – 24” ва ғайра боздошт гардиданд.
Роҳбари фирории ТЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ шахсан ташкилкунанда ва маблағгузори табаддулоти давлатии моҳи сентябри соли 2015 бо иштироки гурӯҳи мусаллаҳи Абдуҳалим Назарзода дар Тоҷикистон аст, нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ҷустуҷӯи Интеропол эълон шудааст.
Аз он даврае, ки мо ба душвориҳои зиёд нобасомониҳоро паси сар намуда, тавассути сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи азизамон роҳи созиш ва оштии миллӣ - роҳи ваҳдатро пеш гирифтем, вақти зиёде нагузаштааст. Мо бояд барои ҳифзи ин неъмати муттаҳидсоз, кулли мардуми тоҷик муттаҳид ва сарҷамъ бошем, Тоҷикистонро боз ҳам ободу зебо гардонем.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҷомеаи муосир дар радафи бисёр дастовардҳо, такмили қонуниятҳои давлатсозию давлатдорӣ бисёр муаммову таҳдидҳо ҷой доранд, ки ин омилҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Яке аз таҳдидҳои ҷаҳонӣ ба сулҳу амнияти ҳуқуқбунёди Тоҷикистони азизи мо терроризм, радикализм ва экестремизм мебошад. Ин падидаҳои ташвишовари муосир ҳамчун амали ҷиҳоду хизмат ба дин аз ҷониби афроди ҷиноятпеша рӯйпуш шуда истода, сафи пайравони ин ақидаи ботилро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳу бесавод афзун менамоянд. Ин ташвиқгарони ифротӣ ҷавонон ва тӯдаи гумроҳшудагонро барои иштирок дар амалиётҳои мусаллоҳона дар қаламрави Сурия ва Ироқ, ё худ замини Шомро на танҳо бо хизмат ба дини Худо ва ваъдаҳои охирати биҳиштӣ, балки инчунин бо ваъдаҳои зару зевар, маблағҳои зиёд ҷалб менамоянд.
Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин гуфта буданд: «Таърих баъд аз ҳазор сол моро водор месозад, ки аз таҷрибаи талхи ниёгони худ сабақ гирем, манфиати давлату миллатро аз ҳама боло шуморем. Ба қадри давлату давлатдорӣ ва Ватани аҷдодӣ бирасем, кишварро аз парокандагӣ, миллатро аз нобудшавӣ нигоҳ дорем. Танҳо Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти мардуми Тоҷикистон бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона, тарбияи насли наврасу ҷавонони ояндасоз ва дўстиву ҳамкориҳои судманд ба мамлакатҳои пешқадам моро ба ояндаи пурсаодат мерасонад».
Оре, мо бояд фарзандонро баробари таълиму тарбия додан, онҳо, ки ояндаи миллати мо ҳастанд, ҳушдор намоем ва ба равияҳои бегона нагараванду ҷони худро ба зери хатар нагузоранд.
Аз ин лиҳоз мо халқро мебояд, ки аз пештара дида боз ҳам хубтару беҳтар муттаҳид бошем. Ваҳдату ягонагӣ ва якпорчагии Ватани маҳбубамонро ҳифз намуда, нагузорем, ки бозичаи дасти нохалафон гардад.
Матлуба Оқилова,
профессори кафедраи сиёсатшиносӣ ва
фарҳангшиносии ДДХ ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои фалсафа







