ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ФИТНАИ ҲНИТ БОЛОИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН (ҚИСМИ 1)
2017-11-29

Ин чӣ шeрест, ки дар даври қамар мебинам,

Ҳама офоқ пур аз фитнаву шарр мебинам…

                                                          (ҳофиз)

 

Терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, аз ҷумла навъи динӣ ва дигар зуҳуроти онҳо, имрӯз ба тамоми кишварҳои олам  ва умуман тамаддуни инсонӣ хатари ягонаи доимафзоянда доранд. Равнақ гирифтани фаъолияти ташкилотҳои террористӣ, ки дорои характери трансмиллӣ мебошад, муттаҳидсозии  кӯшишу талоши ҷомеаи ҷаҳониро оид ба коркард ва татбиқи амалии тадбирҳои ҷавобӣ ҷиҳати таъмини амният ва субот  дар сатҳи ҳар як кишвар ва умуман минтақа тақозо менамояд.

Ҳар ҳизбу созмон бо нияти ташаккул ва пешравии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин хидмат ба Ватану миллат ва дар асоси садоқату посдории муқаддасоти миллӣ ташкил мешавад, вале дар асл созмондиҳандагони онҳо ба хотири ба даст овардани манфиатҳои хеш ва ба даст овардани ҳокимият дар сар орзуву ҳавасҳоеро мепарваранд. Бархе аз онҳо содиқона ба гуфтаҳояшон собит мемонанд ва қисмати дигари онҳо, ки ба дасти бегонагон идора ва маблағгузорӣ мешаванд, дар андак замон чеҳраи аслии онҳо кушода ва нияти шумашон баръало намоён мегардад.

Мусаллам аст, ки аз нимаи дуюми садаи нуздаҳум коргирӣ аз исломи сиёсӣ ва ба манфиати ҷомеаи сармоядорӣ истифода шудани он аз силсилаи барномарезиҳои калидии сармоядорони ғарбӣ буда, бо андӯхтани таҷрибаю собиқа, минбаъд истифодаи дин ва мазҳаб дар баҳам задани бофтҳои иҷтимоӣ ба амри зарурӣ ва стратегӣ табдил ёфт. Ин раванд дар ибтидои асри бист ба стратегияи самти сиёсати хориҷии империализми ҷаҳонӣ табдил ёфта, таъсиси гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ аз ҳисоби ифротиёни исломӣ ва ташкил додани ҳизбу сектаҳои динӣ ҷиҳати дар ҳоли парешонӣ нигаҳ доштани давлатҳои  шарқи мусулмонӣ ва таҳти назорати ҳамешагӣ қарор додани онҳо ба ҳукми анъана даромад. Ин аст, ки тамоми созмонҳои сиррии динӣ-мазҳабӣ дар  кишварҳои шарқи исломӣ таҳти назар ва ҳимояти империализми ҷаҳонӣ амал карда, баҳри манфиат ва ниёзҳои сиёсию иқтисодии бегонагон хизмат кардаанд.

Созмондиҳӣ ва барномарезии гурeҳҳои сиёсӣ ва динӣ, ки одатан ба хотири ба вуҷуд овардани фазои ноорому бесубот дар ҷомеа ва минтақаҳо амалӣ мешаванд, сухани тоза нест. Бахусус, аз ибтидои асри бист сарпарастони гурeҳҳои исломи сиёсӣ дар мамолики арабӣ «иқдомот»-и густурда рӯйи даст гирифта, бар асоси консепсияи динӣ-мазҳабӣ ва истифода аз нуфузи лидерони маҳаллии мазҳабӣ тарҳҳоеро таҳия ва роҳандозӣ намуданд. Ҳамин гуна тарҳи сиёсӣ ва динӣ, албатта, таҳти сарпарастии молиявию иқтисодии созмонҳои пасипардагии ғарбӣ дар кишварҳои исломӣ аз ҷониби исломиёни салтанатталаб ва худбохта ҳамсадоӣ пайдо кард.

Муҳаққиқоне, ки дар заминаи қолабҳои мафкуравӣ ва сиёсӣ таҳқиқ мекунанд, тамоми созмонҳои сиёсии исломиро, маҳсули сарпарастии бевоситаи хадамоти хориҷӣ медонанд. Яъне созмонҳои сиёсии исломӣ аз берун коргардонӣ ва маблағгузорӣ мешуданд. Аз машҳуртарин созмон – «Ихвон-ул-муслимин» шурӯъ карда, то ба ДИИШ ва гурӯҳҳои ба он тобеъ сарпараст ва пуштибони хориҷӣ доранд ва бозиҳо, асосан аз хориҷ коргардонӣ мешаванд.

Ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳо, аз xумла ҳизбу ҳаракатҳои исломие, ки дар ҷаҳони исломӣ вуҷуд доранд, гарчанде бисёре аз онҳо даъвои сохтани Хилофати умумиҷаҳонии исломӣ мекунанд, ҳама қудратхоҳ мебошанд ва ҳеч гоҳ ба хотири ҳадафи ягона муттаҳид намешаванд. Ба ҳамин хотир, сармоядорони ғарбӣ дар кишварҳои исломӣ ҳизбу ҳаракатҳоеро дастгирӣ мекунад, ки ҳувияти исломии мардумро афзоиш медиҳанд, сатҳи саводнокии мардумро коҳиш медиҳад ва дар давлатдорӣ исломи сиёсиро чун ягона дурнамо пешбинӣ мекунад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ зода ва парвардаи ҳамин геополитика мебошад. Ҳаракате, ки дар солҳои 1970-ум бо ташаббуси Ихвон ул- муслимин ташаккул ёфтааст. Фаъолони ин Ҳизб исломро аз нуқтаи назари ихвонии Саид Қутб ва Ҳасан Банно ва китобҳои онҳо шинохтаанд. Афсонаи “сиёсати сабр”-е, ки роҳбари Ҳизб – Муҳиддин Кабирӣ тўли фаъолияташ талқин мекунад, ба усули “қадам ба қадам”-и Ихвон-ул-муслимин шабоҳат дорад.

Тибқи ин усул, исломиҳо бояд аввал шароити инқилобро ба вуҷуд оранд ва пас инқилобро роҳандозӣ кунанд. ҳар нафаре, ки ақли солим дорад, дарк мекунад, ки мушкилиҳоро бо ҷангу куштор ҳал кардан намешавад. Дар тўли таърих ҶАНГ ҳеч гоҳ ягон мушкилиро ҳал накардааст. Балки он ба хотири иваз кардани қудрати сиёсӣ аст. Яъне ҲНИТ танҳо ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ амал мекунад. Ба худии худ, соҳиб шудан ба қудрати сиёсии давлат айбе надорад ва дар Конститутсия низ пешбинӣ шудааст. Аммо ҲНИТ барои мо чӣ алтернативае оварда метавонад. Яқин аст, ки ба ғайр аз давлати исломӣ, ҷомеаи мардсолорӣ ва занҳои дар пушти дарҳо маҳкам, чизе дода наметавонад. Бо ба сари қудрат омадани ин ҳизби исломӣ, ҳамаи онҳое, ки пайрави дигар динҳо ҳастанд ва ё диндор нестанд, аз ҳуқуқи иштирок дар сиёсат ва ҳатто аз ҳуқуқи зиндагӣ маҳрум мешаванд.

Ин ҳизб дар фаъолияти хеш ҳеҷ гуна идеологияи дурнамо, мавқеи муайяне дар масъалаҳои миллӣ, илмию фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ғайра надошт. Оддитарин масъалаҳо аз қабили конфронсҳои илмӣ, шабҳои фарҳангӣ - эҷодӣ, вохӯриҳо бо чеҳраҳои илмию адабӣ ва фарҳангию сиёсии кишвар дар сатҳи бояду шояд намегузаштанд. Дар фаъолияти шахсии як зумра аз аъзои ҳизб риояи ахлоқи шоиста кам ба назар мерасид. Ва ҳамчунин пур кардани сафи аъзои ҳизбро аз шахсони холӣ аз донишу ахлоқ, ибодату маънавияти исломӣ ва ашхоси сиёсатзадаи тиҳимағз мақсад гузоштанд. Дар фаъолияти иҷтимоию иқтисодии ҲНИТ кори шоиставу боиста ва ба нафъи ҷомеа дида намешуд, то ҷое ки барномаи амалие ҳам вуҷуд надошт. Ин буд, ки марҳум Саид Абдуллои Нурӣ соли 2006 гуфта буд: “агар бо ҳамин ҳолате, ки ҳизб дорад, ба кудрат расад, ҳам ҳизбро, ҳам исломро ва ҳам миллатро шарманда мекунад”. ҳақ ба ҷониби марҳум Нурӣ буд, ки дастпарвардаҳои худро аз дигарон хубтар мешинохт.

Барои ҲНИТ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд. Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад дошт? Оё фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Мисру Ливия ва Сурияву Украинаро ба сари миллати худ меоранд?

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон тўли садсолаҳо аз мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ мекунад. Мазҳаби ҳанафӣ мардумро дар ин муддат ба таҳаммулгароӣ, ҳамзистӣ ва эҳтиром ба урфу одат ва арзишҳои миллӣ тарғибу ташвиқ менамуд. Дар ин сарзамин, дар маҷмӯъ ихтилофи мазҳабию эътиқодӣ ба назар намерасид. Аммо аз рӯзи ташкилёбии ҲНИТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилофоти эътиқодӣ бо ҳам тавъам (дугоник) арзи вуҷуд намуданд. Яъне, ҲНИТ бо омадани худ дар арсаи сиёсии кишвар ихтилофоти мазҳабиро низ бо худ овард. Зикр кардан бамаврид аст, ки ҲНИТ пеш аз ҳама ҳамчун дарвозаи вуруди ақидаҳои бегона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, салафият, ҳизби таҳрир ва шиа хизмат намудааст.

ҲНИТ ва пайравонаш дар замони фаъолияти расмияшон чунин вонамуд мекарданд, ки гӯё онҳо ба мушкилоти сиёсию иқтисодии кишвар ягон дахл надоранд ва ҳамаи ҷурмро бар сари ҳокимияти сиёсӣ ҳавола менамуданд ва худро пуштибони озодиву адолат ва демократия ба намоиш мегузоштанд. Айни ҳол низ сарони дар пайгарди қонун қарордоштаи ин ҳизби мамнуъи террористӣ дар хориҷи кишвар ба фазилатфурӯшиву демогогия ва бадномсозии роҳбарият ва ҳукумати кишвар машғул шуда, бо роҳи бечоранолӣ дар назди созмонҳои байналмилалӣ аз адолату демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳарф мезананд. Барои амалӣ намудани демогогияи худ ва роҳ ёфтан ба мағзҳои хуфта роҳбари ин ҳизб бо галстуку сарулибоси ғайримазҳабӣ дар расонаҳо зоҳир мешавад.

Замоне ки ҳизбе дар Тоҷикистон бо номи исломӣ вуҷуд надошт, масҷиду мулло дорои арзиши баланд миёни мардум буд. ҲНИТ рӯи кор омаду коре ба нафъи ислом ва муслимин накард. Агар бе ягон таънаву танқид сухан ронем, оғози ҷанг, ҳиҷрату парешонии мардум, харобии иқтисодиёт, таназзули фарҳангӣ, ихтилофи ақидавӣ, кинаву адоват ва чандин фалокату бадбахтии дигар фишурдае аз корномаи ҲНИТ ва “хизмат”-и ӯ барои мусулмонони тоҷик аст. Ҳатто агар фарз кунем, ки ҲНИТ дар соли 1992, вақти майдонбароияш қасди ҷанг надошт (чуноне ки баъзе коршиносон иддао мекунанд), ин нуқтаро касе инкор карда наметавонанд, ки сар задани ҷанг иртиботи мустақиме бо фаъолияти ин ҳизб дошт, балки самара ва натиҷаи фаъолияти он буд. Зеро наҳзатиҳо равиш ва биниши исломии анъанавии моро иваз карда, аз маҷрои аслӣ дур сохтанд ва боиси ихтилофи шадиди ақидавӣ дар ҷомеа гардиданд. Исломе, ки асрҳо боз тоҷикро ба тоату ибодат, таълиму насиҳат, некхоҳию накӯкорӣ даъват менамуд, якбора ба ӯ амр кард, ки майдондорӣ кун, силоҳ бигир, мансабро ба зӯр соҳиб шав, интиқомгирӣ кун, одам бикуш ва ғайраву ҳоказо. Табиист, ки ин гуна таълимоти диниро ҷомеаи суннатии тоҷик  қабул надоштанд. Ва ин хиёнати бузурги ҲНИТ ба дини ислом буд. Дар натиҷа, исломе, ки бояд омили муттаҳидии миллати мо дар солҳои сарнавиштсози поёни асри 20 мешуд, баръакс, сабаби ихтилофу даргириҳо гардид.

Барои ҳар як фарди солимақл пайдост, ки барои гирдиҳамоиҳо, бесарусомониҳо, қатлу куштор ва ба коми оташ кашидани биноҳои маъмурӣ ва маишӣ кӣ ва барои чӣ маблағгузорӣ мекунад. Барои “мухолифон” ҳам ин пўшида нест. Барои ҳамин, онҳо бисёр иштиёқманд ҳастанд, ки чунин “сармоягузорон”-ро ҷалб кунанд. Агар Кабирӣ сармоягузорони хориҷӣ намедошт, наметавонист дар давоми соли 2013 34 маротиба ба кишварҳои хориҷӣ сафар карда, 139 рўз берун аз кишвар зиндагӣ ва “фаъолият” кунад. Танҳо маблағи чиптаҳои ҳавопаймо барои сафарҳои хориҷии номбурда, бе назардошти хароҷоти хўрок, истиқомат, раводид ва ғайра, беш аз 31 ҳазор доллари амрикоиро ташкил намудааст. Дар давоми 7 моҳи соли 2013 Кабирӣ 15 маротиба ба сафари хориҷӣ баромада, тўли 83 рўз дар давлатҳои хориҷӣ қарор доштааст. Ў бештар ба кишварҳои исломие чун Туркия, Эрон, Афғонистон, Қатар, Арабистони Саудӣ, Дубай ва ғайра сафар кардааст. Мақсади аслии сафарҳо ва мулоқоту вохўриҳо бо роҳбарони марказҳои динӣ, сиёсатмадорони алоҳидаи ифротгаро, рўҳониёни мутаассиб, ин ҷалби сармояи хориҷӣ барои роҳандозӣ намудани фаъолияти ҲНИТ мебошад. Ҳамчунин, ў ва дигар фаъолони ҳизбаш зимни сафарҳояшон ба Федератсияи Русия ва Қазоқистон кўшиш менамоянд, ки бо муҳоҷирони кории тоҷик мулоқот анҷом дода, афкори бардурўғро дар миёни онҳо паҳн созанд.

Бори дигар ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 бозгӯкунандаи он аст, ки ҲНИТ, ки худ ячейкаи «Ихвон-ул-муслимин» аст, дар ҳар вазъияте аз усулҳои хос истифода менамояд. Пешвоёни ҲНИТ дар моҳи сентябр мутақоид буданд, ки онҳо дар кишвар бо усули «қадам ба қадам» тарафдорони зиёдеро соҳиб гардидаанд ва ба фазаи  дигари сиёсии худ «сиёсати зӯроварӣ» шуруъ карданд ва тавассути гумоштаи хеш генерал Назарзода даст ба кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ  заданд. Онҳо муътақид буданд, ки дар муддати кӯтоҳ ошӯби онҳо дастгирию ҳамовозӣ пайдо мекунад ва онро баъдан ба инқилоби исломӣ табдил медиҳанд, аммо амалҳои террористие, ки солҳои 90-ум аз ҷониби дастандаркорону пайравони ҲНИТ содир шуда буданд, амсоли даҳшатноктарин навъҳои куштори инсон дар вилояти ҳамонвақтаи Қӯрғонтеппа, ҳамчунин террорҳои пай дар пайи шахсиятҳое, ки мухолифи исломисозии ҷомеа буданд, боиси он гардид, ки кӯшиши табаддулот   ноком шуда, ба шикаст мувоҷеъ гардид…

Шоми 8-уми августи соли 2017 Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон филми мустанадеро дар телевизиони «Тоҷикистон» ба намоиш гузошт, ки боз ҳам парда аз руйи аъмоли хоинона ва террористии хизби мамнуъи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) болотар бардошт. Дар воқеъ филми мазкур, аз забони террористон ва аъзоёни дастгиршудаи собиқ ҲНИТ, ки дар Тоҷикистон террористӣ эълон гардид, хеле касбӣ ва воқеъбинона таҳия шудааст. Терористони дастгиршуда иқрор мешаванд, ки бо супориши Саид Абдуллои Нурӣ ба Эрон рафта таълими ҷангию террористӣ гирифта, сипас бо фармони Хоҷӣ Ҳалим Назарзода, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон маблағгузорӣ мешуд бо маблағҳои муайян ба террори шахсиятҳои илмию фарҳангӣ ва аскарону афсарони 201-ум дивизияи Федератсияи Русия дар Тоҷикистон даст мезаданд. Ба тасдиқи ҷинояткорон шахсияти маъруфи тоҷик вакили парлумон ва ҳуқуқшиноси варзида Сафаралӣ Кенҷаев аз ҷумлаи терроршудаҳо мебошад.

Дар барномаи телевизиони синамогарони филми мустанад  се гумонбарро нишон доданд, ки ёварашон Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода мебошад. Ҳамаи се шоҳид изҳор доштанд, ки дар соли 90-ум  дар вилоятҳои Қум ва Гургони шаҳри Эрон, шаҳрҳои Теҳрон ва Машҳад, масъалаҳои низомӣ ба онҳо омӯзонида шудааст.

Гумонбарон Тағоймурод Aшрапов, Aбдуқодир Абдуллоев ва Саймуҳриддин Қудратов - тарафдорони генерал Абдуҳалим Назарзода тасдиқ намуданд, ки воқеан ҳам қатли одамони дар боло зикршударо бо фармоиши ёварашон иҷро кардаанд.

Тағоймуродов Ашрапов зикр кард, ки дар соли 1995 ба вилояти Қум ва Гургони шаҳри  Эрон барои омӯхтани  маҳорати ҳарбӣ рафта, дар соли 1997 барои куштори як зумра сиёсатмадорон ва олимони маъруф ба Тоҷикистон баргаштааст.

Вале мутаассифона Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ин ҳама факту далелро, ки аз забони худи ҷинояткорон гуфта мешаванду вокеияти ҳол мебошанд, бепоя унвон мекунад. Ва гуё ин гуфтаҳо нисбат ба Эрон туҳмату буҳтон мебошанд.

Муносибати байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба он сатҳе ба сардӣ расидааст, ки таърихан ҳеҷ замоне ин гуна набуд. Ин ҳолат дурнамои равобити кишварҳоро норӯшан кардааст. Даст ба табаддyлоту хунрезӣ задани Ташкилоти террористии Хизби наҳзати исломӣ яке аз омилҳои аслии ин сардшавии муносибот аст.

Тоҷикон ва эрониҳо ду миллате ҳастанд, ки аз як мардум падид омадаанд. Тоҷикҳо бо эрониён ҳамтабору ҳамзабону ҳамфарҳангу ҳамдин ҳастанд ва таваҷҷуҳи Эрон ба Тоҷикистон, ки бахше аз ҷаҳони эронӣ аст, комилан қонунманд ва дарёфтанист.

Эрон нахустин кишваре буд, ки дар соли 1991 истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафораташро дар соли 1992 дар шаҳри Душанбе боз кард.

Аз он пас равобити ду кишвар рӯ ба пешрафт ниҳода ва хуб густариш меёфтанд. Чунончи, Эрон дар сохтани созаҳои муҳимме чун нақби "Истиқлол" ва нерӯгоҳи барқобии "Сантӯда-2" бо Тоҷикистон ҳамкорӣ карда ва 250 миллион доллар барои иҷрои ин тарҳҳо сармоягузорӣ кардааст.

Аз оғози барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар то имрӯз, ки инак 25 сол мегузарад, ҳеҷ гоҳ муносибат миёни Душанбе ва Теҳрон то ин андоза сард набуд, ҳатто дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон. Ин дар ҳолест, ки робитаи Тоҷикистону Эрон фақат расмиву дипломатӣ набуда, реша дар таъриху фарҳанги муштараки мардумони ду кишвар дорад ва аслан, интизор намерафт, ки рӯзе ихтилоф миёни ин ду кишвари бародар то сарҳади қатъи равобит пеш равад.

Дар ҳамон моҳҳои аввали қазияи табаддулот, ки ҷомеаи Тоҷикистон ҳанӯз таҳти таъсири равонии он қарор дошт, Ҷумҳурии исломии Эрон, дӯст ва шарики стратегии Тоҷикистон, ба ҷойи ҳамраъйӣ бо давлат ва мардуми тоҷик, ошкоро аз касоне ҳимоят кард, ки давлати Тоҷикистон террористашон хонда буд. Рӯзи 29 декабри соли 2015 Муҳиддин Кабирӣ ба ҳамоиши байналмилалии “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон даъват шуд (ин ҳамоиш ҳамасола дар сатҳи баланд, бо иштироки шахсиятҳои маъруфи ҷаҳони ислом баргузор мегардад ва Кабирӣ аз иштирокдорони ҳамешагии он буд). Илова бар даъват, ки худ нақзи ошкори тамоми муоҳидаҳои дӯстӣ миёни ду кишвар буда, бо урфи қабулшудаи дипломатия низ мухолифат мекард, роҳбари руҳонии Эрон ва шахси аввали ин кишвар Саид Алии ҳоманаӣ бо Кабирӣ дар ин ҳамоиш мулоқот кард ва расонаҳои давлатии Эрон ин мулоқотро инъикос намуданд.

Аз рӯйи маълумоти матбуоти Эрон, ҳоманаӣ ҳатто бисёре аз сарони кишварҳои хориҷиро ба ҳузур намепазирад ва агар пазирад ҳам, на ҳамаи онро дар расонаҳо инъикос мекунанд. Пас, метавон ба ин хулоса расид, ки Эрон бо ин рафтораш ошкоро фаҳмонд, ки мамнӯияти ТЭТ ҲНИТ-ро дар Тоҷикистон қабул надорад ва барои ҳимоят аз ин ташкилот омода аст, ҳатто равобити худро бо давлат ва мардуми Тоҷикистон зери суол гузорад. 

Дар айни ҳол, бояд зикр кунем, ки ташаббускор ва сабабгори ин беэътимодӣ Тоҷикистон набуду нест. Яке аз меъёрҳои пазируфташуда дар муносибат миёни кишварҳо ҳусни тафоҳум ва ҳусни ният аст, ки мутаассифона, ҷониби Эрон онро дар симои муҳимтарин шарики минтақавии худ – Тоҷикистон зери по гузошт.

 

 

 М.Оқилова – профессори кафедраи

умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ

 

Аз назар гузарониданд:553 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар