ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ПАРДА АЗ РӮИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ БАРДОШТА ШУД
2017-12-02

Солҳои вазнини пасошуравиро ба хотир оварда хеле ба диққат меоям. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар бархе аз мардуми ноогоҳ ба суханҳо ва ваъдаҳои пуч,  тарғиб ва ташвиқи душманони дохили ва хориҷӣ дода шуда, дар майдонҳои пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ҷамъ омада, гирдиҳамоиҳо ташкил намуданд. Оҳиста –оҳиста вазъ дар кишвар номуътадил гардида, ҷанги шаҳрвандӣ оташ гирифт. Бар асари ин гуна даргириҳо ҷумҳурии ҷавону тозаистиқлоли мо ба вазниниҳои иқтисодӣ ва вазъи номуътадили сиёсӣ ру ба ру гардид. Дар як муддати кутоҳ бар асари ҷангҳои бемаънӣ мардуми зиёд бе хонаву дар монда, роҳ ба суи давлати Афғонистонро ва дигар давлатҳои хориҷаро пеш гирифта, ғариб гаштанд. Ин ҳама манзараҳои даҳшатбори он рӯзҳоро  тариқи садову симо медидаму тариқи гуш мекардам. Ҳоло низ гоҳе дар пеши назарам он рузҳои даҳшатбори гуруснагиву ноумедии  баъди  солҳои навадум аксар вақт чун тасмаи кино ҷилвагар мегарданд. Он солҳо мо ҷавон будем ва чи рузҳои вазнине ба сарамон овард, ин нофаҳмиҳо. Рузҳои дароз паи гирифтани як бурда нон аз субҳ то шом дар назди мағозаҳои холӣ навбат мепоидем. Тую маъракаҳои мардум бо як азоб мегузашт. Дастурхони тую маъракаҳо баъди анҷом покиза холӣ мегашт. Аксаран пирону ҷавонон ба муҳоҷирати корӣ ба Руссия сафар менамуданд. Барои дарёфти  маблағ ба корҳои вазнин тоб меоварданд.

Хуб дар лавҳаи хотиротам нақш бастааст, ки дар тую маъракаҳо пайваста пирони деҳа дуо менамуданд, ки дар давлатамон тинҷиву осоиштагӣ ҳукмрон бошад. Дуои пирон мустаҷоб гардид ва фарзанди далери миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи тақдирсози миллат роҳбарии давлати моро ба зимма гирифта,  барои ба даст овардани тинҷиву ваҳдат ва сулҳу суббот дар кишвар, ҷон ба каф гирифта, мардуми гурезаро ба Ватан баргардонида, мамлакати моро дубора ободу зебо намуд.

Бо гузашти солҳо офтоби ҳақиқат нурҳои худро равшан намуда, тариқи васоити ахбори омма мардуми кишар огоҳ гаштанд, ки дар ин ҳама нобасомониҳо, гирдиҳамойиҳо, қатлу куштор, ғариб гардидани мардуми тоҷик ва куштори шахсони маъруфи кишвар дасти аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистӣ ҲНИТ будааст. Ин ташкилоти террористӣ бо ҳидоят ва сарпарстии хоҷагони хориҷии худ барои чор тангаи сиёҳ шуда, нақша доштанд, ки кишвари ҷавони моро ба гирдоби нестӣ оварда, порча-порча тақсим намоянд.

Солҳои дароз аз нафаси тозаи истиқлолият, сулҳу ваҳдат, тинҷиву амонӣ нафас гирифта, молу мулк ҷамъ карда, хонаву дари боҳашамат пушида, вале ношукрӣ карда, раиси ТЭТ ҲНИТ М, Кабирӣ бо ҳаммаслакони худ нақшаву ниятҳои нопокро амали карда меомад. Вале тираш хок хӯрд ва ба ниятҳои нопокаш нарасид. Мардуми шарифи Тоҷикистон саривақт огоҳ гаштанд, ки ин тоифаи зархарид ва беватан чи нақшаҳое дар сар доранд.  Хуб шуд, ки саривақт амалҳои ноҷавонмардонаи  ин морони зери остин ошкор гардид ва 29-уми сентябри соли 2015 бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти  Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қаламрави Тоҷикистон расман қатъ ва ҳизби мазкур ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шуд.

Тариқи газета ва гузоришҳои телевизионӣ огоҳ гаштам ва бо чашми сар дидам, ки дар давоми чанд соли охир  аз ҷониби аъзоёни ҲНИТ ҷиноятҳои вазнину махсусан вазнин содир  шудааст, ки аксарияти онҳо ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ ва даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ҳатто М.Кабирӣ бо маслиҳати пешакӣ бо дигар аъзои раёсати олии ҲНИТ ва собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода A. бо мақсади бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ва тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои ҷиноятиро созмон дода, мехостанд давлати моро ноором намоянд. Вале ин амали нопок ва хоинонаи онҳо бо зудӣ нест карда шуд. Ҳатто маълум гардид, ки аъзоёни ҲНИТ ба куштори даҳҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ, аз ҷумла равшанфикрон, олимон, шахсони барӯманди кишвар ва шоирону нависандагон даст доранд ва мехостанд бо ин васила ба дили мардуми кишвар тарсу ҳаросро ҷой диҳанд.

Сад шукр, ки «чоҳканон зери чоҳ» гардиданд ва  имруз мо дар давлати тинҷу ором ва пешрафтаву зебо зиндагӣ дорем. Бо шарофат ва ҷонбозиҳои қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳарии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руз аз руз дар ҳама минтақаҳои кишварамон корхонаҳои нав ба нав сохта ба истифода дода мешаванд, ки дар он мардуми маҳал бо ҷои кори доимӣ таъмин гардида, рузгори худро пеш мебаранд.

Нерӯи барқ ҳамаҷо хонаҳои мардумро 24 соат равшанӣ медиҳад. Агар ба 10 соли гузашта пас гашта нигарем, дар ин муддати кутоҳ давлати мо хеле аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ободониву шаҳрсозӣ фарсахҳо пеш рафтааст. Имруз мардуми мо серу пур ва   тую маъракаи эшон дар сатҳи зарурӣ барпо мегарданд. Сарони давлатҳои абарқудрат ба мисоли Руссия, Чин, Ирон, Ҳиндустон ва дигар давлатҳои дусту ба мо ҳамсоя ба давлати мо ташриф оварда, пешравиҳо ва ободии кишварро дида ба ваҷд меоянд. Ин ҳама ободӣ, пешравӣ ва бунёди роҳу корхонаҳои истеҳсолӣ аз чашмаи  сулҳу ваҳдат ва якдигарфаҳмии мардуми фарҳангдусту ватандусти мо ҷуш мезананд. Ба қадри ин неъматҳои бузург бояд расид а ба , ки бо чи қадар талошу заҳматҳо ва азобу уқубат ба мо даст додаанд.

 

Сайидалӣ Раҳимшехов,

нафақахӯр,

сокини ноҳияи Спитамен

 

Аз назар гузарониданд:476 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар