Дар ҷомеъаи имрузаи чаҳони моро лозим аст, ки бо акидаи солим бо як мухаббати хоса ва меҳри беандоза ба фардои кишварамон бахри амали шудани сиёсати хирадмандонаи асосгузори сулҳу вахдати милли, Пешвои муаззами миллати тоҷик, Президенти кишвари маҳбубамон Эмомалии Раҳмон кор ва зиндагони намоем.
Ҳизби наҳзати исломи яке аз ҳизбҳои гавгоангез муддате дар Тоҷикистони биҳиштосоямон фаъолият намуда то андозае ба акидахои солими мардуми тоҷик халал ворид намуда буд. Дар байни мардум акидаҳои маънавиро эъчод намуда буд. Ба хамагон маълум аст, ки бахри нигоҳдории як порчаи Тоҷикистони биҳиштосоямон замоне буд, ки ин хизб ҲНИТ хамчун хизби сиёси фаъолият менамуд ва бо ибораи дигар ин таносуби сиёсат ба динро нишон медод. Таърих гувох аст, ки муносибати байнихамдигарии сиёсат ва дин дар як сатх карор надошта ва нахохад дошт. Онхо чун шаклхои шуури чамъияти тамоми тагйиротхои сифати инкишофи чомеъаро дар раванди таърих ифода менамоянд. Ба муносибатҳои байнҳамдигарии дин ва сиёсат раванду омилҳои гуногун таъсир мерасонанд. Аз ин ҷост, ки сатҳи ин муносибатҳо аз ҳолати инкишофи раванду ҳодисаҳо ва воқеоти чамъиятӣ вобастаанд. Макон ва замон дар муносибатҳои байниҳамдигарии дин ва сиёсат дигаргуниҳои куллиро ворид месозанд.
Дар яке аз бобхои Конститутсияи кишвар омадаст. ки ҳар як кас ҳақ, дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динерo пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳoи динӣ иштирок намояд.
Нақши дин ва иттиходияҳои диниро дар пешрафти ҷомеаи муосир ба назар гирифта, ҳокимияти сиёсии кишвар сиёсати самаранокро нисбати онҳо роҳандозӣ намуда буд. Дар мамлакат шароити мусоиди амал намудани иттиҳодияҳои динӣ ва воқеӣ гардонидани фаъолияти гуногунҷабҳаҳои динӣ муҳайё карда шуда буд ва имрузхо барои мардуми шарифи точик мухайё хаст. Ходимон ва иттиҳодияҳои динӣ метавонанд, ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти динӣ аз воситахои гуногуни коммуникатсионии давлатӣ ва ҷамъиятӣ истифода намоянд.
Дар мамлакат соли 1994 қонун «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» ва иловаҳо аз таърихи 12 - майи соли 2001 қабул гардидаанд. Он ҳамаи талаботҳои ҳуҷҷатҳои муҳимтарини сиёсӣ: «Эъломияи умумиҳуқуқии башар» - и СММ аз 10 декабри соли 1948; «Паймони байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» аз 16 – уми декабри соли 1966 ва ғайраҳоро оид ба озодии афкор, виҷдон, дин ва эътиқод ба инобат гирифтааст.
Бояд зикр намуд, ки конуни мазкур вобаста ба шароити мушаххаси Тоҷикистон имкониятҳои озодона ба амал баровардани озодии виҷдон, дин, эътиқодро асоси ҳуқуқӣ мебахшад. Муносибати байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, ҷамоатҳо ва мазҳабҳои диниро танзим менамояд. Пас саволе ба миён меояд, ки дар чунин шароит амал намудани ХНИТ ба ки лозим буд. Албатта ба гурухи инсонхое, ки барои пайрави намудан аз акидахои нопоки гарбиён ва шаркиёни ба мо дусту бародар!
Бори дигар зикр менамоем ва ё такрор хам шавад менависем, ки ба касе пинҳон нест, ки ба хотири таъмини сулҳу оромӣ ва якпорчагии кишвар яке аз шартҳои ба имзо расидани шартномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ин иҷозат ба фаъолияти расмии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар ҷодаи ҳаёти сиёсии кишвар маҳсуб меёфт. Аммо ин хизб акидаи нопок доштааст. Дар ягон Чумхурии собик чунин хизб ба кайд гирифта нашуда буд.
Имрўз, хангоме. ки мардум дар фазои сулху суббот, ободкориву созандаги, таъмини амнияти мардум хаёт ба сар мебаранд бояд акли солими худро кор бурда ба акидахои носолими чомеъаи гарб ва шарк бо акидахои миллии худ чавоб гардонад. Мурод аз сухани зикргашта дар он аст, ки дар Тоҷикистон мардумони пайравони дигар дину мазҳабҳо низ зиндагонӣ менамоянд.
Дар Тоҷикистон ҳизбҳои амалкунанда ҳар кадоме бо мақсаду мароми мушаххаси худ фаъолияти сиёсии худро пеш мебаранд. Дар ҷумҳурӣ ҳизбҳои соҳавӣ низ имруз амал менамоянд. Таъкид бар зикри онҳо лозим нест, аммо фаъолияти онхо дар он аст, ки имрўз метавон бо барномаи равшану возеҳ ҳар як ҳизб метавонад барои рушду нумўи кишвар камари ҳиммат бибанданд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон, ки қариб куллан мусалмон ҳастанд, метавонанд, фаъолияти сиёсии худро дар доираи иттиҳодияҳо ва созмонҳои зикргашта, бея гон гунна хизбхои хоинонаи ба мисли ХНИТ дошта роҳандозӣ намоянд.
Мардуми мамлакатҳои Ғарб фарҳанги дерини таҳаммулпазирии сиёсӣ доранд. Ҳарчанд таъсири идеологияи насрониву демократӣ бузург аст, он вобаста ба мавқеи шаҳрвандон тамоюли мазкур нисбати арзишҳои ахлоқӣ ва маданӣ равона буда, инкишофи сиёсӣ ва иҷтимоиро ба фаъолияти озоду баробарҳуқуқи шаҳрвандон пайваст менамояд ва дар чунин маврид рафтори худро дар заминаи қоидаҳои ахлоқӣ мураттаб менамояд. Асоси ғоявии идеологияи насрониву демократиро синтези «олами муҳаббат» ва «нексириштӣ нисбат ба давлат» ташкил менамояд. Аммо ин хизби нахзати исломии Точикистон ба мардумаш аз худаш танхо нахс ва хунрезихоро боки монд.
Дар вобастагӣ ба ин хусусияти муносибатҳои динӣ ба муносибатҳои сиёсӣ, равандҳо ва институтҳои сиёсии ҷомеа таъсир мерасонад. Ин муносибатҳо метавонанд, дар шаклҳои ҳамкорӣ, ҳамраъӣ ва амсоли инҳо амалӣ гарданд.
Дар олами муосир дин ва иттиҳодияҳои динӣ дар равандҳои сиёсӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ низ таъсири фаъол мерасонанд. Табиати динии кишварҳо метавонад муносибати байни давлатҳоро ба пояи нав барорад. Инро мо метавон дар мисоли фаъолияти пурсамари Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои муаззами миллати точик, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дид, ки мавсуф дар Маккаи Мукаррама ва чандин анҷуману конференсияҳои байналмиллалӣ аз номи дини мубини Ислом баромад намуда, онро ҳимоят намуданд, ки боиси масъулиятшиносии ҳарчи бештари ходимон ва масъулони дин гардидааст.
Иттиходияҳои динии кишвар бештар дар фикри манфиатҳои миллӣ бошанд, ки он дар ниҳояти кор воситаи муҳиме мегардад дар мустаҳкамшавии сиёсати кишвар. Имрўз масъулияти зиёд бар дўши ходимони дин вогузошта шудааст. Мавриди дидани аломатҳои ихтилофӣ бояд чораҷўӣ намоянд. Онхо дар эътиқод ва пайравӣ кардан ба Қуръон ва ҳадис ва мазҳаби Имоми Аъзам ба дигарон намунаи ибрат бошанд. Мусаллам аст, ки ихтилофоти ба вуҷудомада ва иллатҳои он мавриди омўзиш ва натиҷагирӣ қарор дорад. Зеро, аз асоси илми усул, таълимоти аҳкоми шариат ва илми фиқх дур будани ҷавонон ва ворид шудани китобҳои нав, ки бемазҳабӣ ё мазҳаби ғайриҳанафиро талқин мекунанд, боиси ба вуҷуд омадани ақидаҳои ботил мегагарданд. Ба хамагон маълум аст, ки имруз хар як имоми масчид музди мехнати худро мегирад. Ин нишон аз гамхорихои давлати имруза мебошад. Бояд муллохои мухтарами мо зиракии сиёсии худро аз даст надиханд. Нагузоранд, ки акидахои носолим миёни чомеъаи солим ворид гарданд. Ношукрии ин миллати куханбунёд нанамоянд. Мардумро дар рухияи махзаби Абуханифа тарбия намоянд.







