ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ТАШРИФИ САРДОРИ ТАШКИЛОТИ ҲАМКОРИҲОИ РОССИЯ БА ДОНИШГОҲ
2017-12-01

Дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ректори донишгоҳ профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, сардори ташкилоти ҳамкориҳои Россия (россотрудничество) Вождаев Михаил Валеревия,  роҳбари намояндагии ташкилоти зикргардида дар шаҳри Хуҷанд Иванов Иван Сергейевич ва дигар меҳмонон аз Федератсияи Руссия  пазируфта, бо онҳо сӯҳбати судманд баргузор намуд.

Зимни мулоқот сарвари донишгоҳ қайд намуд, ки кушода шудани маркази илмӣ ва фарҳангии Руссия дар маркази вилояти Суғд яке аз иқдомҳои навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Руссия дар роҳи боз ҳам густариш додани  ҳамкориҳои илмӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвари ба ҳам дӯст ба шумор меравад. Сардори ташкилоти ҳамкориҳои Россия дар Точикистон М.В. Вождаев дар навбати худ оиди фаъолият ва имкониятҳои ташкилоти мазкур дар Тоҷикистон суханронӣ намуда, омодагии намояндагии тозабунёди ин ташкилот дар шаҳри Хуҷандро барои ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг изҳор намуд. Ректори донишгоҳ дар рафти сӯҳбат роҷеъ ба дастовардҳои солҳои истиқлолият ва махсусан оид ба тамоюли пешрафти омӯзиши забон ва адабиёти рус дар донишгоҳ фикру андешаҳои худро баён намуд. Ҳангоми мулоқот ҳамчунин масъалаҳои гуногуни барқарор ва густариши ҳамкориҳои донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Руссия ва ташкилотҳои илмии тадқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар хотима нишони эътимод ба рушди муносибтҳои ҳамкорӣ аз ҷониби ректори донишгоҳ Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло ба меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ бо тасвири расми қаҳрамони халқи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров эҳдо карда шуд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:551 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар