ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
МУҲИДДИН КАБИРИ ВА СИМОИ ЗОХИРИИ ОН
2017-12-02

Имрӯз симои манфури собик раиси хизби мамнуъи назхати исломи Тоҷикистон Мухиддин Кабири бори дигар ба тамоми чаҳониён маълум гардид. Баъди хамин кадар харобиҳову ба доми ҷанги бародаркуш кашидани мардуми бегуноҳ, ташкили майдони Шаҳидон, амалиётҳои аъзоёни ҳизбаш соли 2010 дар водии Рашт, соли 2012 дар шаҳри Хоруғ ва санаҳои моҳи сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе, боз наҳзатиҳо бо сарварии роҳбари хиёнаткору ватафуруши худ мехоҳанд муносибатҳои хасанаи давлати соҳибистиклоли моро бо дигар давлатҳо, махсусан  мамлакатхои дусту хамчавор ва исломи тезунунд намояд.

М. Кабири  бо истифода аз вазъи бамиёномада ва чихати пешгири намудан аз фош  шудани  амалҳояш хостааст, бо як давлати дусту бародор низ вориди гуфтугу шавад ва ба кавле аз болои  макомоти точик  шикоят барад. Маълум нест, ки  “шикоят ба кишвари дуст” чи натича додааст, аммо ин нукта мухим аст, ки раиси фирории ХНИТ берун аз марзи чумҳурии азизи мо хам кушиш кардааст, ки  муносибатхои Точикистонро бо кишвархои дигар ба бози гирад.

Харчанд аксари кулли мардуми Тоҷикистон ханафимазҳабанд ва тули ҳазорсолахо инчониб ба ин мазхаб пайванди ногусистани доранд, бо вучуди ин М. Кабири ва аъзои хизб мардумро ба суи шиагарои мекашанд. Пинҳону ошкоро бо дастгирии  хоҷагони хоричиашон мазҳаби бегонаро ба зиндагии динии мардум ворид кардани мешаванд. Инчунин собит шуда, ки масъулини ин хизб бо ихвонихо низ равобите доштаанд. Масалан, рохбари ХНИТ М. Кабири дар Миср бо намояндагони онхо вохурда, бахри амали намудани ниятхои нопоки худ маслихатхо гирифтааст.

Имруз ҳам аъзои ҲНИТ, гуруҳҳои тундгаро ва бахусус рохбару маблаггузори онхо М.Кабирии манфур аз ВАО истифода бурда, байни шахрвандони Точикистон фитнаю игво меандозанд, ба суботи чомеа ва ба зидди Хукумати конунии Чумхурии Точикистон ба шур меоваранд. Лекин чаноби Кабири М. ва хаммаслакону хоинони ватан фаромуш кардаанд, ки имруз халқи Тоҷикистон  дигар ба онҳо барин душманони миллат бовар намекунанд, ва аз рушду пешравихои Чумҳурии азизамон дар давоми 26 соли Истиклолият ризоманду дар атрофи Ҳукумати конунии Чумҳурии Тоҷикистон зери мукаддасоти давлат кору пайкор менамоянд.

 

 

Умурзок ДОНИЁРОВ, собикадори

 мехнат, шахраки Зафаробод

 

Аз назар гузарониданд:611 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар