ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ҚАБУЛ БА АСПИРАНТУРА
2017-09-15

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН FАФУРОВ ҚАБУЛИ АСПИРАНТОНРО БАРОИ СОЛИ ХОНИШИ 2017- 2018 (ба тарзи таҳсили рўзона ва ғоибона, гурўҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ)
АЗ РЎИ ИХТИСОСҲОИ ЗЕРИН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
 
№ Рамзи ихтисос Номгўи ихтисос
 
1. 01.01.01 - Таҳлили математикӣ
2. 01.01.02 - Муодилаҳои дифференсиалӣ
3. 01.04.07 - Физикаи ҷисмҳои сахт
4. 02.00.03 - Химияи органикӣ
5. 03.00.05 - Ботаника
6. 07.00.02 - Таърихи Ватан
7. 08.00.01- Назарияи иқтисодӣ 
8. 08.00.05 - Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ  
9. 08.00.13 - Методҳои математикӣ ва инструменталӣ дар иқтисодиёт
10. 10.01.03 - Адабиёти халқҳои кишварҳои хориҷӣ 
11. 10.02.20 - Забоншиносии муқоисавӣ, таърихӣ ва типологӣ  
12. 13.00.01- Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот 
13. 13.00.02 - Назария ва методикаи таълим ва тарбия ( аз рўи ихтисосҳо)  
 
Шартҳои қабул ба аспирантура
 
Ба тарзи таҳсили рўзонаи аспирантура шахсони то синни 35 –сола, ба тарзи таҳсили ғоибона то синни 45 – солаи маълумоти  олидор аз ҳисоби мутахассисони мактабҳои олӣ, ки таҷрибаи кории на камтар аз 2 сол доранд, қабул карда мешаванд. 
Барои қабул шудан ба аспирантура ҳуҷҷатҳои зерин лозиманд: ариза ба номи ректори донишгоҳ бо нишондоди ихтисоси интихобнамуда ва тарзи  таҳсил (рўзона ва ғоибона); як нусха варақаи шахсии ба қайдгирии кадрҳо; тарҷумаи ҳол; рўйхати мақолаҳои  нашршуда (шахсоне, ки корҳои чопшуда  надоранд, аз рўи ихтисосҳои интихобкардаашон реферат дар саҳми 30 саҳифаи чопӣ пешниҳод менамоянд), шахсоне, ки бевосита пас аз хатми мактаби олӣ аз ҷониби Шўроҳои илмии мактабҳои олӣ (факултет) ба аспирантура тавсия гардидаанд, нусха аз суратҷаласаи шўрои илмиро пешниҳод менамоянд; нусхаи диплом аз хусуси хатми мактаби олӣ ва нусхаи замимаи он; 6 дона расми андозаи 3х4; дафтарчаи меҳнатӣ; шаҳодатнома оид ба супоридани имтиҳонҳои минимуми номзадӣ (дар мавриди вуҷуд доштан); тавсиянома; тасдиқномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ,  розигии хаттии роҳбари илмӣ.
Ҳуҷчатҳо аз 1 октябр то 20 октябри соли 2017 қабул карда мешаванд.  Дохилшавандагон аз ихтисос, фалсафа ва яке аз забонҳои хориҷӣ  имтиҳоноти дохилшавӣ месупоранд  Шахсоне, ки пурра ё қисман имтиҳоноти номзадиро супоридаанд, дар сурате, ки  аз рўзи супоридани имтиҳоноти номзадиашон  5 сол нагузашта бошад, аз имтиҳонҳои дохилшавӣ озод мешаванд. 
Имтиҳони қабул аз 1 ноябри соли 2017 оғоз меёбад. Маълумотҳоро метавонед тавассути телефонҳои  6-37-26, 92-764-90-93 дастрас намоед. 
                      
 
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:1059 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар