ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТИ ОН
2017-12-02

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки аз аҳзоби умдаи мухолиф ва танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар Осиёи Миёна маҳсуб мешавад, 26 октябри соли 1991 таъсис ва дар моҳи декабри ҳамон сол расман сабти ном шуд. Ҳарчанд гуфта мешавад 20 апрели соли 1973 Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадҷон Ғуфронов маъруф ба Қорӣ Муҳаммадҷон Неъматуллоҳ Эшонзода созмонеро поя гузоштанд, к ибо номи «Наҳзати ҷавонон» дар солҳои шӯравӣ ба таври пинҳонӣ фаъолият мекардааст. Баъди расмият гирифтан раҳбарии ин ҳизбро Муҳаммадшарафи Ҳимматзода, аз чеҳраҳои саршиноси сиёсӣ ва мазҳабии Тоҷикистон ба ӯҳда дошт. Ин ҳизб арзишҳо ва аҳдофи худро чунин тавсиф мекунанд: «Бо инояти Худованди мутаол, пайравӣ аз Паёмбари гиромӣ (с.а.в.) ва эътимод ба нерӯву хиради мардум ноил шудан ба бунди жомеаи пешрафта, озода ва босубот, расидан ба авлавияти қонун ва адолати иҷтимоӣ, мардумсолорӣ, шоистасолорӣ ва каромати инсонӣ бар асоси арзишҳои миллию мазҳабӣ ва умумибашарӣ». Дар даврони ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломӣ якжо бо ҳизби демократӣ ва созмони «Лаъли Бадахшон» алайҳи давлати вақти коммунистӣ сангар гирифта буд. Дар аввалҳои соли 1993 Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизбро манъ кард. Он замон пойгоҳҳои аслии ин ҳизб ва нерӯҳои дигари мухолиф дар Афғонистон воқеъ буд ва онҳо маъмулан дар минтақаи Рашт, дар шарқи Тожикистон, нерӯҳои давлатӣ даргир мешуданд.

Пас аз имзои мувофиқатномаи сулҳи Тоҷикистон дар моҳи июни соли 1997 шароит барои бозгашти аъзои ҲНИТ фароҳам шуд. Ва дар моҳи августи соли 1999 ин ҳизб дубора ба расмият дароварда шуд. Он замон Саид Абдуллоҳи Нурӣ роҳбари Иттиҳоди мухолифони давлати Тожикистон дар анжумани ҳизби наҳзати исломӣ ба раҳбарии ин ҳизб интихоб шуд. Мунтақидони Нурӣ ӯро бештар ба муомила бо давлат ва ҳимояи ошкор аз Эмомалӣ Раҳмон, ки муттаҳам мекарданд. Ба дунболи фавти Абдуллоҳи Нурӣ дар 9 августи соли 2006 раҳбарии ҲНИТ ба ӯҳдаи Муҳиддин Кабирӣ вогузор шуд.

Вале аз байн чанде гузашта додгоҳи олии ҶТ рӯзи 29-уми сентябр ҲНИТ – ягона ҳизби динӣ дар минтақаи Осиёи Миёнаро созмони террористӣ эълон намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард, инчунин нашри ҳафтаномаи «Наҷот» - органи чопии ташкилот ва саҳифаи интернетии он бо қарори додгоҳ қатъ карда шуд.

                           Кучкорова Мавлуда, сокини чамоати деҳоти  

                           Куруши нохияи Спитамен

 

 

Аз назар гузарониданд:479 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар