Дар Эрон шиори машҳуре ҳаст, бо унвони “Ҳимоят аз мазлумони олами ислом”, ки баъд аз Инқилоби исломии соли 1979 вирди забонҳо гардида, бар асоси он Эрон бояд пуштибони мазлумин ва заифони олами ислом бошад. Ин шиор асосан аз тарафи роҳбарони инқилоб ба роҳ андохта шуд, то дахолатҳои худро дар умури дохилии кишварҳои ҷаҳони ислом бо сарфи миллионҳо доллар аз пули мардуми Эрон барои афкори умумии дохилӣ асоснок кунанд.
Зоҳиран, Эрон таҳти ҳамин шиор мехост ҲНИТ-ро мазлум нишон дода, мавриди ҳимоят қарор диҳад ва баъдан, оҳиста-оҳиста Ҳукумати Тоҷикистонро водор ба музокира бо ҲНИТ намуда, дар ниҳоят масъалаи авф ва бозгашти онро ба саҳнаи сиёсии кишвар дар миён гузорад (ба монанди солҳои 1992-1997). Ва агар ба сомонаи ТЭТ ҲНИТ бо диққат назар кунем, дар навиштаҳои он низ ҳамин андеша ба сурати ошкору ниҳон таблиғ мешавад. Мақолаҳое, монанди “Ҳиҷрати дубораи Наҳзат”, “Наҳзат ин бор бо иззати бештаре бармегардад” ва амсоли он дар ҳамин руҳия навишта шудаанд. Эҳтимолан, ба масъулони сомона гуфта шудааст, ки ҳамин uояро таблиғ кунанд, то афкори умум барои музокира миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ТЭТ ҲНИТ тадриҷан омода шавад.
Алҳол як гурӯҳи хурди собиқ наҳзатиҳо (ҳатто на ҳамаи онҳо) дар хориҷ ба сар мебаранду барои зинда мондан ва бақои сиёсии худ чор тараф сару садо баланд мекунанд. Онҳо намояндаи ҳатто як қишри ҷомеа нестанд, ҳамагӣ чанд нафаранд. Дар бораи ягон намуди музокира бо ин гурӯҳ, на танҳо сухан намеравад, балки фикр ҳам набояд кард. Имрӯз ҷомеаи тоҷик, чӣ онҳое, ки ҳаёти дунявӣ пеш мебаранд ва чӣ онҳое, ки арзишҳои исломӣ маҳаки зиндагияшон аст, бо нигоҳе ба рӯйдодҳои имрӯзаи ҷаҳони ислом ва ёдоварии ҳаводиси солҳои аввали истиқлоли кишвари худ, ба ин хулоса расидаанд, ки дин ва ақидаи мазҳабӣ наметавонад дар кишвар ҳоким бошад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ТЭТ ҲНИТ-ро наметавон ҳатто як ҳизби ҳомии арзишҳои динӣ номид. Ин як гурӯҳи тундрав ва террористӣ буда, дар дохили кишвар ҳеҷ нерӯи солиме онро қабул надорад. Номи исломро ба худ гузоштанаш ҳам имтиёзе барояш намеорад. Имрӯз дунё пур аст аз ҷараёну ҳизбҳое, ки бо номи ислом қад кашидаанд, аммо на танҳо исломӣ нестанд, балки мавҷудияташон ҳамагӣ бар зарари мусулмонҳост. Ва инро мардуми мо огоҳона дарк мекунанд.
Тоҷикистон иборат аз ҳамон чанд наҳзатӣ нест, 9 миллион аҳолӣ ва ҳамин миқдор тоҷик дар минтақа дорад. Кадом мантиқ мегӯяд, ки ба хотири чанд нафар бояд робита бо кулли тоҷикон барҳам хӯрад? Пас, принсипи исломии “бартарии аксарият бар ақаллият” куҷо шуд?
То таҳаввулоти соли 2015 Эрон дар Тоҷикистон аз миёни равшанфикрон ва умуман ҷомеа тарафдорони зиёд дошт, вале акнун ба ҷуз ҳамон чанд наҳзатӣ, дигар Эронро дар Тоҷикистон дигаргуна мешиносанд. Бояд шахсони аввал ва калидии сиёсати хориҷии Эрон бидонанд, ки чанд нафарон аз маrомотҳои ҳокимиятb ба хотири равобити шахсӣ бо Кабирӣ ва низ манфиатҳои иқтисодии худ, ба манофеи давлати Эрон дар Тоҷикистон латма зада, Эронро барои ҳамеша аз дили тоҷикон берун мекунанд.
Зинҳор ба зинҳор таъкид карда мешавад, ки Эрон бояд бидонад. Аввалан ҳеҷ гоҳ низоми динӣ дар Тоҷикистон рӯи кор намеояд (зеро на афкори умумӣ инро қабул менамояд, на чунин нерӯе дар кишвар вуҷуд дорад), сониян, рӯи кор омадани як низоми динӣ дар Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ ба нафъи Эрон нест. Зеро ҳар гуна низоми динӣ дар Тоҷикистон, албатта, низоми суннӣ хоҳад буд ва мо то ҳол дар ҷаҳон ҳеҷ кишвари исломии сунниро надидаем, ки бо Эрон равобити хуб дошта бошад. Ҳатто ҳамин ТЭТ ҲНИТ ҳам дар “рӯзи сиёҳ” роҳ ҷониби Эрон пеш нагирифт ва худро ба домани туркҳову аврупоиҳо ва дӯстони арабияш дар Африқову Халиҷи Форс зад. Пас, низоми дунявии Тоҷикистон ва тақвияти он сад дар сад ба нафъи Эрон аст. Зеро барои Эрон ҷиҳати ворид намудани саноат ва иқтисодаш ба минтақаи Осиёи Марказӣ ҳеҷ кишваре амнтар ва содиқтар аз Тоҷикистон нест (албатта, агар Эрон ҳам бо садоқат бо мо рафтор намояд).
Сониян, ҲНИТ дар замони Шӯравӣ бар асоси андешаҳои ихвонии ба ваҳҳобӣ тамоюлдошта таъсис ёфта, ин навъи андеша бунёди фикрии ҳамаи наҳзатиҳоро ташкил медиҳад. Онҳо танҳо ба хотири замонасозӣ ва ҷалби ҳимояти Эрон дар солҳои 1992-1997 ва имрӯз худро эронгаро ё панэронист ҷилва медиҳанд, вале ҳаргиз эронгарои асил нахоҳанд шуд ва бо пайдо шудани аввалин имконият ба оғӯши ҳамон ваҳҳобиҳо хоҳанд рафт, зеро ин дар хун ва ақидаашон ҳаст. Ҳар қадар, ки ҲНИТ дар Аврупо ва Туркия фаъолтар гардад, ҳамон андоза ба доми ваҳҳобиҳо рафта, аз Эрон фосила мегирад ва дар як фурсати муносиб тамоми нақшаву барномаҳои дирӯзаву имрӯзаву ояндаи Эронро фош карда, душмани асили Эрон хоҳад шуд. Имрeз бо умеди ин, ки дар қалби Аврупо “даст”-е дар симои ҲНИТ доред, душмане барои худ мепарваред. Ҳамин рӯзҳо, ки дар ҷаҳон шумоён пуштибони ҲНИТ шинохта мешавед, шояд бар асоси нақшаи кашидаи ҳамон доираҳо бошад, ки ҳукуматҳои мову шуморо дар ҳоли душманӣ ва нобоварӣ нигоҳ доранду худ боҳузур сиёсатҳояшонро дар минтақа пеш баранд ва шуморо куллан аз Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ берун созанд.
Ва шоиста ҳам нест, ки Эрон бо он бузургию шаҳомати ҷаҳонияш худро ба хотири ҳамин як гӯруҳи хурд бадном созад.
Имрӯзҳо дар фазои коршиносии минтақа (махсусан Русия) чунин таҳлиле пайдо шудааст, ки бо рафтани ҲНИТ аз саҳнаи сиёсат, Эрон ҳам аз Тоҷикистон рафт. Яъне, баъзеҳо мехоҳанд ин андешаро дар маҳфилҳои таҳлилӣ илқо кунанд, ки тамоми сармоягузориҳои инсониву сиёсиву иқтисодии Эрон дар Тоҷикистон тайи 25 сол фақат рӯи ҳамин як ҳизб ва ба хотири он будаасту инак аз миён рафт. Мутаассифона, рафтори ахири Эрон ва сатҳи имрӯзаи равобити ду кишвар низ хоҳ-нохоҳ ин таҳлилро тақвият мекунад. Ҳол он ки давлати Тоҷикистон аз оғоз то имрӯз ҳамеша бо Эрон содиқона рафтор кардаст ва ҳаргиз аз сиёсати дугона кор нагирифтааст.
Интизори мо – тоҷикон аз шумо – бародарони эронӣ ин набуд. Мо, ки пас аз як давраи тӯлонии барқарорсозии оқибатҳои ҷанги дохилӣ, рӯи по истода, дар арсаи байналмилалӣ қад рост кардем, интизории онро доштем, ки шумоён бо он таҷрибаи бузурги давлатдориатон моро ҳимоят мекунед ва мо дар якҷоягӣ мавrеъҳои ҳамдигарро тақвият дода, дар ҷаҳон нақшофарӣ менамоем. Зеро ин ҳама муштаракоте, ки миёни мову шумоён ҳаст, миёни ҳеҷ кишвари дигар нест, ҳатто мову шумоён бо Афғонистон ҳам ин қадар муштаракот надорем. Вале шумо худро маҳдуд ба як гурӯҳи хурд карда, давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ранҷур намудед.
Мутмаинем, ки ин мавқеи кулли миллати бузурги Эрон нест, балки чанд нафар аз барандагони сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар симои Тоҷикистон аз ноогоҳӣ ё ба хотири манофеи шахсию ҷиноҳияшон сабабгори ба вуҷуд омадани ин ҳолат шуданд.
Маврид ба таъкид аст, ки руз то руз чеҳраи аслии собиқ ҲНИТ, ки ба қатлу куштор ва ғорати мардум машғул буд, ҳувайдо мегардад. Ҳамин аст, ки ташкилоту созмонҳои байналмиллалӣ ин ҳизбро ҳамчун ҳизбӣ террористӣ эътироф карда, аъмоли онро маҳкум менамоянд. Гарчанде то ҳол аъзоёни фирории ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои экстремистии худ нисбати миллату давлати тоҷикон сангандозӣ менамоянд, вале яқин аст, ки дигар ба ҳарфи ин тeдаи хоину ватанфурeш касе гeш намедихад.
Зимнан, худи ташкил ва таъсис додани ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон заминаи иҷтимоӣ надошт. Онро мисли дигар ҳаракатҳои сиёсӣ ба таври сунъӣ аз хориҷ ворид намуданд. Аслан ин ҳизб дар қаламрави Русия созмон ёфта, бо мавҷи бозсозию ислоҳотгароӣ ва ба ном демократиясозии Горбачевӣ ба кишвари мо омаду дар як дам ҷавонони роҳгумзадаро ба худ ҷалб намуд. Мардум дар оғоз намедонист, ки мақсаду ниятҳои ин ҳизб чӣ хохад буд. Гумон мекарданд, ки акнун маҳз тавассути он фаризаҳои диниашонро иҷро мекунанд ва бо ин васила дини мубини исломро интишор медиҳанд.
Аммо дар асл ҳадафхо дигар буд. Ғайри ин ҳизб ҳам одамон бидуни монеа мусулмониашонро иҷро мекарданд. Магар бо ҲНИТ мардум фаризаҳои динӣ ва эътиқодоташонро бештар анҷом медиҳанд? Мусаллам аст, ки мардум оқибати сиёсӣ кардани дини исломро фаҳмид ва аксарияти кулли онҳо худро аз ҳизбгароӣ дур андохтанд.
Дар ҳамин замина одамон бо такя ба талаботи Конститутсияи ҷумҳурӣ барои бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҷаҳду талош карда истодаанд. Дар тамоми кишварҳое, ки ба ислом либоси сиёсӣ мепӯшонанд, мебинем, ки дар он ҷо ҷанг асту хунрезӣ ва сӯхтору фирору муҳоҷират. Аз давлати ба ном исломии Шому Ирок, то ҳаракати толибону салафия ва таблиғу байату наҳзатҳои дигари исломӣ мехоҳанд, ки исломро роиҷ гардонанд. Лекин андешаи онро надоранд, ки барои ривоҷи ислом дар айни замон чӣ монеае дар миён аст.
Дар Тоҷикистон шумораи масҷидҳо ба маротиб зиёд шуда истодааст, солона ҳазорҳо нафар фаризаи ҳаҷро баҷо меоранд, барои намоз хондан касеро таъқибу маҳдуд намекунанд. Фақат як талаботро бояд муроот намоем, ки аз доираи қонунҳо ва муқаррарот набароем. Зеро, ки асли давлати мо иҷтимоӣ ва дунявӣ мебошад. Барои ҳамин ҳам қонун аз шаҳрвандон талаб мекунад, ки дар масъалаи дину диёнат зиёдаравӣ накунем. Нисбати миллату ҳукумату давлати худамон хиёнатеро раво набинем. Аз рангорангии арзишҳои миллӣ ва тобишҳо зебои фарҳанги бою ғаниамон нашъа барем. Чунки ҳеҷ оғӯше мисли оғӯши Ватани худамон гарму гуворо нахоҳад буд.
Мо, тоҷикистониён, дар пешгирии ин ҳама хатарҳои замони муосир чӣ иқдом карда метавонем? Албатта, мақомоти қудратӣ ва ҳифзи тартибот вазифаи худро иҷро мекунанд. Аҳли ҷомеа ҳам дар ин самт дар канор буда наметавонад. Падару модарон, муассисаҳои таълимӣ, уламои дин ва дигар ниҳодҳои давлатӣ барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб мусоидат карда метавонанд.
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон роҳи худро дар мавриди бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намудааст. Аз ин рӯ, давлат ва Ҳукумати мамлакат намегузоранд, ки гурӯҳҳои таҳрибкор бо истифода аз арзишҳои динӣ ва расидан ба мақсадҳои носолими худ ба рӯзгори осоиштаи мардум халал ворид созанд.
М.Оқилова – профессори кафедраи
умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ







