Дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд чорабинии сиёсию фарҳангӣ ва варзишии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров зери шиори «Парчами парафшони Тоҷикистон» бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор бо иштироки устодону донишҷӯёни 15 факултетҳо ва олимону кормндони раёсати донишгоҳ бргузор гардид. Чорабиниро ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оғоз намуда зикр намуд, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, хоса, ҷавонону наврасон дар ин давру замон хушбахту хуштолеъ ҳастанд. Зеро чӣ дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳсил, истироҳат, кору фаъолият, зиндагӣ ва чӣ дар садову симо ҳама бо шукргузорӣ дар васфи истиқлолият, расидан ба ваҳдати комил ва рушди ҳамаҷонибаи он ҳарф мезананд. Ба Сарвари давлати худ ва рамзҳои давлатии худ эҳтироми хоса мегузоранд, бо тамоми бурду бохташ кишвари худро дўст медоранд ва марзу буми онро ҳифз менамоянд.
Натиҷаҳои ҷамъбасти Спартакиадаи варзишии вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ дар соли хониши 2016-2017 нишон медиҳад, ки дастаи варзишгарони донишгоҳ иборат аз 83 нафар аз рўи 7 намуди варзишӣ дар Спартакиадаи донишҷўёни вилояти Суғд иштирок намуда, байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо гирифтани 63 медалии тилло, 13 нуқра ва 7 биринҷӣ сазовори ҷойи аввал гардиданд. Дар натиҷаи ғолибият дар сатҳи вилоят 63 нафар донишҷўён ба Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ роҳҳат гирифта, аз рўи намудҳои гуногун иштирок ва бо гирифтани 22 медали тилло, 14 нуқра ва 11 биринҷӣ байни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ ҷойи дуюмро ноил шуданд. Спартакиадаи варзишии анъанавии ХХVII донишҷўёни имсола низ аз рўйи 12 намуди варзишӣ бо ҷалби беш аз 1500 нафар муҳассилини 15 факултетҳо идомаи мантиқии сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ва татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо варзишгарони кишвар мебошад
Дар идомаи суханронӣ ректори донишгоҳ ғолибони Спартакиадаи варзишии соли хониши 2016-2017-ро бо диплом ва Ҷоми Спартакиада қадршиносӣ намуд. Ҷои аввал насиби факултети тарбияи ҷисмонӣ гашт. Ҷойи дуюмро факултети филологияи тоҷик, ва ҷойи сеюмро ҷавонони факултети филологияи рус сазовор шуданд.
Сипас собиқадори соҳаи варзиш, Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Ҳофизов Шариф Мўминович суханронӣ намуда ифтихор аз он кард, ки донишҷӯёни донишгоҳ олимпиадаҳои ватаниу хориҷӣ борҳо парчамбардонри Тоҷикистони азиз буданд ва хоҳанд буд. Дар идомаи мантиқии суханони Ҳофизов Шариф Мӯъминович Умаров Усмон донишҷўи курси 4-уми факултети физикаю техника, ғолиби чандинкаратаи Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳорибаи тан ба тан баромад намуда аз ғамхориҳову дастгириҳои пайдарпайи Пешвои миллт ва ректори донишгоҳ изҳори сипосгузорӣ намуд.
Баъдан намоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ аз ҷониби донишҷўёни донишҷўёни донишгоҳ ва ансамбли “Навои ҷавонӣ” пешкаши ҳазирин гашт. Силсиланамоиши варзишии донишҷўён аз рўи намудҳои волейбол, баскетбол, футболи хурд, гўштини миллӣ, гимнастика ва бокс бонавбат дар алоҳидагӣ таҳти мусиқии варзишӣ намоиш дода шуд. Ҳамчунин зери мусиқӣ намоиши варзишии донишҷўёни гурўҳи дифои ҳарбӣ манзури ҳозирин гардид.
Дар идома барномаи фарҳангӣ аз ҷониби ситораҳои эстрадӣ пешкаши ҳозирин гардид.
Хотиррасон менамоем, ки ин спартакиадаи варзишии анъанавии ХХVII донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буд, ки бо фазои тантанаии идона бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







