Имрӯзҳо ҳамоишҳое, ки бо иштироки ҲНИТ дар кишварҳои аврупоӣ баргузор мегарданд, изҳороти роҳбарони фирории ҲНИТ ва ҳаводорони он дар баъзе кишварҳо ва созмонҳои байналхалқӣ, гузоришҳои бархе аз рӯзноманигорон, ки воқеиятро ғайриобъек-тивона рӯи қалам меоранд, мардуми сулҳҷӯву озодихоҳ, бонангу номус, Ватандӯсту хештаншиноси Ҷумҳуриро ором гузошта наметавонад.
Роҳбарон ва аъзоёни ҲНИТ фаъолияти ғаразнок, зишт, амалҳои ғояҳои ғайриинсонӣ, террористиву ифротгароии худро зери лиқоби дини мубини ислом рӯйпӯш намуда, бо дастгирии моддиву маънавии хоҷагони хориҷии худ ба ҳадафҳои нопоки худ – бо роҳи табаддулот, зӯроварӣ, бо истифодаи яроқ ва куштору хунрезӣ ғасби давлати қонунӣ расиданӣ буданд. Аммо Ислом динест, ки ҷавҳари онро ахлоқу маданияти покиза ташкил медиҳад. Таълимоте, ки дар Қуръону ҳадисҳои Муҳаммад пайғамбар (с) дида мешавад, инсонҳоро ба роҳи рост ва некиву накўкорӣ, ободкориву созандагӣ, илмомӯзӣ ҳидоят менамояд. Бинобар ин, ислом ба мавҷуд будани ҳизби сиёсӣ ниёз надорад.
Дастовардҳо, музаффариятҳое, ки имруз Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба даст овардааст, бадхоҳони миллатро ором гузошта наметавонад. Дар сатҳи хеле баланд ва бо шукӯҳи шаҳомати бепоён таҷлил гардидани 25-солагии Иҷлосияи тақдирсози VI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзҳои Президент ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он далолат медиҳад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар роҳи интихобкардаи худ чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявиву иҷтимоӣ устувор қарор дорад, музаффариятҳои бадастовардаи худро ҳифз карда метавонад ва ягон қуввае вуҷуд надорад, ки онро аз ин роҳ дур созад. Бадхоҳони миллат бо ҳар роҳ мехоҳанд, ки оромии кишвар, сулҳу суботи мардумро халалдор созанд ва мамлакатро аз нав ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашанд. Аммо онҳо ҳеҷ гоҳ ба ин ниятҳои нопоки худ расида наметавонанд. Фаромӯш насозанд, ки Тоҷикистон имруз дар мақоми яке аз давлатҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода қарор дорад ва фарзандони баору номусаш Модар-Ватани хешро аз нохалафон ҳифз карда метавонанд.
ҲНИТ ҳизбе мебошад, ки аз рӯзҳои авали ташкилёбиаш роҳи террористию ифротгароиро пеш гирифта, боиси қурбонии шахсони бузург, олимони шинохта гаштааст. Ба ҷои он ки ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонгароӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ тарбия намояд, баъзе аз ҷавонони камтаҷрибаро гумроҳ намуда, гирди худ ҷамъ оварда, онҳоро фирефта карда, ба гурӯҳҳои ҷангҷӯи экстремистӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамроҳ ва ба ғасби давлат ва шохаҳои он тарғиб мекунанд. Бармеояд, ки мақсади ҳизби наҳзати ислом - ин на соҳиби дониш шудани ҷавонон, балки зери фанатизми динӣ гирифтор кардани ҷавонон мебошад.
Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ (30.08.2017 08:49, шаҳри Душанбе) иброз доштанд, ки “Таҳдиди зуҳуроти харобиовари ифротгароӣ ва созмонҳои террористӣ, ки аксари онҳо фаъолияти худро бо номи ислом анҷом медиҳанд, имрӯз аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти ҷаҳонӣ касб кардааст.
Роҳу усулҳои пешгирӣ намудани ҷалби ҷавонони кишварҳои гуногун ба ин гуна созмонҳои экстремистиву террористӣ имрӯз дар маркази диққати сиёсатшиносону сиёсатмадорони ҷаҳон қарор гирифтааст.
Ба назари мо, сабаби асосии фирефтаи таблиғгарони ташкилоту созмонҳои экстремистиву террористӣ гардидани ҷавонон, пеш аз ҳама, сатҳи пасти донишу маърифат, ҷаҳонбинии маҳдуд, инчунин, аз назорат дур мондани онҳо мебошад.
Ҷой доштани чунин зуҳуроти нангин моро водор месозад, ки ба масъалаи тарбияи ҷавонон боз ҳам бештар диққат дода, пеши роҳи гароиши онҳоро ба ҳар гуна ҳаракату созмонҳои тундраву террористӣ гирем, зеро чунин афрод ба шаъну шарафи миллати тамаддунсози мо ва давлати тоҷикон иснод меоранд”.
Ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми садаи ХХ ва ҳодисаи 21-уми сентябри соли 2015 рухдода барои халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли он дарси ҳаётӣ буд ва он ҳизбе, ки муқобили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, мувофиқи қонун аз ҳуқуқи фаъолият бурдан бояд маҳрум гардад.
Вазъи имрузаи ҷаҳонӣ ҷавонони баору номуси факултетро ба изтироб овардааст ва ҳаргиз онҳоро аз роҳи таъмин ва ҳифзи волоияти қонун, арҷ гузоштан ба арзишҳои неки умумибашарӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ, ҳисси ифтихор аз Ватану ватандорӣ берун карда наметавонад ва онҳо ин амалҳои зишти ҲНИТ-ро қотеъона маҳкум мекунанд. Хусусан имрӯз, ки миқдори ташкилоту ҷамъиятҳои тафриқаангез зиёд шудааст, устодону кормандони факултетро ҳушдор медиҳад, ки ин қувваи бузургу тавоноро рӯи кор оранд, саъю кӯшиши хешро дучанд ҷоннок намуда, баҳри пойдории сулҳу амнияти кишвар мубориза баранд. Бо ҷавонон пайваста корҳои тарғиботӣ бурда, онҳоро дар руҳияи ватанпарастию сулҳофарӣ тарбият намоянд.
Аҳли ҷомеаъи факултети физикаю техника ва кулли муҳассилини ин даргоҳи муқаддас амалҳои ғайриқонунӣ, даъвоҳои роҳбарони фирории ҲНИТ ва ҳаводорони онро дар баъзе кишварҳо ва созмонҳои байналхалқӣ беасос ва бедалел ҳисобида, ҷавобан ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҶТ, сиёсати сулҳовару инсондӯстона, маорифпарваронаву хирадмандона, созандаву бунёдкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пештара дида бештар аҳлу тифоқ, муттаҳид гардида, барои гулгулшукуфоии Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Назаров Р.Р.- декани факултети
физикаю техника







