Бахшида ба Соли ҷавонон ва 85-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров дар бинои таълимии №3 маҳфили илмию амалии навбатии кафедраи умумидонишгоҳии «Информатика», таҳти унвони «Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ”доир гардид.
Ба маҳфили илмӣ-амалӣ мудири кафедраи мазкур дотсент Ҳусейнбой Аҳмедов оғоз бахшида, аз мақсади ташкил кардани ин маҳфил ва ҳадафҳои асосии он ҳарф зад. Номбурда дар баромади хеш зикр кард, ки иштирокчиёни навбатии ин маҳфили номбурда донишҷўёни соли аввали факултети филологияи рус мебошанд.
Озмуни мазкур аз рўи 3 шарт «Саволу ҷавоб тариқи шифоҳӣ», «Кор бо тахтаи электронӣ» ва «Ворид намудани матн ба компютер» ба роҳ монда шуд, ки донишҷўён бо лаёқати баланд иҷро намуданд.
Дар ин маҳфили илмию амалӣ барои шаффоф гузаштани он аз тарафи устодони кафедра ҳайати ҳакамон иборат аз се нафар муайян карда шуданд, ки онҳо баъди иҷрои ҳар бахш баҳогузорӣ менамуданд.
Сазовори ҷойи якум донишҷўйи соли аввали факултети филологияи рус Маматхонова Дилноза Толибовна, ҷойи дуюм Қаюмова Манзура Давроновна ва ниҳоят зинаи сеюм насиби Юлдошева Насиба Маруфҷонова гардид.
Устод Ҳусейнбой Аҳмедов барои ғолибони маҳфил аз номи ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷўразода ифтихорнома ва дигар тўҳфаҳои хотиравиро супорид ва аз ҷумла қайд кард, ки ин гуна маҳфилҳо бо донишҷўёни соли аввали дигар факултетҳо низ, барои шавқу рағбати донишҷўёнро нисбат ба омўзиши фанни информатика бедор намудан гузаронида мешаванд.
Ба дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии информатика Юсупова Фирӯза Алиевна, барои ғолибияти шогирди хеш дар зинаи аввал ифтихорнома низ супорида шуд.
Иштирокчиён ба омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии информатика барои ташкил кардани чунин маҳфили илмию амалӣ , ки бо дастгирии ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода гузаронида ва қадрдонӣ карда шуд, изҳори ташаккур намуданд.
Дар интиҳои озмун барои иштироки фаъолонаи донишҷўён мудири кафедра Ҳусейнбой Аҳмедов изҳори миннатдорӣ намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







