Дирӯз дар факултети таҳсилоти ғоибонаи донишгоҳ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба 25 - солагиии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчам баргузор гардид. Конфронсро мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ Ф. Қаюмова ҳусни ифтитоҳ бахшида ҳозиринро ба муносибати идҳои сиёсии моҳи ноябр табрик намуд ва бо барномаи конфронс аҳли нишастро ошно намуд.
Сухани аввал ба декани факултет профессор А. Пӯлотов дода шуд. Ӯ зимни суханронии худ дар мавриди зарурати Иҷлосияи ХVI ва манфиатҳои он ба ҳаёти мардум, заҳматҳо ва талошҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбат намуда, муносибати худро ҳамчун сиёсатшинос ба тамоми тағйироту инкишофи давлати Тоҷикистон дар даврони истиқлолият изҳор намуд.
Сипас сухани навбатӣ ба яке аз иштирокчиёни Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, депутати ва узви Шӯрои Олӣ (1990-1995), журналист ва нависанда Абдурасул Ҳабибов дода шуд. Маърӯзаи Ҳабибов “Аҳамияти таърихӣ ва сиёсии Иҷлосияи ХVI” унвон дошта, гузоришгар дар бораи рӯзҳои даҳшатноки он солҳо ва ҷасорату ҷавонмардии Эмомалӣ Раҳмон, ки бевосита ӯ ба чашми худ дидааст, муфассал сӯҳбат кард. Факту рақамҳои мушаххас дар мавриди зарарҳои моддии ҷанги шаҳрвандон ва зарарҳои маънавии он ихтилофҳо бо дилсӯзӣ гуфтугузор кард. Донишҷӯён бо завқу шавқи баланд Ҳабибовро гӯш карданд ва ба саволҳои худ ҷавобҳои зарурӣ пайдо намуданд.
Баъдан омӯзгори фанни ҳуқуқи кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ Мирзоев Маҳмудхон дар бораи мақому манзалати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон, пешниҳодоти аз ҷониби давлатҳои дунё қабулгардидаи эшон, ҷаҳду кӯшишҳои Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешравии моддиву маънавии мардуми Тоҷикистон ва чандмасъалаҳои дигар суханронӣ кард.
Гузориши навбатӣ аз ҷониби донишҷӯи курси сеюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик Муслимахон Баротова буда, ӯ дар бораи парчами давлатӣ ва таърихи пайдоиши он маърӯза кард ва идомаи ин маърӯза донишҷӯён Ш.Саломова ва Д. Қамбарова Шеърҳои дар васфи парчам ва Ватан хонданд.
Дар ҷамъомад донишҷӯён Г. Абдуллоева, С. Салойдинхонова Г. Шарипова, С. Ғаффоров, Ф. Гадойбоев, З. Суюнова, аз гуфтор ва андешаҳои Пешвои миллат, Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон қироат намуданд.
Конфронси илмӣ-амалии мазкурро суруди хори “Пешвои миллат”, ки аз ҷониби З. Холмуротова ва гуруҳи донишҷӯёни курси сеюм омода гардида буд, ҳусни хотима бахшид.
Декани факултет конфронсро ҷамъбаст намуда ба ҳамаи гузоришгарон ва иштирокдорон сипосгузории худро баён намуд. Ва якчанд китобҳо ба А. Ҳабибов, ки меҳмони факултет буд ҳадя намуд. А. Ҳабибов низ аз китобҳои эҷоднамудаи худ ба китобхонаи факултет тақдим кард. Дар маҷмӯъ, ин конфронс хеле хубу хотирмон гузашт ва умед дорем, самараи хуб ҳам хоҳад дод.
Маркази иттилоот ва таҳлил







